Яманиҳо охирин ҳушдори Амрикоро ҳам ба ҳеч гирифтанд
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои дарёии давлати наҷоти миллии Яман (таҳти ҳокимияти ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман) дирӯз ва соатҳое пас аз судури баёнияи муштараки эътилофи дарёӣ ба раҳбарии Амрико, бо як қоиқи интиҳорӣ ба новҳои омрикоии мустақар дар баҳри Сурх ҳамла карданд.
Ба гузориши ABC News, соатҳое пас аз судури баёнияи эътилофи дарёӣ ба раҳбарии Омрико, ки мақомоти Вошингтун гуфтанд, ки дар ҳукми охирин ҳушдори онҳо ба давлати Санъо барои даст кашидан аз ҳамалот ба киштиҳои тиҷории исроилӣ дар баҳри Сурх аст, як қоиқи бидуни сарнишини интиҳорӣ, ки аз минтақаи таҳти контроли ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман меомад, қабл аз мунфаҷир шудан, ба чанд метрии новҳои омрикоӣ дар баҳри Сурх расид ва бино ба гуфтаи манобеъ низомии омрикоӣ, аз сӯйи нерӯи дарёии Омрико мунҳадим гардид.
Дарёсолор Брэд Купер, раиси амалиёти нерӯи дарёии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна, дар ин бора гуфт: «Ин аввалин бор аст, ки Ҳусиҳо (ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман) тайи ҳафтаҳои гузашта ва дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба Ғазза, аз як қоиқи тундрави бидуни сарнишин (интиҳорӣ) алайҳи нерӯҳои омрикоӣ дар баҳри Сурх истифода мекунанд.
Фабиан Ҳинтс, коршиноси мушакӣ ва пажӯҳишгари муассисаи байналмилалии мутолеоти стратегӣ, гуфт, ки қоиқҳои бидуни сарнишини интиҳорӣ бахши муҳимме аз зарродхонаи дарёии Ҳусиҳо ҳастанд ва дар набардҳои қаблӣ алайҳи нерӯҳои эътилофи саудӣ, ки дар ҷанги Яман мудохила карданд, истифода шудааст.
Ҳинтс муддаӣ шуд, ки бештари ин қоиқҳо эҳтимолан дар Яман мунтож мешаванд, аммо ағлаб бо қатаъоти сохти Эрон, монанди системҳои ҳидояти компютерӣ, насб мешаванд.
Баёнияе, ки рӯзи чаҳоршанбе тавассути 13 кишвар: Иёлоти Муттаҳида, Устролиё, Баҳрайн, Белжик, Конодо, Донморк (Дания), Олмон, Итолиё, Жопун (Япония), Ҳуланд (Нидерланд), Зеландияи нав, Сингапур ва Ангилис имзо шуд, ба давлати Санъо (ҷунбиши Ансоруллоҳ) дар бораи тадовуми ҳамалот ба киштиҳои тиҷории озими Исроил ҳушдор дод ва яке аз мақомоти аршади давлати Бойден онро охирин ҳушдор ба яманиҳо пеш аз иқдом, тавсиф кард.
Дар баёнияи ин кишварҳо омадааст: “Мо хостори поёни фаврии ин ҳамалоти ғайриқонунӣ ва озодии хадамаи киштиҳои тавқифшуда, ки ба сурати ғайриқонунӣ тавқиф шудаанд, ҳастем. Агар Ҳусиҳо ба таҳдиди зиндагӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷараёни озоди тиҷорат дар оброҳҳои ҳаётии минтақа идома диҳанд, масъулияти авоқиб ионро бар ӯҳда хоҳанд дошт.”
Пас аз ҳамлаи дирӯзи яманиҳо бо қоиқи интиҳорӣ, сарлашкар Пэт Райдер, сухангӯи Пентогун ба таври сареҳ нагуфт, ки оё пас аз ин воқеаи рӯзи панҷшанбе, иқдоми низомӣ анҷом хоҳад шуд ё на; чун Омрико рӯзи чаҳоршанбе эълом карда буд, пас аз ин дигар ҳушдор нахоҳем дод ва иқдом хоҳем кард.
Райдер гуфт: “Баёния бисёр возеҳ ва гӯёст, ки ба намояндагӣ аз бисёре аз кишварҳо содир шуда ва таъкид кард, ки агар ин ҳамалот мутаваққиф нашавад, авоқибе дар пай хоҳад дошт.”
Аз охирҳои октябр, ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман теъдоди зиёде паҳпод ва мушаки болистикро ба самти киштиҳои тиҷории исроилӣ ва ё озими Исроил дар баҳри Сурх шиллик кардааст. Яманиҳо мегӯянд, шарти поён додан ба ин ҳамалот, таваққуфи ҷиноёти Исроил алайҳи Ғазза ва рафъи муҳосараи ғайриинсонӣ таҳмил шуда ба мардуми Ғазза аст.
Купер гуфт, ки аз замони оғози ҳамалоти яманиҳо, дар маҷмӯъ 61 мушак ва паҳподи яманӣ шиллик шуда, онҳо тавассути новҳои ҷангии Омрико сарнагун шудааст.
Ҳамалоти яманиҳо мунҷар ба таътилии бандари муҳимми Илот дар ҷануби Исроил шуда ва садамоти иқтисодии густурдае ба тиҷорати дарёии Исроил таҳмил кардааст.
Дар вокуниш ба ҳамалоти яманиҳо, Ллойд Остин, вазири дифоъи Омрико дар моҳи декабр, аз ташкили як эътилофи дарёӣ таҳти унвони “Нигҳбони рифоