Худшиносӣ ва саодат

Худшиносӣ ва саодат

Бахши аввал

Матлабе, ки барои мухотабони азизи сомона пешниҳод мекунем, дар мавзӯи худшиносӣ ва саодат аст.

Дар ин матлаб, нависанда саодати инсонро аввал аз дидгоҳи ақшори гуногуни инсонҳо баррасӣ намуда сипас ба саодати воқеӣ, ки мавриди назари офаридгори ҷаҳониён аст, мерасад.

Мавзӯе, ки барои шинохти саодати башар лозим ва зарурист, мавзӯи шинохти худ аст ва ба гуфтаи муҳаққиқи гиромӣ, инсон ҳанӯз худашро нашинохтааст, чӣ расад ба ин ки саодат ва камоли хешро бишносад.

Пас, муқаддимаи расидан ба камолу саодат ҳамон шинохти худ барои инсон ба шумор меравад.

***

Худшиносӣ ва саодат

Ба қалами Сайидюнус Истаравшанӣ

Муқаддимаи баҳс:

Фарз кунед, дар финоли Ҷоми ҷаҳонӣ, тими милли Тоҷикистон бо як пирӯзии қотеъ бар Бразил, қаҳрамони ҷаҳон гардад. Ва ё артиши Тоҷикистон дар як даргирии мусаллаҳона бо артиши кишвари ҳамсоя, Қирғизистон дар вилояти Ӯш, битавонад заминҳоеро, ки таърихан аз они тоҷикҳост озод созад ва нақшаи ҷаҳон (харита) тағйир хӯрда ва заминҳои озодшуда ҷузъи сарзамини Тоҷикистон эълон шавад. Ва ё болотар аз ин, Тоҷикистон дар канори 5 кишвари абарқудрати ҷаҳон, узви доими СММ гардад… Баъд, таҳти унвони “хабари фаврӣ”, якчунин чизҳое дар расонаҳо ба сурати хеле густарда пахш шаванд.

Хуб, агар чунин чизҳое воқеъ шаванд, дар он сурат чӣ эҳсосе ба ману шумо, ба унвони тоҷикҳо, даст хоҳад дод?

Оё ғайр аз ин аст, ки фикр мекунем, саодатманд мешавем, ба қуллаи саодат хоҳем расид; саодате, ки гумон мекунем, болотар аз он, дигар саодате вуҷуд надорад?

Оё ғайр аз ин аст? Қатъан чунин аст. Агар ғайр аз ин бигӯям – масалан агар бигӯям, ки хушҳол нахоҳем шуд ва ҳеч саодате насибамон намешавад – дар он сурат, шояд шумо маро муттаҳам кунед ба ин ки чӣ одами бетафовуте будаам ва “ғурури миллӣ” масалан надоштаам, одами беэҳсосе будаам ва аз ин қабил ановин.

Ҳадси шумо дуруст аст. Агар ғайр аз инҳо гӯям, гумон мекунед, одами бетафовут ва беэҳсосе будаам. Чаро?

Зеро ки одам вақте ба камол бирасад, воқеан саодатманд хоҳад шуд; вақте камоли воқеӣ насибаш гардад, ӯ ба қуллаи саодат хоҳад расид. Ин дуруст аст. Сад дар сад дуруст аст. Ва расидан ба камол, на танҳо худаш саодат аст, балки ҳатто хаёли расидан ба он, саодатофарин аст.

Инсон мавҷуде аст, ки гоҳе ҳатто аз сирфи хаёл ва тасаввури расидан ба камол лаззат мебарад, чӣ расад ба ин ки воқеан ба он даст ёбад. Магар ғайр аз ин аст, ки аз ин ки хаёл кунед як одами донишманде ҳастед ва дигарон пеши шумо сари таъзим фуруд меоваранд, лаззат мебаред? Худро саодатманд эҳсос мекунед?

Ин чизҳо, ки гуфтам; аз қаҳрамон шудан дар Ҷоми ҷаҳонӣ, озодсозии заминҳоямон масалан ду шаҳри Самарқанд ва Бухоро, ё узви доими СММ шудан ва ғайра, дар мавқеи феълӣ барои мо, тоҷикҳо, камол намоён мешаванд. Фикр мекунем, камоли мо ба унвони як миллат, ҳаминҳост.

Агар давлатмардони чинӣ (на мардуми бадбахту бечорааш) имрӯз хаёли ҳукумат кардан бар кулли дунёро дар сар мепарваронанд ва гумон мекунанд, агар ҳокими кулли кураи замин шаванд, саодатманд хоҳанд шуд ва камолашон дар он аст, мо тоҷикҳо аммо, ба ҳамин чанд чиз басанда кардаем ва гумон мекунем, саодати воқеии мо дар ҳаминҳост. Агар давлатмардони омрикоӣ ва саҳюнистҳо (на мардуми Омрико ва ё яҳудиҳои бадбахт) имрӯзҳо тасхири кураи моҳро дар сар мепарваронанд ва хаёл мекунанд, агар кураи моҳро низ тасарруф намоянд, он вақт саодатманд хоҳанд шуд ва камоли ҳақиқии хешро дар ин чиз бидонанд, мо тоҷикҳои бечора аммо, фақат ҳамин чанд чизро камол мешуморем ва гумон мекунем, агар ба инҳо бирасем, ба қуллаи саодат ва хушбахтӣ даст ёфтаем.

Хуб, чаро чунин аст?

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмати рӯз
Сурудаи Саъдӣ

Матолиби пурбоздид