Шоистатарин чизҳо барои ҷавонон

Шоистатарин чизҳо барои ҷавонон

Чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз дарёб

Паёмбари Акрам ба ҳазрати Алӣ(р) фармуданд: Эй Алӣ, чаҳор чизро пеш аз чаҳор чиз дарёб: ҷавониатро пеш аз пирӣ ва саломатиатро пеш аз беморӣ ва сарвататро пеш аз фақр ва зиндагиатро пеш аз марг”.

Омӯзиш дар ҷавонӣ

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди омӯзиш дар синини ҷавонӣ чунин фармудаанд: “Ҳар кас дар ҷавониаш биомӯзад, омӯхтааш монанди нақш бар санг аст ва ҳар кас дар бузургсолӣ биомӯзад, монанди навиштан бар рӯи об аст”.

Дили навҷавон

Ҳазрати Алӣ(р) дар Наҳҷулбалоға, дар хутбаи 393 дар мавриди навҷавонон чунин фармудаанд: “Дили навҷавон монанди заминин омода аст, ки ҳар базре (тухмие) дар он афшонда шавад, мепазирад”.

Ниёзмандиҳои ҷавон

Имом Алӣ(р): “Шоистатарин чизҳое, ки ҷавонон бояд онҳоро биомӯзанд, чизҳое ҳастанд, ки дар бузургсолӣ ба онҳо ниёз доранд”.

Тӯша аз ҷавонӣ

Паёмбари Акрам(с) фамруданд: “Инсон бояд барои охитараташ аз дунё, барои маргаш аз зиндагӣ ва барои пириаш аз ҷавонӣ тӯша бигирад; чаро ки инҳо барои шумо офарида шуда ва шумо барои охират офарида шудаед”.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Закариёи Розӣ
Ривояте аз фаъолияти як бонуи хабарнигор дар Ғазза

Матолиби пурбоздид