Шайхурраис Буалӣ Сино

Таърих

Шайхурраис Буалӣ Сино

Машоҳир

Ривоят шудааст, ки вақте дар паи бемории Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ, подшоҳи Бухоро, пизишкони дарбор аз дармонаш оҷиз монданд, ба Абуалӣ ибни Синои ҷавон мутавассил шуданд ва ӯ амирро ба шакли мӯъҷизаосое дармон кард.

Ин муҷиби ҷалби таваҷҷуҳи амир ба Абуалӣ Сино шуд.

Подоши Абуалӣ Сино дар дармони султон, дастрасӣ ба китобхонаи салтанатии бузургу арзишманди дарбори сомониён буд.

Худи ӯ дар ривоёташ аз зиндагӣ, мегӯяд, китобҳое дар ин китобхонаи салтанатӣ дида, ки ҳеч кас ва ҳатто худаш аз вуҷудашон бохабар  набудааст.

Бархе аз муваррихон, рози муваффақият ва пешрафти Абуалӣ Синоро дар дастрасии ӯ ба ин манобеи илмӣ шумурдаанд.

Буалӣ Сино беш аз 400 рисолаи илмӣ аз худ бар ҷой гузоштааст, ки шоҳкори онҳо, китоби Қонун аст.

Ин китоб ба унвони санги бинои пизишкии имрӯзи ҷаҳон шинохта шуда ва ба 19 забон тарҷума шудааст.

Китоби Қонун рӯйкарди куллинигар ба саломатии бадани инсон дорад ва ба замони хӯрдану нӯшидан ва он чӣ бояд хӯрду нӯшид пардохтааст, то варзишҳои муфид барои саломатии бадан ва ҳамин тавр аз тамринҳое барои фаъол нигаҳ доштани мағз то шарҳи бемориҳо дар ин китоб омадааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми исроилӣ: Эҳтимолан Исроил имсол суқут мекунад
Барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид