Хирад аз нигоҳи Абулқосими Фирдавсӣ
Доноӣ тавоноӣ ба бор меоварад ва дониш дили куҳансолро ҷавон месозад.
Гуши шунаванда ҳамеша дар ҷустуҷӯи сухани хирадмандона ва ҳакимона аст.
Хирад бартарин ҳадяи илоҳист.
Касе, ки хирад надорад, ҳамвора аз кардаҳои хеш пушаймон ва дар ранҷ аст.
Бехирадӣ асорат ба дунбол дорад ва хирад муҷиби озодӣ ва раҳоӣ аст.
Хирад монанди чашми ҳастӣ ва ҷони одамӣ аст ва агар он наошад, чӣ гуна ҷаҳонро ба дурустӣ хоҳӣ гузаронд?
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн