Фалсафаи ахлоқ – (5)

Фалсафаи ахлоқ
Бахши панҷум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Дуои “Макорими ахлоқ”
Саҳифаи Саҷҷодия дуоҳои бисёр мӯътабаре аст — ҳам аз назари санад ва ҳам аз назари мазмун — аз Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн — Саломуллоҳи алайҳи! — ки уламои шиъа аз садри ислом ба ин китоб таваҷҷӯҳ кардаанд ва баъд аз Қуръон танҳо маҷмӯае аст, ки аз охирҳои қарни аввал ва аввалҳои қарни дуввуми ҳиҷрӣ ба сурати як китоб дар даст будааст. “Наҳҷул-балоға” ҳам китоб аст, вале “Наҳҷул-балоға” хутбаҳо ва номаҳо ва калимоти қисори Алӣ алайҳис салом аст, ки дар миёни мардум мутафарриқ буд, Сайиди Разӣ дар қарни чаҳорум инҳоро ҷамъ кард ва ба сурати як китоб даровард. “Усули кофӣ” дар қарни чаҳорум ба сурати як китоб ҷамъоварӣ шуда ва китобҳои дигаре қабл аз “Усули кофӣ” будааст; китобҳое мисли “Мусҳафи Фотима” ва “Китоби Алӣ” — ки гоҳе имомон аз он исм мебурданд — алъон дар дасти мо нест.
Бинобар ин, баъд аз Қуръон қадимтарин китоби шиъӣ, ки аз аввал ба сурати китоб ба вуҷуд омада ва алъон дар дасти мост, Саҳифаи Саҷҷодия аст, ки ҷаноби Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн вақте, ки дар ҷанг бо умавиён шаҳид шуд, ҳамин китоб ҳамроҳаш буд ва онро ба касе супурд ва аз он ду нусха буда, ки дар ибтидои саҳифа инро навиштаанд. Саҳифаи Саҷҷодия дуоҳои зиёде дорад. Ҳоло ман намехоҳам дар бораи арзиши Саҳифа сӯҳбат бикунам, ки аз баҳси худам дур бишавад. Яке аз дуоҳои Саҳифаи Саҷҷодия дуое аст ба номи “Дуои Макорими ахлоқ” яъне дуои ахлоқи макрумтӣ.
Қаблан ин ҳадисро хондам, ки Пайғамбари Акрам — ба таъбире, ки аҳли тасаннун ривоят кардаанд — фармуд:
بُعِثْتُ لِأُتَمِّمَ مَکَارِمَ الْأَخْلَاقِ
— ва ба таъбире, ки шиъа ривоят кардаанд фармуд:
عَلَیْكُمْ بِمَکَارِمَ الْأَخْلَاقِ، فَإِنَّ رَبِّي بَعَثَني بِها
— ва гуфтем, шояд ҳар ду таъбир дар ду навбат аз забони Пайғамбари Акрам содир шуда бошад, вале мазмун ба ҳар ҳол яке аст.
Исми ин дуо дуои макорими ахлоқ аст, шояд ба ин иллат, ки як ҷумла аз он ин аст:
وَهَبْ لي مَعالِيَ الاْخْلاقِ
(“Ба ман ахлоқи баландмартибаро ато кун!”) Агар мо дар ин шабҳо фурсат пайдо бикунем, қисматҳое аз ин дуои шарифро барои шумо бихонем, бисёр муносиб аст, зеро барои муаррифии мактаби ахлоқии ислом яке аз беҳтарин намунаҳо дуои макорими ахлоқ аст. Ва аз ҷумлаи орзуҳое, ки ман солҳост дорам ин аст, ки як вақте тавфиқ пайдо бикунам ин дуоро ба форсӣ тарҷима ва махсусан шарҳ бикунам, фалсафаҳо ва нукотеро, ки дар ин дуои шариф ҳаст ташреҳ кунам ва дар ихтиёри форсизабонони худамон қарор бидиҳам. Ин ҷузъи орзуҳои ман аст. Умедворам Худои Мутаъол ин тавфиқро ба ман иноят кунад ва худи вуҷуди муқаддаси Алӣ ибни Ҳусайн — Саломуллоҳи алайҳи! — аз Худои Мутаъол бихоҳад, ки ин тавфиқ барои ман пайдо бишавад. Ҳоло ман қисмате аз ин дуоро мехонам барои ҳамин намунаҳо.
Ҳар кас, ки ин мазмунҳоро бишнавад ва инсонеро, ки орзуяш ин ҷур шудан аст — ва албатта ӯ ин ҷур ҳаст ва дорад ба ҳама ёд медиҳад, ки инсони ислом бояд ин ҷур бошад — дар назар бигирад, бо худ мегӯяд: чӣ гуна аст, ки ин корҳо ин қадр арзиш ва қимат пайдо мекунад?
