Фаромӯшшуда
Фирдавси Аъзам
Боди поизӣ зӯзае ваҳшиёна сар медиҳад ва бераҳмона баргҳои хушку зардро ба ҳар тараф ба арғушт мекашонад. Сояи каҷ ва хамидаи марде ором-ором аз миёни торикӣ намоён мешавад. Гӯӣ аз таҳи замин берун меояд. Бастаи сиёҳи дамкардаву сангинеро бо беҳавсалагӣ рӯям мепартояд ва сипас дастҳояшро ба ҳам мемолад. Пеш аз онки биравад, сақичи даҳонашро бо туф ҳаво медиҳад, ки рӯйи гардани шикастаам мечасбад. Сақич бӯи тунду нофорами сигор медиҳад. Дилам беҳузур мешавад. Ларзае дар тору пудам меуфтад. Буғзе гулӯямро мефишорад. Ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад ва дунё дар ҳолае аз сиёҳӣ фурӯ меравад. Бо шиддати партоб, таҳи бастаи дамкарда пора ва муҳтавиёти бо бӯи зананда ва ошуфтааш рӯйи ман ва атрофам мерезад.
Мисле ки меъдаи мард ғизои нимаҳазми худро боло оварда, рӯйи ман ва дунёи хокистариам рехта аст. Кош метавонистам заррае такони кӯчаке бихӯрам. Ҳоло дар миёни ботлоқе аз партовҳои бадбӯву нафратангез ғарқ шудаам. Чанд гурбаи пашмрехтаю устухонӣ аз ҷое пайдо мешаванд ва кисаҳои партовҳоро бо дандонҳояшон дарида ва шурӯъ мекунанд ба кофтуков. Думҳои кӯтоҳ ва касифашон ба сатҳи танам сойида мешавад. Баъзеҳояшон якчашмаанд ва қисми дигар дасту пояшон мелангад. Чашми чапи яке аз гурбаҳо комилан сафед аст. Мисле ки касе рангаш кардааст. Тамоми пайкарам пӯшида аз гарду ғубор ва торҳои бофанда ва моеъҳои часбнок аст. Пӯстҳои пӯсидаи муз ва гуҷафарангӣ, қуттиҳои печхӯрдаи нӯшокӣ, меваҳои нимахӯрда ва пасмондаҳои ғизо дар ҳар гӯшае пароканда шудаанд. Пойҳои замоне софу барроқу устуворам акнун ранграфта, шикаста ва пӯсидаанд. Пуштам мисли одамони солхӯрда хам ва либосҳои замоне нарму нозуки танам даридаву чиркинанд. Ҳоло шудаам паноҳгоҳи анкабутҳои покаҷ, пашшаҳои музоҳим ва гурбаҳои оворагард.
Замоне шӯри зиндагӣ дар рагҳоям медавид. Акнун ғубори фаромӯшӣ бар тору пудам нишаста ва он шӯру нишотро дар аъмоқи вуҷудам пинҳон кардааст. Намедонам чаро, аммо чеҳраи мард, даричае ба сӯи гузаштаи ҷодуиам гушуд. Рӯзе, ки барои аввалин бор тавассути як ҷодугар сохта шудам. Ӯ дар устохонаи бузургаш маро аз дили муҳкамтарин чӯби чинор берун кашид. Ба ман ҳаёт бахшид. Ӯ дар воқеъ ҷодугар буд. Албатта, намедонам ӯ буд, ки маро аз бағали модарам бо табари дасткутоҳи тез ҷудо кард ё касе дигар. Гоҳе дилам барои ламси дастони зарифу навозишҳои меҳрубонаш бетобӣ мекунад. Аммо чӣ мешавад кард? Қисматам чунин буда. Ҳанӯз ламси латифи ангуштонашро рӯйи қафасаи синаи маҷрӯҳам ҳис мекунам. Тору пудамро ӯ сиришт. Худои ман ӯст. Ҳамон касе, ки бо ишқу ҳавсала маро ранда кард, тарошид, ранг дод ва саранҷом офарид ва дар хонае ороставу тамиз гузошт то танҳоии мизу ҷевони ҳамҷинси худамро пур кунам. На, балки такягоҳ ва нишастгоҳи худи соҳибам бошам.
