Хушунату бераҳмӣ хосси хӯйи бохирадон нест

Хушунату бераҳмӣ хосси хӯйи бохирадон нест

Устод Луқмон Бойматов
Хашми шахс холиқи аҳмақиҳояш аст. Ба ёд дошта бошем, хушунатамон фақат аъмоли мо нест, балки василаест, ки барои танбеҳи бозмондагонамон меофарем. Bасилаест, ки бо воситаи он зиндагии фарзандон барошуфта мегардад.

Бо хашми хеш набояд аз хеш қаҳрамони рӯзгор битарошем. Масъулини ҳокими як маҳал бо аъмоли мутанаффири худ бар дафтари хотираи таърихии куллии маҳалҳои меҳан осоре аз худ боқӣ мегузоранд, ки ҳаргиз наметавонанд тухмаҳои нафрину қасди қасосро аз зеҳни наслҳои баъд барчинанд, чаро ки тафаккур ва вуҷуди ишқ бар маҳаллу зодгоҳ, яке аз аслитарин вежагиҳои пойдории ҳувияти таърихии тоҷикон дар тӯли таърих аст ва ҳеҷ падидае натавонистааст ин воқеиятро аз зеҳни ин миллат берун намояд.

Ҳар аъмоле, ки ҳамакнун дар паҳнаи таърих мегузарад, дар хотираи он нақш хоҳад баст. Мо таърих меофарем, вале наслҳои баъд қозии моанд!

Яқин донем, ҳукме, ки содир мешавад, пойдортар аз мӯҳтавои аъмоли мо хоҳад буд.

Оғози хушунат аҳмақист ва саранҷомаш шармсорист. Нодониамон дармон нест. Ойинаи нодонӣ ва ғурурҳои бардурӯғи хешро бояд бишкаст!

Луқмон Бойматов

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна донишманд шавем?
Дунё ғанимат аст

Матолиби пурбоздид