Хурофот ва илми таърих
Ба қалами Устод Сайфуллоҳ Муллоҷон
Хурофот аз вақте ки инсон по ба арсаи ҳастӣ ниҳода, ҳузур дошта ва касе оғози онро намедонад. Дар луғтҳо низ хурофаро ҳикоёт, қисса ва каломе ботил номидаанд. Агар ба маънои луғавии он, ки каме печида аст неву ҷойгоҳи он дар қиссасу ривоёти таърихиро дунбол кунем, бароямон ин воқеият равшан мегардад, ки хурофот боварҳову достонҳои омиёнаест, ки далеле ақлӣ бар дурустии он вуҷуд надорад ё гуфторест ғайримантиқӣ. Албатта хурофа танҳо хосси таърих набуда, улуми дигар низ (мисли ҷуғрофия, ҳайвоншиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ) дар гузашта чунин боварҳое доштаанд.
Боварҳои хурофӣ дар таърихи бостону асрҳои миёна ва давраи нав низ вуҷуд доштаанд.
Муаррихоне ки қиссаву саргузашти шоҳонро гузаштаро навиштаанд, борҳо достонҳои хурофию дур аз боварро накӯҳидаанд. Истахрӣ ҷойгоҳи кӯҳи Дамовандро зикр карда, менависад, «форсҳо бовар доранд, ки Заҳҳок ҳанӯз дар ин кӯҳҳо зинда аст ва ин аз хурофот аст». Ибни Надим фасли ҳаштуми китоби нафису гаронбаҳои «ал-Феҳрист»-ро ба хурофот бахшидааст. Ӯ дар фасл номи китобу рисолаҳои хурофиро тазаккур медиҳад.
Абуалии Балъамӣ вазиру донишманди аҳди Сомониён дар достони Мусо пайғамбар се ривоятро дар хусуси марги Мусо аз қавли Табарии муаррих тарҷума мекунад. Ин донишманди вологуҳар сипас илова мекунад, ки «ин ҳар се ҳадис хурофт аст ва на аз он бобат аст, ки дар китоб кунанд. Ва худовандони ақл бад-ин китоб нагараванд». Аммо тавре маълум аст як навор чандест дар шабакаи иҷтимоӣ мечархад, ки дар он як муллои тоҷик ҳадиси дур аз мантиқу ақл роҷеъ ба марги Мусо ва задани Мусо Азроилрову кӯр шудани чашми фариштаи маргро чунон боэҳсос нақл мекунад, ки гуё ваҳйи манзал бошад. Муллои дигар ҳам бо такя бар “санадҳои муътабар” ин ривоятро таъйид мекунад. Яъне ин руҳонии тоҷик дар қарни бисту як зиста, қудрати ташхис додани ривояти динӣ аз хурофотро надорад. Коре ки Балъамӣ дар қарни даҳ карда буд. Ё ошкортар гуем ин афрод донишманд нестанд, ровии ривоятанду воизони оташинсухан. Ҳадафаш низ ҷалби шунавандаву гарм сохтани маҳофили худ аст. Руҳониёни зубдаи кишварҳои мусулмонӣ аз охири қарни нуздаҳум ва авоили қарни бистум ба суханрониҳову таълифи китобу нашри маҷаллаҳо шуруъ карда буданд ва бо ҳамин равиш ҳаракати ислоҳоти диниро оғоз кардаанд. Мо дар куҷо қарор дорем?
