Чаро инсонро такаббур фаро мегирад?

Чаро инсонро такаббур фаро мегирад?

Маърифат

Инсон то ҳақорати нафс надошта бошад, такаббур намекунад
“Инсон вақте, ки он “худ”-ашро, ки аз олами азамат ва айни азамат аст эҳсос мекунад, тан ба ҳақорат намедиҳад, мисли одаме, ки як тоблуи бисёр олӣ масалан тоблуи Рофоил (Рафаэль)-ро мебинад, арзишашро дарк мекунад ва маҳол аст, ки битавонад иҷоза бидиҳад, ки як олудагӣ ва касофате дар он қарор бигирад, чун азамати онро эҳсос мекунад. Инсон чун “худ”-ашро ба илми ҳузурӣ дарк мекунад, ки аз олами қудрат аст, аз заъфу нотавонӣ танаффур дорад, яъне вақте каромати нафси худашро эҳсос мекунад, тан ба заъфу забунӣ ва аҷз намедиҳад. Ғайбат намекунад, зеро – мутобиқи ҳадисе, ки хондам – ҳис мекунад, ки ғайбат аҷзу нотавонӣ аст. Ҳасодат намеварзад, чун ҳис мекунад, ҳасодат аз аҷзу нотавонӣ аст. Такаббур намекунад, чун мефаҳмад, такаббур ношӣ аз ҳақорати нафс аст. Инсон то ҳақорати нафс надошта бошад, такаббур намекунад:
ما مِنْ رَجُلٍ تَكَبَّرَ أَوْ تَجَبَّرَ اِلاّ لِذُلَّةٍ وَجَدَها في نَفْسِهِ
(Усули кофӣ, 3/426) Яъне аҳаде дар дунё такаббур намекунад ва аҳаде дар дунё таҷаббур ва зулму ситам намекунад, магар ин ки дар худаш эҳсоси ҳақорат кунад. Одами мутакаббир “худ”-и воқеиро пайдо накарда. Агар инсон “худ”-и воқеиро пайдо кунад, дигар эҳсоси ҳақорат намекунад, эҳсоси қудрат ва азамат мекунад, такаббур ё таҷаббур намекунад, чун бо руҳаш носозгор аст…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз се як ҳиссаи тоҷикистониён ба Русия кучидаанд!
Як ҳақиқат

Матолиби пурбоздид