Яман фурудгоҳи “Бен-Гурён” дар Телавивро бо мушаки мофавқи савт ҳадаф қарор дод
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар дар чанд амалиёти муваффақ, ба ҳамалоти Исроил ва муттаҳидонаш посух додаанд.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, зуҳри имрӯз (ҷумъа), эълом кард, нерӯи мушакии ин кишвар дар амалиёти мунҳасир ба фард, фурудгоҳи “Бен-Гурён”-ро дар минтақаи ишғолии Ёфо бо мушаки мофавқи савти “Фаластин-2” ҳадаф қарор додааст.
Тибқи ин баёния, алорағми сукут ва пинҳонкории Исроил, мушак ба ҳадаф расида ва ин амалиёт мунҷар ба ҷароҳати чанд шаҳракнишини исроилӣ шуда ва ҳамчунин парвозҳо дар фурудгоҳи “Бен-Гурён” мутаваққиф шудааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар айни ҳол эълом кард, нерӯи паҳподии ин кишвар дар амалиёте дигар, “як ҳадафи ҳаётӣ”-ро дар минтақаи Ёфо мавриди таҳоҷум қарор дода ва ин амалиёт низ муваффақиятомез будааст.
Яҳё Сареъ ҳамчунин эълом кард, нерӯи паҳподии ин кишвар дар амалиёте дигар, киштии SANTA URSULA-ро дар баҳри Макрон дар шарқи ҷазираи Сақатра, бо чанд паҳпод мавриди таҳоҷум қарор дода ва паҳподҳо мустақим бо ҳадаф бархӯрд кардаанд.
Сареъ ишора кард, ин киштӣ пас аз он ҳадаф қарор гирифт, ки ба ҳушдорҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар бораи мамнӯияти убур аз баҳр барои рафтан ба Фаластини ишғолӣ бетаваҷҷӯҳӣ кард.
Ӯ ҳамчунин эълом кард, ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ғайринизомии Санъо ва устони Ҳадида танҳо боиси азму иродаи бештари мардуми Яман барои ҳимоят аз фаластиниён мешавад.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар поён бо таъкид бар ин ки амалиётҳои ин кишвар то замони таваққуфи таҷовузот дар навори Ғазза мутаваққиф нахоҳад шуд, ҳушдор дод, Яман аз зарфиятҳои бештаре бархӯрдор аст ва метавонад мавориди аҳдофи худро дар Фаластини ишғолӣ густариш диҳад ва таъсисоти ҳаётии режими саҳюнистиро ҳадаф қарор ҳад.
Қаламонлайн