Эрон чаро аз Амрико мутанаффир аст?
Мақолае аз Фарид Закариё, муҷрии маъруф дар CNN:
Тазаккур: Агарчӣ бо дидгоҳҳои Фарид Закариё комилан мувофиқ нестем, аммо ба хотири он ки бо назари шахсиятҳои бонуфуз дар идораи кунунии Амрико, ошноӣ пайдо кунем, мақолаи мазкур пешкаши мухотабон мегардад. Қаламонлайн.
Мақолаи Фарид Закариё дар робита бо кишвари Эрон:
“7 октябр рӯзе буд, ки дунёро тағйир дод. Ҳамлаи ғофилгиронаи Ҳамос дар Исроил, бо як ҷанги талофиҷӯёнаи густурда ва маргбор дар Ғазза ҳамроҳ шуд.
Иёлоти Муттаҳида як бозигари аслии амниятӣ дар Ховари Миёна, бо муттаҳидон ва душманони худ дар минтақа, акнун як ҳадаф дар муқобили худ дорад; тайи як ҳамлаи паҳподӣ тавассути як гурӯҳи шибҳинизомии Ироқӣ дар моҳи январ ба як пойгоҳи омрикоӣ дар Ӯрдун, се сарбози омрикоӣ кушта шуданд, ки Омрикоро ба анҷоми мавҷе аз ҳамалоти талофиҷӯёна алайҳи нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон дар саросари минтақа ронд.
Вошинтун ҳамчунин даргири ҷидол бо Ҳусиҳои Яман аст, ки бо эҷоди ихтилол дар киштиронии ҷаҳонӣ аз тариқи як нуқтаи транзити калидӣ барои киштиҳои борӣ дар баҳри Сурх, қудрати дарёии Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро ба чолиш кашидааст. Дар натиҷа тарс аз як ҷанги бузургтар дар Ховари Миёна афзоиш ёфтааст. Эрон ва бавежа равобити хасмонааш бо Омрико, ба таври қотеъ дар марказ қарор дорад. Чаро ин тавр аст? Чӣ чизе боиси эҷоди таниш байни Вошинтун ва Теҳрон шуда, ки акнун дар яке аз пуртаништарин даргириҳои ҷаҳон ин масъала бисёр пурранг шудааст? Ҳамин кофӣ аст, ки бигӯем, робитаи Омрико бо Эрон беш аз чаҳор даҳа аст, ки хасмона ва тақобулӣ будааст.
Муҳим нест, ки дар ҷаҳон чӣ иттифоқе меафтад – суқути комунизм, зуҳуру суқути ҷиҳодизм – ба назар мерасад, ин робита ба наҳве собит бимонад. Чаро? Ва оё ҳаргиз мумкин аст тағйир кунад? Посух печида аст, аммо аносири аслии он барои бисёре шинохта шудааст. Дар соли 1953, Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё барои ҳимоят аз сарнагунии нахуствазири мунтахаби демукротики Эрон ва боло бурдани шоҳ, писари ҳокими собиқи Эрон, даст ба дасти ҳам доданд. Дар соли 1979 бо вуқӯъи Инқилоби Исломӣ, шоҳ сарнагун шуд ва фирор кард.
Иёлоти Муттаҳида шоҳро барои дармони саратон пазируфт ва хашми бисёре аз мунтақидони ӯро дар Эрон барангехт. Сипас баҳси тасхири сафорати Омрико дар Эрон рух дод. Дар соли 1980, раиси ҷумҳур Ҷими Кортер дастури амалиётеро барои наҷоти онҳо дод, ки бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Иёлоти Муттаҳида баъдан аз Ироқ бо иттилооти ҳаётӣ дар ҷанги тӯлонӣ ва хушунатомези худ бо Эрон ҳимоят кард. Душмании мутақобил байни Вошинтун ва Теҳрон идома хоҳад ёфт.
Ду фикр вуҷуд дорад, ки ағлаб зербинои стратегияи Омрикост, ки бояд аз байн биравад: аввал ин ки ҳукумати Эрон суқут хоҳад кард ва сипас (бо рӯйи кор омадани ҳукумати ҷадид) ба як муттаҳиди тарафдори Омрико табдил хоҳад шуд ҳамон тавр, ки дар замони шоҳ буд. Пешфарз кардани чунин стратегия, масири дурусте барои оянда нест. Илова бар ин, арзиш дорад ба таҷрибиёти ахири Омрико дар мавриди тағйири режим – дар Ироқ, Афғонистон, Либӣ ва фаротар аз он – таваҷҷӯҳ кунем, то мутаваҷҷеҳ шавем, ки ҳатто пас аз поёни як режим, авзоъ ҳамеша ба таври пайваста беҳбуд намеёбад. Дар воқеъ, ба равобити Вошинтун бо Маскав беш аз се даҳа пас аз фурӯпошии низоми Шӯравӣ нигоҳ кунед. Он тавр, ки хелеҳо орзу доштанд, натиҷае ҳосил нашудааст.
Фикри дуввум ин аст, ки Омрико ва давлати феълии Эрон метавонанд бо ҳам дӯст бошанд. Ҳақиқат ин аст, ки Эрон кишваре бисёр мағрур ва миллигарост, ки амиқан бо эҳсоси азамати таърихии худ оғишта шудааст. Ба ёд биёваред, ки Эрон имперотурие ва яке аз маъдуд нерӯҳои буд, ки дар набард бо имперотурии Рум қудрати худро ҳифз кард.
Дар мақотеъи мухталиф, эрониёни бостон бар бисёре аз манотиқи кунунии ҷаҳони араб ҳукумат мекарданд. Эрон бо ин ҳама нобасомонӣ ва фақри кунунӣ, вориси яке аз тамаддунҳои бузурги ҷаҳон аст, ки ба маънои ғурур аст.
Илова бар ин, Инқилоби Исломӣ дар DNA-и худ зидди омрикоӣ аст. Сиёсатмадороне, ки Эронро идора мекунанд, як идеология доранд, ки дар лояҳои ҳукумат нуфуз карда ва ин идеология ба ҳамон андоза, ки ба аҳаммияти дин марбут мешавад, ба аҳаммияти муқовамат дар баробари Омрико низ иртибот дорад. Албатта бархе афкор ва эҳсосоти қавӣ вуҷуд дорад, ки заминасози хусумати Омрико бо Эрон аст.
Вошинтун суқути Эрони шоҳаншоҳиро як зарбаи амиқ ба худ медонад, ки ҳаргиз воқеан аз он халос нашудааст. Ҳамеша муқобила бо носиюнолизм ва идеологияҳои зидди мудерн душвор будааст. Ҳол бо радди тағйири режим ё дӯстӣ, оё метавон бо Теҳрон робитаи корӣ дошт? Ин як ҳамзистии нохушоянд аст. Президент Роналд Рейган гомҳои озмоиширо дар ин росто бардошт ва бо ирсоли аслиҳа ба Эрон, барои озодии гаравгонҳо муомила кард, аммо ин достон ифшо шуд ва бисёр сару садо кард.
Пас аз 11 сентябр, Эрон гомҳои муҳимме барои ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон барои кӯмак ба ташкили давлати ҷадид бардошт. Аммо замоне, ки президент Ҷорҷ Буши дуввум онҳоро бахше аз “Меҳвари шарорат” номид, ин ҳамкориҳо аз байн рафт. Муҳимтарин талоши Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико ва Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон буд, ки ҳар ду аз эҷоди як робитаи ҷадид сӯҳбат карданд. Ин як робитаи дӯстона набуд.
Ҳамон тавр, ки Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба ман гуфт, тавофуқи ҳастаии Эрон на бар асоси эътимод, балки бар асоси беэътимодӣ буд. Ҳар як аз тарафайн ба диққат аз манофеъи худ дар он санад муҳофизат карданд. Аммо имкони як робитаи кориро эҷод кард ва Эрон ба он тавофуқ пойбанд буд ва аз барномаи таслеҳоти ҳастаӣ беш аз чанд даҳа дур шуд. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, тавофуқ ва он фурсатро аз байн бурд ва сипас дар Эрон нерӯҳои мухолифи тавофуқ ва ҳар навъ наздикӣ бо Вошинтун ба қудрат расиданд.
Оё Вошинтун ва Теҳрон метавонанд дубора далели муштарак барои ҳамкорӣ пайдо кунанд? Баъид ба назар мерасад. Масире, ки ҳар ду кишвар дар он қарор доранд, масире аст, ки ҳар ду дар он роҳат ҳастанд, ба рағми ин воқеият, ки пур аз таниш ва суитафоҳум аст ва ҳатто метавонад мунҷар ба ҷанг шавад.”
Edition.cnn
Қаламонлайн