Оҳ, чӣ хотироти нобу дилангезе аз он рӯзгори содаву самимӣ дар зеҳнам нақш бастааст! Қалби тапандаи ҳуҷраи кӯчак ва дилгушои ӯ будам, пур аз шӯру нишоти зиндагӣ. Нуқтае, ки гармои хуршед ва латофати бофти қолии гулдорро дар худ ҷой дода буд. Ҷое, ки тасмимҳои муҳим гирифта мешуд ва ҳузури ман ба танҳоӣ боиси эҳтиром ва маъниву эътибор мегашт. Гуфтам тасмимҳои муҳим? Манзурам ин аст, ки ӯ рӯйи ман, пушти мизи хонааш менишаст ва ба танҳо духтараш-Моҳрӯ, меандешид. Моҳрӯ мехост донишҷӯ шавад ва муҳандисӣ бихонад, рӯъёе, ки дар тазоди комил бо боварҳову суннатҳои деринаи хонадонашон буд. Модараш бо падарбузургаш бо лаҳне қотеъ мегуфтанд: “Духтарро чӣ ба дарсу донишгоҳ?”
Ва ҳоло ман, дар ин гӯшаи дуруфтода достонҳоямро барои раҳгузарон бесадо замзама мекунам. Гӯӣ нағмае ғамангез дар тору пудам наҷво мешавад, нағмае, ки ҳикоят аз рӯзгорони пурфарозу нишеб дорад. Инҷо, дар ин инзивои бераҳм, касе барои шунидани нағмаҳову афсонаҳои ман вуҷуд надорад, ҷуз ҳамин гурбаҳо ва анкабутҳое, ки бетафовут ба торҳои танида ва хотироти фаромӯшшудаам, дар миёни ману дунёи хокистариам мечарханд. Шояд ҳама чиро дар мавриди сарнавишти ман медонанд ин роздорони хомӯш.
Яке аз гурбаҳои наҳифу ранҷур, бо чашмоне, ки инъикоси ғаму хастагӣ дар онҳо мавҷ мезанад, ба ман наздик мешавад ва фуки сарду харошидаи худро ба пойи шикастаам мемолад. Гӯӣ дар ҷустуҷӯи навозиш ва гармоест, ки замоне аз соҳибаш дарёфт мекарда, аммо акнун фақат хотирае аз он навозишҳо дар зеҳнаш боқӣ мондааст.
Бо лаҳне ларзон барои ӯ замзама мекунам: “Ман ҳам монанди ту, дар ин дунёи бераҳм танҳо ва раҳошудаам, гурбаҷон. Хотироти соҳибамон дар тору пуди вуҷудамон танида шуда, аммо гӯӣ бо гузари замон дар ҳоли маҳв шудан ҳастанд. Ту ҳам монанди ман, ҳатман таъми талхи танҳоиро мечашӣ, на? Туро ҳам аз худаш дур карда, ҳон?”. Гурба миюи пасту талхе мекунад ва сарашро миёни партовҳо фурӯ мебарад…
Бале, Моҳрӯ, на фақат дар дили хонавода, ки дар дили ман ҳам ҷойгоҳи хоссе дошт. Зарра-зарраи вуҷудаш бо тору пудам омехта шуда буд. Солҳо ӯро дар бағали кӯчаки худ ҷой дода ва шоҳиди тамоми фарозу нишебҳои зиндагиаш будам. Пас аз баҳсҳои бепоён ва тардидҳои фаровон, хонаводааш саранҷом розӣ шуданд, ки ӯро ба шаҳри Душанбе фиристанд.