Ин дуо ҳар қисматаш бо салавот шурӯъ мешавад. Ҳазрат як салавот бар пайғамбар ва оли пайғамбар мефиристад, баъд чанд ҷумла дуо мекунад, думартиба салавот мефиристад. Ва ҳол қисмате аз ин дуо, ба Худои худ арз мекунад:
اللّهُمَّ صَلِّ عَلی مُحَمَّدٍ وَآلِهِ وَسَدِّدْني لأِنْ أُعارِضَ مَنْ غَشَّني بِالنُّصْحِ
Парвардигоро! Дуруд бифирист бар паёмбар ва оли паёмбар ва ба ман тавфиқ бидеҳ, ки бо он касоне, ки бо ман дағалӣ мекунанд (ба зоҳир дӯстӣ мекунанд, вале дар ботин мехоҳанд ба ман бадӣ кунанд), бо хайрхоҳӣ муъориза кунам.
وَأَجْزِيَ مَنْ هَجَرَني بِالْبِرِّ
Он касоне, ки маро тарк ва раҳо кардаанд; дӯстоне, ки дигар ба суроғи ман намеоянд, ҷазои онҳоро кафи дасташон бигузорам. Чӣ гуна? Дар муқобили ин ки онҳо маро тарк карданд ва тарки эҳсон карданд, ман нисбат ба онҳо бирру эҳсон бикунам.
وَأُثیبَ مَنْ حَرَمَني بِالْبَذْلِ
Подош бидиҳам он ки маро маҳрум кардааст ба ин ки ба ӯ бибахшам.
وَأُكافِئَ مَنْ قَطَعَني بِالصِّلَةِ
Ва мукофот бидиҳам ҳар кас бо ман қатъи робита мекунад (арҳом ва дӯстоне, ки қатъи силаи раҳм ё қатъи силаи маваддат мекунанд) ба ин ки робитаро барқарор кунам. Онҳо мебуранд, ман пайванд кунам. Мукофоти ман ин бошад, ки онҳо ин робитаро мебуранд, ман дар муқобил васл кунам; онҳо фасл мекунанд, ман васл кунам.
وَأُخالِفَ مَنِ اغْتابَني اِلی حُسْنِ الذِّكْرِ
Мухолифат кунам бо он касоне, ки аз ман ғайбат мекунанд, пушти сари ман аз ман бадгӯӣ мекунанд ва мухолифатам бо ғайбаткунҳои худам ин бошад, ки пушти сари онҳо ҳамеша некии ононро бигӯям.
وَأَنْ أَشْكُرَ الْحَسَنَةَ وَأُغْضِيَ عَنِ السَّیِّئَةِ
Некиҳои мардумро сипосгузор бошам ва аз бадиҳои онҳо чашм бипӯшам.
Ин чӣ орзуе аст барои инсон? Ҳоло аъамм аз ин ки мо худамон аҳли ин орзуҳо бошем ё набошем, аҳли ин амалҳо бошем ё набошем, оё инҳо як умури қобили ситоиш дар ҳадди аъло ҳаст ё на? Оё ин умур арзиш дорад ё арзиш надорад? Гаронбаҳост ё гаронбаҳо нест? Арзишаш чӣ навъ арзише аст? Оё инсоне, ки ин гуна аст, дар назари мо як қаҳрамон ҳаст ё нест? Қаҳрамон аст. Ин қаҳрамонӣ яъне чӣ? Рози ин қаҳрамонӣ дар куҷост? Ин аст маънии суоле, ки пай дар пай тарҳ мекунем, то баъд ҷавобашро бидиҳем:
Рози ахлоқӣ будани ин корҳо, ин фикрҳо, ин ниятҳо, ин майлҳо, ин иродаҳо дар куҷост?
Сухани Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ
Таъбире дорад Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ки шояд аз худаш таъриф карда. Ба ҳар ҳол ӯ марди орифи ворастаае буда. Мегӯяд: “Бадиро бадӣ кардан сагсорӣ аст”. Як касе ба одам бадӣ мекунад. Инсон дар муқобили бадии ӯ бадӣ мекунад. Ин, саграфторӣ аст, чун агар саги саги дигареро газ бигирад, ӯ ҳам газаш мегирад. “Ва некиро некӣ кардан харкорӣ аст”. Як касе ба одам некӣ мекунад. Инсон дар муқобили некии ӯ некӣ мекунад. Ин ҳам кори муҳимме нест. Намедонам дидаед ё надидаед; ҳар кас мисли ман деҳотӣ бошад дида: як улоғ вақте, ки шонаи як улоғи дигарро мехоронад, ӯ ҳам фавран шонаи ӯро мехоронад. Агар дид, ӯ шонаи ӯро мехоронад, ки аз ин хорондан хушаш меояд, фавран шонаи рафиқашро мехоронад. “Бадиро некӣ кардан кори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ аст”. Ҳоло як чаҳорумӣ ҳам дорад: ва некиро бадӣ кардан, кори мо мардуми эронӣ аст!
Шеъре аст дар девони мансуб ба амирулмӯъминин, мефармояд:
وَذي سَفَهٍ یُواجِهُني بِجَهْلٍ
وَأَكْرَهُ أَنْ أَكونَ لَهُ مُجیبا
“Сафеҳ” на маънояш девона аст, балки яъне касе, ки рушди фикрӣ надорад. Дар ин шеър агар ба ҷойи сафеҳ касе бошад, ки рушди фикрӣ ва ҳадаф дошта бошад, кори ӯ ҷанбаи иҷтимоӣ пайдо мекунад ва дигар ҷойи гузашт нест.
وَإِذا خاطَبَهُمُ اَلْجاهِلُونَ قالُوا سَلاماً
(“Ва ҳар гоҳ, ки мардуми нодон ба онҳо хитоб кунанд, бо саломати нафс ва забони хуш ҷавоб диҳанд.” (Фурқон/63)) Амирулмӯъминин чунин сухане мехоҳад бифармояд.
وَذي سَفَهٍ یُواجِهُني بِجَهْلٍ
Басо ҳаст одамҳое, ки рушди фикрӣ надоранд бо рӯйи ҷаҳолат ва нодонии худашон бо ман рӯбарӯ мешаванд, аз ман бадгӯӣ мекунанд, ба ман фуҳш медиҳанд.
وَأَكْرَهُ أَنْ أَكونَ لَهُ مُجیبا
Ва ман кароҳат дорам аз ин ки посухи онҳоро бидиҳам.
یَزیدُ سَفاهَةً وَأَزیدُ حِلْما
كَعودٍ زادَ فِي الاْحْراقِ طیبا
Хеле иттифоқ меафтад, ки ӯ бар сафоҳат ва ҷаҳолат ва бадгӯии худаш меафзояд, ман бар ҳилми худам меафзоям. Масали ман масали он ъуде аст, ки дар оташ меандозанд; ҳар чи оташ бештар месӯзад, бештар бӯйи хушаш зоҳир мешавад.
Ғараз ин ки ҳилм низ як арзиши ахлоқӣ аст. Ин шеър дар “Мутаввал” аст:
وَلَقَدْ أَمُرُّ عَلَی اللَّئیمِ یَسُبُّني
فَمَضَیْتُ ثَمَّةَ قُلْتُ لا یَعْنیني
Ман бар баъзе ашхоси пасти нокас убур мекунам (мурур мекунам), ӯ фуҳш медиҳад, мегӯям, мақсуди ӯ ман набудам.
Бозорӣ ва Молики Аштар
Достони Молики Аштарро ҳама шунидаед. Ӯ, ки марде қавиандом ва қавиҳайкал буд, аз бозори Кӯфа мегузашт. Як баччаи бозорӣ онҷо нишаста буд. Ӯро намешинохт. Навиштаанд, як бундуқае — ки намедонам чӣ буда, масалан ошғоле — ро бардошт, парт кард ба сару сурати Молик. Молик эътиное накард ва рад шуд. Баъд аз ин ки рад шуд, шахсе ба он бозорӣ гуфт: оё шинохтӣ ин касе, ки ин ҷур ба ӯ иҳонат кардӣ, масхарааш кардӣ, ки буд? Гуфт: кӣ буд? Гуфт: Молики Аштар, амирулҷунд ва сипаҳсолори Алӣ ибни Абӯтолиб.
Баданаш ба ларза афтод. Гуфт: қабл аз ин ки дар бораи ман тасмиме бигирад, биравам аз ӯ маъзарат бихоҳам. Таъқибаш кард, дид, рафт дохили масҷид ва шурӯъ кард ба намоз хондан. Ду ракъат намоз хонд. Сабр кард, то намозашро салом дод. Баъд салом кард. (Ин бозорӣ) афтод ба илтимос, ки ман ҳамон одами беадаби бетарбияте ҳастам, ки ба шумо ҷасорат кардам, намешинохтам ва аз ин ҳарфҳо. Молик гуфт: ба Худо қасам, аслан ман намехостам ба масҷид биёям, ҷойи дигар мерафтам. Ба Худо қасам, ман ба масҷид наомадам ҷуз барои ин ки ду ракъат намоз бихонам ва баъд дар бораи ту дуо бикунам, ки Худо аз гуноҳи ту бигузарад ва туро ҳидоят кунад.
Ин кор исмаш чист? Як арзиши ахлоқии бисёр олӣ. Дар бораи имомони атҳор, мо аз ин ҷур қиссаҳо, ҳикоёт ва достонҳо ило мошоаллоҳ дорем.
Марди шомӣ ва Имом Ҳусайн
Достоне аст, ки ҳам ба Имом Ҳасан нисбат додаанд ва ҳам ба Имом Ҳусайн ва ин ривояте, ки нақл мекунам, дар бораи Имом Ҳусайн алайҳис салом аст. Марде ба номи Исом ибни Алмусталақ, аҳли Шом, омад дар масҷиди Мадина. Мардеро дид, бо ҳайбат ва ҷалол (1), назарашро ҷалб кард, гуфт: ин кист онҷо нишаста? Маълум мешавад шахсияте аст. Як касе гуфт:
Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (2). То шунид Ҳусайн писари Алӣ, гуфт: қурбатан илаллоҳ биравам чандто фуҳши обдор ба ӯ бигӯям. Омад ва рӯбарӯи ҳазрат истод ва бо камоли вақоҳат то метавонист ҳазрати Амир ва худ ҳазратро сабб кард ва фуҳш дод, ки: исломро шумо хароб кардед, шумо мардуме ҳастед мунофиқ ва аз ин ҳарфҳо. Имом нигоҳе ба ӯ кард. Дар чеҳрааш хонд, ки ӯ як марди иғфолшуда аст. Ҳамин ки ҳарфҳояш тамом шуд, фармуд:
أَمِنْ أَهْلِ الشّامِ أَنْتَ
Оё ту аҳли шоми? Гуфт: бале. Як ҷумла бештар нагуфт:
شِنْشِنَةٌ أَعْرِفُها مِنْ أَخْزَمٍ
(Мунтаҳал-омол, ҷ.1, с.209) (Масал аст.) Медонам, шомиҳо ин ҷур ҳастанд, бинобар ин шумо дар шаҳри мо ғариб ҳастӣ, меҳмони мо ҳастӣ, биё биравем манзил меҳмони мо бош, туро пазироӣ мекунем, агар озуқаат кам бошад, озуқа ба ту медиҳем ва… Худи ин мард мегӯяд, якмартиба ҳолате ба ман даст дод, дӯст доштам замин шикофта бишавад ба замин фурӯ биравам.
یَزیدُ سَفاهَةً وَأَزیدُ حِلْما
كَعودٍ زادَ فِي الاْحْراقِ طیبا
* * *
(1) Ин ки мегӯям, бо ҳайбат ва ҷалол, на ъалалқоида мегӯям, балки таърих ин ҷур мегӯяд. Дар замони Муовия шахсе мехост ба Шом биёяд. Муовия, ки мехост ба ӯ бигӯяд, агар дар Мадина Ҳусайн ибни Алиро дидӣ, бо ӯ чӣ ҷур бархӯрд дошта бош, гуфт: агар рафтӣ дар масҷиди пайғамбар, дидӣ марде дар ниҳояти ҷалолат ва уббуҳат нишаста ва ба фалон шакл ҳам нишаста, афроде даври ӯро гирифтаанд ва чунон ҳайбаташ онҳоро гирифтааст, ки маҳсусу мӯҳраз аст ва ин аломат ва ин аломат, ӯ Ҳусайн ибни Алӣ аст.
(2) Акнун 30 сол аст, ки Муовия дар Шом алайҳи Алӣ алайҳис салом таблиғ карда ва чӣ таблиғҳои дурӯғе! Яъне ба унвони бузургтарин душмани ислом, ки асосан мардуми Шом ба Алӣ ба сурати як одаме, ки бӯйе аз ислом набурдааст нигоҳ мекарданд.
Як вақте як шомӣ бо як кӯфӣ дар як қаҳвахонаи байни роҳ — ба истилоҳи имрӯз — сари як масъалаи намоз мубоҳиса мекарданд. Кӯфӣ хост бигӯяд, ки ҳарфи ман дуруст аст, гуфт: охир ман Алиро дидам ин ҷур намоз мехонд. Шомӣ гуфт: магар Алӣ намоз ҳам мехонд?! Ин бечораҳо, ин шомиҳо то ин ҳадд иғфол ва гумроҳшуда буданд.
* * *
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маъюсу ноумед мабош
Воҳидзода: Ваъдаҳои толибон дар бораи мубориза бо маводди мухаддир боварпазир нест

Матолиби пурбоздид