Фатвои хохомҳои яҳудӣ: “Бомбборони бемористони марказии Ғазза ҷоиз аст”

Фатвои хохомҳои яҳудӣ: “Бомбборони бемористони марказии Ғазза ҷоиз аст, ҳеҷ монеи динӣ ва ахлоқӣ вуҷуд надорад”

Ахбори байналмилал

Mondoweiss

Чиҳилу панҷ нафар аз хохомҳои яҳудӣ, дар фатвое, эълом карданд: «Бомбборони бемористони Ашшифо дар Ғазза дар сурате, ки душман дар онҷо пинҳон шуда бошад, ҷоиз аст».

Ба гузориши пойгоҳи Mondoweiss, ин 45 хохоми маъруфи яҳудӣ, дар фатвое, хитоб ба Натонёҳу оварданд:

«Бомбборони бемористони Ашшифо дар навори Ғазза, дар сурати пинҳон шудани аносире аз ҷунбиши Ҳамос дар он, ҷоиз аст ва ҳеч монеи динӣ ва ахлоқӣ дар баробари он вуҷуд надорад».

Дар паёми ин хохомҳо хитоб ба Натонёуҳу ҳамчунин омадааст:

«Зарба задан ба душман дар сурати истифода аз ғайринизомиён ба унвони сипар ва дар сурате, ки ба умеди осеб нарасидан ба инҳо, пушти сарашон пинҳон шуда бошанд, ҳеч гуна мамнӯияти шаръӣ (шаръии яҳуд албатта) ва ахлоқӣ надорад».

Ин хохомҳо афзуданд:

«Алорағми ин ки лозим аст аз пеш ба сокинони Ғазза ҳушдор дода шавад, ки сарзаниш мутаваҷҷеҳи қотилоне аст, ки пушти сари онҳо пинҳон мешаванд».

Онҳо навиштанд: «Агар хуни бегуноҳе дар чунин иқдоме (бомбборони бемористон) рехта шавад, сарзаниш танҳо мутаваҷҷеҳи қотилон (яъне Ҳамос) ва ҳомиёни онҳост».

Фатвои хохомҳои яҳудӣ пас аз он аст, ки сухангӯи артиши Исроил муддаӣ шуд, ки «мақарри марказии ҷунбиши Ҳамос зери бемористони марказии шаҳри Ғазза қарор дорад, ки ҳамон бемористони Ашшифо аст».

Mondoweiss

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Исмоил Ҳаниа: Исроил дар ботлоқи Ғазза аст
Раиси иттилооти низомии артиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Матолиби пурбоздид