***
Панҷ сол баъд, Моҳрӯ, ки ҳоло пухтатар ва ботаҷрибатар шуда буд, ба рустои Сабзкӯҳ бозгашт. Айнакӣ шуда буд. Намедонам ба хотири мушкили биноӣ буд ё барои зебоӣ. Бо ин ҳол, айнак ба чеҳраи ӯ зебоӣ ва ҳушу заковати фиребое мебахшид. Синнаш наздик ба 30 расида буд. Бо вуҷуди зебоӣ ва ҳуше, ки дошт, ҳич хостгоре дарашонро намезад. Шояд худаш намехост, шояд дилаш ба думболи чизи дигаре буд… Ман чӣ медонам. Аммо овозаҳое ба гӯшам мерасид, наҷвоҳое, ки аз нигоҳҳои сангину пичпичҳои занони ҳамсоя ҳикоят мекард. Онҳо Моҳрӯро ба хотири таҳсил дар шаҳри бузург «гунаҳкор» медонистанд, мисли ин ки донишу огоҳӣ гуноҳи нобахшуданӣ буд. Бархе бо лаҳне тамасхуромез мегуфтанд: “Духтари шаҳрнишину шаҳрхонда кай ба дарди зиндагӣ дар русто мехӯрад?!
Гӯӣ таҳсил дар шаҳр, ӯро аз ҳувияту асолаташ ҷудо карда буд.
Модари Моҳрӯ бо чеҳрае ғамгину оҳи амиқ мегуфт: “Духтарам дигар он духтари содаи пештара нест, афкораш дигар шуда ва…” падари Моҳрӯ, ки дар ин гуфтугӯҳо ширкат дошт, бо овози хашмгину қотеъ мегуфт: “Ҳич кас ҳақ надорад дар мавриди духтарам ин хел суҳбат кунад! Ӯ лаёқати беҳтаринҳоро дорад!”
Шабҳои бешумореро ба ёд меоварам, ки падараш пушти миз менишаст, хатҳои пешониаш дар ҳам гиреҳ мехурд ва то субҳ дар сукут машғули навиштану наққошӣ буд. Дуди ғафси сигор дар утоқ ҳалқа мезад ва бӯи он то аъмоқи вуҷудам нуфуз мекард, ки ҳанӯз ҳам аз зери пӯстам нарфта аст. Баъзе бӯйҳо ҳаргиз намераванд, бовар кунед. Сангинии ғаму андӯҳашро ҳис мекардам ва дар он сукути шабона, танҳо ҳамдамаш ман будам. Вазни сангинашро таҳаммул мекардам.
Дар инҷо қасд надорам паҳлӯҳои дигари достони зиндагиамро дар рестуронҳо, китобхонаҳо, арӯсиҳо, мактабҳо, додгоҳҳо, зиндонҳо ва дигар маконҳо бозгӯ кунам. На, ҳадафи ман фақат ва фақат суҳбат аз аввалин соҳибам аст, марде, ки розҳои ногуфтаи бисёре дар дили худ дорад.
Дар он шабҳои беситора танҳо ман будам, ки дарду ранҷи ӯро дарк мекардам. Сукути сангине дар утоқ ҳоким буд, сукуте, ки фақат бо хиш-хиши қалами ӯ ва нафасҳои амиқаш шикаста мешуд. Тамоми ғамҳо ва розҳои ногуфтаи ӯ дар он наққошиҳо ва навиштаҳо ҷон мегирифтанд ва ман, танҳо шоҳиди ин таҷаллии дарднок будам.
Аммо бо гузашти солҳо, варақ баргашт. Соҳибам дигар ниёзе ба ман надошт. Ман ба фаромӯшӣ сипурда шудам. На, ин фақат ман набудам, балки тамоми сандалиҳои мисли ман, ҷойи худро ба навъҳои ҷадидтар ва ба гуфтаи Моҳрӯ мудернтар дода буданд. Ин фикри духтару модар буд, онҳо бовар доштанд, ки сандалиҳои нав роҳаттар ва муносибтари замона ҳастанд. Ҷинс, тарҳ ва корбурдашон бо ман аз замин то осмон фарқ мекард.
Духтар бо лаҳне гиро мегуфт: “замони ин хел сандалиҳо дигар гузаштааст, бояд онҳоро дур резем.” Ман ва дигар асбобҳои қадимӣ дигар ҳич арзише надоштем, гӯӣ фақат музоҳим будем ва бояд ба зуболадони торих мепайвастем.
Дар он лаҳза, қалбам фурӯ рехт. Тамоми дунёи ман дар ҳоли фурӯпошӣ буд. Солҳо хотира, ишқ ва самимият дар он утоқ нуҳуфта буд, хотироте, ки бо ҳар тараку хароши рӯйи чӯби баданам ҳак шуда буд.
