Чолишкон: Шарм бар давлати Эрдуғон!
Ахбори байналмилал
Намояндаи порлумони Туркия: “Шарм бар давлати Эрдуғон, ҳамкорӣ бо Исроил идома дорад!”
Намояндаи Ҳизби Саодати Туркия, бо интиқод аз давлати Урдуғон, таъкид кард, ки равобити тиҷорӣ бо Исроил ва ҳамкорӣ бо ин режим аз ҷумла пуштибонӣ аз ҷиноёти он дар Ғазза идома дорад.
Наҷмуддин Чолишкон, намояндаи Ҳизби Саодати Туркия, дар нутқе дар саҳни порлумон, ки бозтоби густардае дар расонаҳо дошта, бо интиқод аз сиёсатҳои дугонаи давлати ин кишвар, хитоб ба намояндагони ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиа гуфт, ки ҳимояти онҳо аз Ғазза сирфан забонӣ ва намоишӣ аст, дар ҳоле, ки тиҷорат ва ҳамкорӣ бо Исроил ҳамчунон идома дорад.
Ӯ гуфт, ки “халабононе, ки Ғазза ва Фаластинро бомбборон мекунанд, дар Қуния омӯзиш дидаанд. Сӯхти ҷетҳои Исроил аз бандари Искандарун фиристода мешавад. Ғизои сарбозони исроилӣ аз Олониё таъмин мешавад ва оби онҳо аз Моновгот меояд.”
Ин намояндаи туркияӣ бо баёни ин ки “ҳар навъ хариду фурӯш бо Исроил ҳамчунон идома дорад”, афзуд: “Ба Укройн ва Ҷумҳурии Озарбойҷон паҳпод мефиристед, аммо барои Ғазза фақат дуо мекунед. Шарм бар шумо!”
Қаламонлайн