Хотироти Аҳмади Дониш аз Русия

Таърих

 

Хотироти Аҳмади Дониш аз Русия

Аллома Аҳмади Дониш дар “Наводирул-вақойеъ” он ҷо, ки аз сафари худ ба Русия ба ҳамроҳи чанд нафар ва боздид аз Сан-Петерзбург ва ширкат дар базму маросимҳои наздикони имперотури Русия мегӯяд ва ин ки чӣ гуна чашми ӯ ва ҳамроҳонашро манзараҳои он ҷо хира карда ва ҳушашон аз сар парида ва мутаҳайир гаштаанд — ки ин худ достоне ҷолиб ва ҷудогона аст — дар поёни ҳикояташ, ҳарфи воқеан ҷолибе мезанад. Мегӯяд:

“Аз ин ҳикояту ривояти собиқ, ки онифан (1) мазкур шуд – аз маъишати (2) куффори насронӣ ва муомилати онҳо дар умури маъош – баъзе тибоъи (3) салимаро гумон афтад, ки онҳо дар дунё бағоят маҳзузу (4) масрур бошанд ва ҳеч ғаму ҳамм гирди хотири онҳо нагардад ва доим ба рафоҳу танаъъум (5) ва талаззуз (6) зист доранд, то ки баъзе орзу оранд, ки баъд аз он ки шахс ба дӯзах равад, боре дар дунё чунин зиндагии матбуъ дошта бошад.”

Сипас мегӯяд: “Ва инчунин нест, балки ғамею ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (7) аҳли имонро нест. Ва роқими ҳуруф (Аҳмади Дониш) дар сафари аввал дар бодиурраъй (8) лағзиш ёфтам ва чун назари ман бештар ба ибрат боз буд, ҳузну (9) яъсе (10), ки дар акобиру асоғири (11) он диёр мулоҳиза намудам, таъабу (12) машаққати исломиён ҳама ночиз менамуд…”

(Наводирул-вақойеъ, с.187)

Сипас Аллома Аҳмади Дониш сабаби он ҳузну андӯҳеро, ки дар вуҷуди ашрофи Русия мулоҳиза кардааст, чунин баён медорад:

“Масалан, дар маҷлиси базми имперотур дар ҷашне, ки тасаввури гирдоварии он аз муҳолот менамуд ва тавон гуфт, ки ҳеч як аз салотини гузаштаю ояндаро ин ҷинс дастгоҳ камтар даст дода бошад ва дар ҳеч ҷузъу рукни он маҷлис қусурею (13) футуре (14) мутахайил намешуд (15), биҳиште муҷассаму музайян (16), мамлув (17) ба ҳур ва машҳун (18) ба қусур ба назар дармеомад (19), ман дар ин маҷлис ҳамаро медидам, ки малулу маъюс буданд. (Ва) ба воситаи он ки дар шариати эшон (20) мардонро ҷуз аз як зан никоҳ раво нест ва занон натавонанд, ки аз мард ифтироқ (21) ҷӯянд, то намиранд он яке никоҳ натавонанд кард аз ғайри изни шаръ (22), занон ба ҳар кӣ хоҳанд, бираванд ва мардон ба ҳар кӣ хоҳанд, оянд, чунки ситр нест. (23)”

Сипас идома медиҳад:

“Ва ин рафту омад (24) ба тариқи китмон (25) ва хуфя воқеъ шавад. Аммо дар кӯчаву бозор, агар зане бо марди бегона биравад ва муколамаю муҳовара (26) кунад, айбе ва маҳзуре надорад. Чун дар ин маҳфил асбоби нишот ба камол буд ва зану мард маст буданд, ҳар марде мехост, ки ба ҳама занон ояд ва ҳар зане вола (27) буд, ки ба ҳар марде равад. (Ва) аз ин ҷиҳат, ки маҷлиси султон алония (28) буд (ва) роҳи комҷӯӣ ба ҳар кас масдуд буд, ҳар кадом оҳи сард мекашиданд. Зани Зайд медид, ки зани Амр ба қимати як ҳазор динор ҳулию ҳулал (29) пӯшида ва ҳамроҳи марде ваҷеҳ (30) аз аъозим (31) даст ба камару гардан рақс меравад ва либоси ӯ (зани Зайд) дуни ӯ (поинтар аз ӯ) ва адили ӯ (32) забунтар, (аз ин рӯ) маҳзуну малул чархе меовард ва рақсе ба курҳ (33) мекард. Ва Башир медид, ки зани ӯ, ки мутарраҳ (34) буд, бо ҳамроҳии Холид гардан ба гардан рақс мекунад ва зани Холид бадшакл адили ӯ шуда, ба курҳ пойе мекӯфт. Заноне, ки пиртар буданд, касе ба онҳо илтифот намекард. Ва мардоне, ки кӯҳантар буданд, занон эшонро радд медоданд. Пирон аз ҷавонон, ҷавонон аз хубтарон, хубтарон аз адами дастгоҳи қудрат, ба ҳасади ҳамдигар гирифтори ҳузну алам буданд, то ки подшоҳ ба тафаррус ҳоли онҳоро дониста, илтифоте мекарду дилдорӣ менамуд. Ва худи подшоҳ низ ба воситаи он ки аз фуқарои вилоёти худ истимтоъ (35) натавонад хост, магар ба хуфя, оби ҳавас ҳар замон аз даҳонаш мерехт. Ва зани подшоҳ аз ҷиҳати кӯҳансолию пирӣ низ, аз таровати ҷавонони маҷлис бешуъур қадаме дар миён мениҳод.”