Наметавонистм бовар кунам, ки ба зудӣ барои ҳамеша ба таҳи чоҳи фаромӯшӣ супурда мешавам. Ҳич арзише надоштам? Буғзе гулӯямро фишурд ва ашк дар чашмонам ҳалқа зад, аммо касе садои хомӯши ҳиқ-ҳиқамро намешунид.
Бале, ман шоҳиди бесадои достонҳои бисёре будаам. Аз хонаҳои гуногун ва маконҳои рангоранг убур кардам ва тавассути афроди мухталифе мавриди истифода қарор гирифтам. Аз дастони нарму меҳрубоне, ки маро навозиш мекарданд то касоне, ки бо шитоб бар ман такя мезаданд ва гӯӣ тамоми ғаму андӯҳи худро ба ман мунтақил мекарданд. Аммо дар тамоми ин масир, ҳадафам собит монд: табдил шудан ба шоҳиди хомӯшу беминнат.
Ман шоҳиди рушду тағйири хонаводаҳо, мавқеъиятҳо ва тасмимҳо будам. Ишқу нафрат, шодиву ғам, маргу таваллуди зиёдеро дидаам, аммо дар гузари замон ва дар ин дунёи пур аз тағйиру рангии одамҳо якхел мондам. Тоблуи хомӯш аз зиндагӣ ва таҷрибиёти башарӣ.
Дар он лаҳза, ба хубӣ дарёфтам, ки фақат як сандалии одӣ нестам, балки ровии достонҳои ногуфтаи инсонҳо ҳастам. Рӯҳе дар колбади чӯб будам, ки бо ҳар бор нишастан, зарра-зарра вуҷуди инсонҳоро дар худ ҷазб мекардам. Гоҳе соҳибам аз берун, ки меомад, чеҳрааш барафрӯхта буд ва гӯӣ аз оташи дарунӣ месӯхт. Бо хашм, лагаде ба обдастаҳои ҳаёт мезад ва гулҳои лоларо зери по мефишурд, тори либосҳоро меканд. Вориди хона мешуд, чизе ба самтам партоб мекард. Борҳо шоҳиди муштҳои ӯ будам, ки рӯймоли сабзи ҳамсарашро ба замин меғалтонд. Талхтар аз ҳама, рӯзе буд, ки муште дар ҳаво раҳо кард ва бар рӯи девори канори падари пираш фуруд овард. Гӯӣ мехост хашми худро ба девор холӣ кунад. Оҳаки девор рехт ва радди сиёҳи дасташ бар он нақш баст. Ҳаргиз далели ин корро нафаҳмидам. Шояд аз сари мастӣ буд, шояд аз падари пираш безор шуда буд, ё шояд ранҷу инзиво дар вуҷудаш реша давонда буд. Намедонам. Инсонҳо чӣ қадр зуд иваз мешаванд.
Бале, ман рӯзҳои ба ин монанд сиёҳи зиёдеро дидаам. Пажвоки ҳамаи эҳсосоти башарӣ дар гӯши ман замзама мешавад. Агар ончиро, ки дар як баъд аз зуҳр, дар он гӯшаи синфхонаи мактаби рустои Сабзкӯҳ иттифоқ уфтод ё он ҳодисае, ки пушти дарҳои бастаи додгоҳи ноҳия рух дод ва…, бигӯям, шояд боваратон нашавад. Розҳои ногуфта дар дили ман маҳфуз мемонанд. Ман аниси хомӯше дар дунёи пурҷунбу ҷӯши одамҳо ҳастам, беҷон ба назар мерасам, аммо дунёе аз ҳақоиқи талху кӯбанда дар вуҷудам нуҳуфтааст.
***
Як рӯзи ҷумъа, дар ҳоле, ки ҳама зери сояи паҳну салқини ангури рӯйи кат нишаста буданд, соҳибам маро ҳам ба берун овард. Дар он лаҳза, духтараш бо шӯру ҳаяҷон аз дарвозаи бузурги чӯбӣ, ки ба ранги обии тира буд, дохил шуд. “Биёед, додо, ин барои шумо”, гуфт ва як кортуни бузургро, ки марде онро дудастӣ нигоҳ дошта буд, нишон дод.
Зеҳнам пур аз савол шуд. Чӣ чизе дохили ҷаъба аст? Телевизион? Яхдон? Ё чизи дигар? Соҳибам, ки то он замон ҳич кадом аз инҳоро надошт, бо лабханди зариф ва чашмоне, ки аз кунҷковӣ медурахшиданд, саросема хесту ба истиқболи ҳадя рафт. Ин канорагирии ӯ аз ман, нишонаи хубе набуд.
Вақте пӯшиши ҷаъбаро канор зад, дунё барои ман тор шуд. Як сандалӣ. Боваратон мешавад? Як сандалии ғӯлосо ва пур аз убуҳат. Ҳамнавъи худам, аммо ҳамҷинсам на. Дар ибтидо хурсанд шудам, ки ҳамсуҳбат ва ёре ёфтам, аммо ҷинсаш аз оҳан буд ва рангаш мисли мӯйҳои Моҳру хурмоӣ. Ваҷоҳати бошукӯҳу иқтидоргаре дошт. Чархҳои дурахшон ва барроқаш, ки бесадо бар рӯйи фарш дар ҳаракат буданд, ба ман нишон доданд, ки даврони наве оғоз шудааст. Баракси ман се пойи чархдор дошт ва каме болотар аз қисмати болои поя, як тугма ё чизе буд, ки вақте духтараш рӯйи он нишаста бо пояш ба нармӣ пахшаш мекард, қаддаш баландтар мешуд.
“Бо ин зерпоӣ, метавонед баландӣ ва пастияшро танзим кунед, додо”, мисли фурӯшандаҳои моҳир мефаҳмонд Моҳрӯ. “Ин болиштаки нарму чармиро мебинед? Махсуси пушти сар ва сутунмуҳра аст, ки дардро тамоман ба фаромӯшӣ мебарад. Ва агар ин тугмаи сабзро фишор диҳед, сандалӣ ҷояшро ба рахти хоб ҳам медиҳад, ки метавонед дароз кашеду баҳузур истироҳат кунед. Ин ду такягоҳҳоро мебинед? Барои оринҷҳоятон ҳастанд, додо. Ҳоло дигар гарданатон дард намекунад. Аммо муҳиммтар аз ҳама, нигоҳ кунед, бо ин сандалӣ метавонед сесаду шаст дараҷа ба ҳар тараф, ки хоҳед, бидуни ҳич маҳдудият ва душворие чархед. Ҳатто рӯйи фаршҳои хона ҳам роҳ меравад…”
Худоям ба сандалӣ нишаст ва анбӯҳе аз имконотро таҷриба кард. Ҳасодат дар зери пӯстам реша давонд. Гӯӣ ҷойгоҳамро ба рақиби қудратманд вогузор карда буданд. Ман, ки солҳо дар канораш будам, ғамхораш будам, розҳояшро дар дили худ доштам, бандаи фармонбардори ӯ будам, акнун ба ҳошия ронда шудам. Радди маърака ки мегӯянд, ҳамин аст.
Дунёи тозае ба рӯйи ӯ гушуда шуд. Дар он лаҳза, ҳис кардам, дигар на танҳо рақиб, балки ба тамом фаромӯшшудаам. Дар умрам чунин чизе надида будам. Ҳич кадом аз ин вижагиҳоро надоштам. Худро танҳо, зиёдӣ ва пири фартут эҳсос кардам.
Моҳрӯ гоҳе онро «рубот» ва «абарсандалӣ» меномид. Соҳибам гоҳе зерчашмӣ ба ман менигарист ва аммо бо эҳсоси ғурур бо он абарсандалии хонабарандоз меболид. Дигар чӣ биномамаш? Чизе, ки бо омаданаш фотиҳаи маро хонданд. То пеш аз омадани ӯ ҳама чӣ ором буд, зиндагии содае дошт соҳибам. Ҳамонҷо барои ҳазорумин бор эҳсос кардам, ки тамом; торихи масрафи ман ба поён расид. Он абарсандалӣ бо ҳайбати азимаш ҷоямро ба ҳамин осонӣ гирифт. Содагӣ кӯч кард.