Абулфазли Байҳақии сухангустару муаррихи тоҷик, ки ростгуфториро пеша карда низ аз душманони хурофоту боварҳои ғайримантиқист. Байҳақӣ ҳикоётеро, ки бофти воқеъӣ надоранд ва аз сохтаву пардохтаҳои муште аз қиссапардозҳои ҳангомаҷўю бенамак рўйи коғаз омадаанд, ботилу хурофоти маҳз мешуморад, ки ҳосил аз бекориянду душмани бедорӣ. Агар нек бингарем, аз Абулфазли Байҳақӣ то Аҳмади Дониш ин гуна хаёлпардозиҳои бебунёди козиб дар адабиёти форсӣ ҳар замоне ба назар мерасанд. Устоди ростгўй мефармояд: «Ва ахбори гузаштаро ду қисм гуянд, ки онро се дигар нашносанд; ё аз касе бибояд шунид ва ё аз китобе бибояд хонд; ва шарт онаст, ки гўянда бояд сиқаву ростгуй бошад ва низ хирад гувоҳӣ диҳад, ки он хабар рост аст ва нусрат диҳад каломи Худо онро, ки гуфтаанд: рост машумор аз хабарњо он чӣ ба раъй (хирад) дуруст наёяд. Бештари мардуми омма онанд, ки ботили мумтанеъро дўсттар доранд, чун ахбори деву парӣ ва ғулу биёбон ва кўҳу дарё, ки аҳмақе ҳангома созад ва гурўҳе ҳамчун ў гирд оянду вай гўяд: дар фалон дарё ҷазирае дидам ва понсад тан ҷое фурўд омадем дар он ҷазира ва нон пухтему дегҳо ниҳодем. Чун оташ тез шуд, табаш бад-он замин расид, аз ҷой бирафт. Нигоҳ кардем, моҳе буд; ва ба фалон кўҳ чунин ва чунин чизҳо дидем ва пиразане ҷоду мардеро хар карда ва боз пиразане дигар ҷоду гўши ўро ба равғане бияндуд, то мардум гашт. Ва он чи бад-ин монад аз хурофт, ки хоб оварад нодононро чун шаб бар эшон хонанд. Ва он касон, ки сухани рост хоҳанд, то бовар доранд, эшонро аз доноён шумаранд ва сахт андак аст адади эшон ва эшон некўфаросатонанд ва сухани зиштро бияндозанд».
Аҳмади Дониш низ дар «Наводиру-л-вақоеъ» ба ин монанд сухане дорад: «Ва ростию дурустии он (ахбор – С.М.) зарур на, аз қабили «Ҳотамнома» ва «Бумуслимнома», ки ҳар кадом дафтаре бузургу ҳаҷиманд. Сухани рост дар онҳо агар бошад, як-ду сафҳа беш нест. Ва ғаразу гирдоварӣ аз онҳо маҳзи тазлил аст ва муғолатаи авом аст, ё афсонае барои хоб». Муқоясаи ду навишта, ки фосилаи нуҳсад сол доранд, нишон медиҳад, ки таърихи воқеъӣ, ки ойинаи тамомнамои ибрату огоҳист, дар аксари давраҳо он қадар хонанда надоштааст, ки ин афсонаҳо доранд.
Абурайҳони Берунӣ ҳакими фарзонаи мо баъзе боварҳои ҳиндувонро хурофа мешумурд ва як хулосаи аҷибе дар ин хусус дорад. Ӯ менависад, ки «ҳикмату андешаи юнониҳо, ки инқадр маъруф аст, низ аз хурофот холӣ нест. Аммо ҳиндиҳо донишмандоне монанди Юнон надоштанд, ки матолиби онҳоро пироиш кунад». Яъне Берунӣ вазифаи донишмандони як қавмро иборат аз он медонад, ки бо андешаву боварҳои хурофӣ мубориза кунанд ва онро аз миёни мардум барчинанд. Зеро танҳо донишмандонанд, ки хурофотро намеписанданд ва тавоноии фош кардани онро миёни мардум доранд. Гуфтанист, ки Байҳақӣ ҳамзамони хеш Беруниро аз барои ҳамин ростгӯиву дурӣ аз хурофот дӯст медораду меситояд ва дар оғози фасли Хоразм менависад, ки устод Абурайҳон «марде буд дар адабу фазлу ҳандаса, ки дар асри ў чун ў дигаре набуд ва ба газоф чизе нанавиштӣ».
Нуктаи дигаре ки дар таърихномаҳову кутуби дигар (дин, тасаввуф) зиёд омада ва ҳанӯз ҷонибдор дорад, қиссаҳо дар бораи каромоти авлиёст, ки сухан дар бораи он зиёд аст. Ҳуҷвирии Ғазавӣ (асри XI) «Кашфу-л-маҳҷуб» ва Фаридуддини Аттор (1119-1221) китоби машҳури худ «Тазкирату-л-авлиё»-ро ба ҳамин мавзуъ ихтисос додаст. «Нафаҳоту-л-унс»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) низ аз ҳамин гуна китобҳост. Иддае онро дар гузашта бовар доштаанд, мисли ин баёни орифи машҳур Суфӣ Аллоҳёр (1644-1724), ки мефармояд:
Чун каромоти авлиё ки ҳаққ аст,
Дар баёни ҳақиқаташ чӣ шак аст?!