Сипас Аллома идома медиҳад:

“Ва билҷумла (36) ҳеч якеро надидам, ки ғаме домангири дилаш набувад ва дуди оҳи сиёҳ аз димоғаш барнаояд. Ва ҳамчунин дар раставу бозор ва тамошохонаҳо ҳеч тане осудаву беғам ба назар дарнаёмад…”

(Наводирул-вақойеъ, сс.188-189)

Аҳмади Дониш дар ҳикояте дигар аз сафари худ ба Русия, матлаберо бозгӯ мекунад, ки ҳикоят аз ғояти аблаҳӣ ва аҳмақии амирони Бухоро дар таъйини сафирон менамояд. Ӯ, пас аз он ки аз дидори худ бо намояндаи подшоҳи Русия дар Сан-Петерзбург мегӯяд ва ин ки ӯ аз Аҳмади Дониш мехоҳад шеъре дар васфи духтарони подшоҳи Русия ба муносибати арӯсии яке аз онҳо бинависад, то обрӯи сафирони ӯзбакро – ки зоҳиран аблаҳу кавдан будаанд ва бо ашъори номарбути худ обрӯи кишвари худро бурдаанд – бипӯшонад, менависад:

“(Намояндаи подшоҳи Русия) ин сухан барои он мегуфт, ки салотини Бухоро дар боби суфаро одамони камтаъомул ва бедонишро ихтиёр мекунанд, ба эътиқоди он ки асрори давлатии мо фош нашавад ва мегӯянд: “Элчӣ бояд, ки агар суоле кунанд, қодир ба ҷавоб набошад — агар тавонад ҷавобе гӯяд, қодир бар тақриру таҳрир набувад. Мабод, ки безабтии салтанати мо назди хасм (душман) зоҳир гардад.”

Сипас Аллома зимни интиқод аз ин шеваи аблаҳонаи умарои Бухоро менависад: “Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безабтӣ ва беназмии давлат бошад…”

(Наводирул-вақойеъ, сс.171-172)

Аҳмади Дониш дар ҷойе аз китобаш, дар баёни сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ ва ин ки чаро зуд ба мустаъмараи кишварҳои дигар табдил гаштанд, менависад:

“Хулафои ислом баъд аз ин қурун (37), диданд, ки дайёре (38) аз куффор намонд, ки саре бардорад ва даъвои истиқлол орад, ба ҳубби шаҳавот моил гаштанд ва ба айшу комронӣ иштиғол намуданд. Ва уламо, ки қивоми (39) миллат ба эшон аст ҳам ба ҳубби риёсат тобеъи амру ҳукми залама (40) гаштанд ва аз амри маъруфу наҳйи мункар дар хидмати салотин чашмпӯшӣ намуданд. Мухолифони дин ин ғафлатро аз аҳли ислом ғанимат дониста, шабу рӯз ба тараддуди гирдоварии асбоб ва шикофтани баҳру кон ва берун овардани зару ҷавоҳир иштиғол намуда, барои интиқомкашӣ раъйҳо ва машваратҳо мефармуданд, то даридагии домани ҷамъияти худро, ки дар аввали давлати араб афтода буд, руфӯъ диҳанд ва асбоби давлату ҳифзи онро мураттаб намуда, он гоҳ ба бозхости кинаи пӯшида бархостанд, ба макру фиреб ва қаҳру ғалаба дар тамомати маъмура (41) даст ёфтанд ва карданд он чи карданд…”

(Наводирул-вақойеъ, с.134)

* * *

(1) Онифан: ҳамин алъон.

(2) Маишат: ҳаёт, зиндагӣ.

(3) Тибоъ: ҷамъи табаит ба маънии табиатҳо.

(4) Маҳзуз: баҳраманд.

(5) Танаъъум яъне дар нозу неъмат.

(6) Талаззуз: лаззат.

(7) Ъушри ъашир: аз даҳ як.

(8) Бодиурраъй: дар аввалин назар.

(9) Ҳузн: андӯҳ

(10) Яъс: ноумедӣ.

(11) Акобиру асоғир: хурду калон.

(12) Таъаб: хастагӣ.

(13) Қусур: кӯтоҳӣ.

(14) Футур: сустӣ.

(15) Мутахайил нашудан: ба хаёл наомадан.

(16) Музайян: ороста.

(17) Мамлув: пур.

(18) Машҳун: печонидашуда.

(19) Хулоса, як базму маҷлиси бисёр бошукӯҳ.

(20) Яъне ойини масеҳӣ.

(21) Ифтироқ: ҷудоӣ.

(22) Ғайри изни шаръ яъне хилофи шариат.

(23) Ситр дар инҷо ба маънои ҳаё аст, яъне беҳаё ҳастанд.

(24) Рафту омад миёни занону мардони бегона.

(25) Китмон: пинҳонӣ.

(26) Муҳовара: гуфтугӯ.

(27) Вола (волаҳ): шефта.

(28) Алония: ошкоро.

(29) Ҳулию ҳулал яъне зеваролот.

(30) Ваҷеҳ: мӯҳтарам.

(31) Аъозим: бузургон, ҷамъи азим.

(32) Адил: ҳамроҳ.

(33) Ба курҳ яъне аз рӯи ночорӣ.

(34) Мутарраҳ: мавриди таваҷҷӯҳ.

(35) Истимтоъ: баҳрамандӣ.

(36) Билҷумла: хулоса.

(37) Манзураш асрҳои шукӯҳу қувват.

(38) Яъне ҳеч касе.

(39) Қивом: побарҷоӣ, пойдорӣ.

(40) Залама: салотини ситамгар.

(41) Маъмура: рӯи замин.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дархост кардани чизе аз падару модар
Маҳоратҳои зиндагии оилавӣ

Матолиби пурбоздид