Бале маро канор андохт, мисли як дастмолкоғазӣ, мисли тасвири қадимии ранграфта ва порашуда, ёдовари замони содагӣ ва самимият. Замоне, ки чизҳо барои мондагорӣ, бозофаринӣ ва чандбормасрафӣ сохта мешуданд, на барои дур андохтану сӯзондан. Ҳаргиз дар тасаввуроти чӯбии худ тасвири чунин рӯзеро, ки аз мероси арзишманд ба як чизи бекораю нокоромад таназзул пайдо кунам, намегунҷондам.
Агар худоям мехост, метавонист маро бозофаринӣ кунад. Ин қудратро комилан дар ихтиёр дошт. Масалан тикка-тиккаам карда, табдилам мекард ба як мизи кӯчаки чӯбӣ ё як лонаи паранда, ё чӣ медонам, шояд ҳатто як чӯби либосовез… Аммо нахост. Чун чизи тоза ҳамеша фиребанда ва зебо аст. Инсонҳо ба думболи навоварӣ ва тағйир ҳастанд, ва ба нудрат ба арзиши ашёъи қадимӣ ва хотироти нуҳуфта дар онҳо таваҷҷӯҳ мекунанд. Ва пас аз гузашти замоне, дар ҳасрати он чизи қадимии аздастрафта месӯзанд. Чӣ табиати аҷибу пуртаноқузе доранд одамҳо…
Акнун ман дар миёни партовҳо ҳастам. Чеҳраам аз он даврони тиллоӣ ва пурубуҳҳат ба ранги зарду ғуборолуд табдил шудааст. Дар ҳоле, ки инҷо танҳо ва фаромӯшшуда мондаам, азоби фиқдон ва андӯҳро дар тамоми вуҷудам ҳис мекунам. Офтоби ҳасуд низ охирин партавҳои заифашро аз рӯйи қоби замоне мағрур, пойдор ва дурахшонам мечинад ва ман ҷуз сояи тира ва зоҳири фарсудае аз худи собиқам намебинам. Дастоне, ки маро офариданд, ҳол дурам андохтаанд. Ин аст расми зиндагӣ, ин аст оини вафодорӣ!
Аммо то кунун хотироти зиндагиҳоеро, ки бахше аз он будаам, ҳифз кардаам. Ва то охирин нафас ба ёди онҳо хоҳам монд. Хотироти тамоми онҳоеро, ки рӯзгоре бар ман нишастанд ва достонҳое, ки бо ман ба иштирок гузоштанд, дар селулҳои чӯбини худ ҳак кардаам. Аммо вазнашон сангин аст. Бори андӯҳи хотироти инсонҳо, сангинтар аз он аст, ки як сандалии пир ва фарсуда битавонад таҳаммул кунад.
Шояд рӯзе, дар баргрезони дигар, дасте маро аз миёни ин дуррехтаниҳои бадбӯ бардораду ба хонае тоза бубарад, ҷое, ки дубора нақшамро иҷро кунам. Чӣ медонам…
Хоҳиш мекунам, маро фақат як тикка чӯби хушк набинед, беш аз он чизе, ки шумо медонед, дидаву таҷриба кардаам. Бо ин, ки хаставу пиру сарбазерам, аммо дар ҳар рагу паям, дар қабати ҳар харошам хазонае аз достонҳо ва хотирот аст; аз лаҳзаҳои содаи хушбахтии кӯдакона гирифта то саргузаштҳои печидаи бузургсолӣ. Инро ҳам бигӯям: афроди бешуморе барои нишастан рӯйи ман талош мекарданду мекунанд, вале ман ба касе ҳам вафо надоштаму надорам. Аммо оё ин ҳақиқат дорад?
Гурбаи якчашм пешам меояду бо забони часбнокаш рӯямро мелесад. Гурбаи чашмсафедро намебинам. Боди тирамоҳӣ ҳамчунон менолад. Пурсише зеҳнамро мехарошад; ояндаи абарсандалӣ чӣ хоҳад шуд?
Фирдавси Аъзам
Қаламонлайн