Аммо муаррихоне чун Ибни Касири Димишқӣ (вафот соли 1373) чунин боварҳоро хурофот медонаду шадидан бар онҳо метозад. Ибни Касир муаллифи чандин китоб дар тафсиру ҳадису таърих аст, ки дар ҷаҳон маъруфанд. Ибни Касир як суфимашраби димишқии ҳамзамонашро, ки зиндагии олуда дошт, мисол меоварад ва тааҷҷуб мекунад ки мардуми он навоҳӣ шефтаи ӯ буданду достонҳое аз мукошифоту каромоти дур аз боварро дар борааш нақл мекарданд. Ибни Касир ин гуна боварҳоро «аз хурофоти авом» мешуморад.
Дарди сари дигар дар тамоми тули таърих гармии бозори соҳирону аҳли шаъбада будааст, ки дар осори таърихӣ ва гоҳе адабӣ дарҷ ёфтааст. Барои намуна ҳикояти аҷибе аз Убайди Зоконӣ аз рӯзгори Ибни Синоро меоварем, ки ҳасби ҳоли рӯзгори мову дукони найрангбозону душманони тараққиву рушди кишвар аст.
« Дар он таърих, ки Абуалӣ Сино аз Алоуддавла аз Ҳамадон бигурехт ва мутаваҷҷеҳи Бағдод шуд, чун ба Бағдод расид, дар Дорушотбия мардаке ҳангома гирифта буду адвия мефурӯхт ва даъвои табибӣ мекард. Замоне онҷо ба тариқаи тафарруҷ биистод. Зане қорураи беморӣ ба он кас дод. Ва дар он қорура нигоҳ карду гуфт: ин бемор ҷуҳуд аст? Гуфт: оре. Боз нигоҳ карду гуфт: ту хидмагори ин беморӣ? Гуфт: оре. Гуфт: хонаи ин бемор аз тарафи машриқ аст? Гуфт: оре. Гуфт: дирӯз мост хӯрдааст? Гуфт: оре. Мардум аз илми ӯ тааҷҷуб намуданд. Буалӣ ҳайрате оварду чунон таваққуф намуд, ки аз кор фориғ шуд. Пеш рафту гуфт: Ту инҳо аз куҷо маълум кардаӣ? Гуфт: Аз он ҷо ки донистам ту Абуалиӣ. Гуфт: ин мушкилтар. Чун илҳоҳ намуд, гуфт: он зан, чун қорура ба ман намуд, ғубор бар остин дошт, донистам ки ҷуҳуд аст ва ҷомаҳош куҳна буд, донистам ки хидматкори касе бошад. Ва чун ҷуҳуд аст, хидмати мусулмон накунад, донистам ки ходимаи ин кас бошад. Ва порае мост бар ҷомаи ӯ чакида дидам, донистам ки дар хонаи эшон мост хурдаанд ва қадре ба бемор низ дода бошанд. Ва хонаи ҷуҳудон аз тарафи машриқ аст, донистам ки хонаи ӯ ҳам онҷо бошад. Гуфт: инҳо мусаллам. Маро чун шинохтӣ? Гуфт: имрӯз хабар расид, ки Абуалӣ аз Алоуддавла гурехта аст, донистам ки ин ҷо ойӣ ва донистам ки ҷуз ту дигареро зеҳн ба инҳо наравад, ки ман кардам».
Пас аз ҳамлаи муғул ва харобии низоми омӯзишу парвариш дар Хуросону Мовароуннаҳр боварҳои хурофӣ миёни ҷамъияти тоҷикон афзуд. Муаррихи ин давра Атомалики Ҷувайнӣ зимни тасвири шӯриши Маҳмуди Торобӣ дар соли 1238 менависад, ки «Ва дар билоди Мовароуннаҳру Туркистон бисёр касон, бештар авратина даъвои пирдорї кунанд ва ҳар касро, ки ранҷе бошад ё бемор шавад, зиёфат кунанд ва парихонро бихонанд ва рақсҳо кунанд ва амсоли он хурофот ва шеваро ҷуҳҳолу аввом илтизом кунанд».
Ҳамин тавр, дар рӯзгоре ки ба сар мебарем, айб аст, ки миллат донишмандоне дар ҳамаи заминаҳо дошта бошаду мардуми он пайрави хурофот ва дур аз корвони тамаддуну тарақӣ боқӣ монанд. Вазифаи донишмандон низ ҳамин аст, ки то ҳадди тавон мардумро ба самти илму донишандӯзӣ раҳамун гарданд ва беш аз дигарон бо боварҳои хурофӣ, ки авом ҳамеша ба сӯйи он моиланд, мубориза баранд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: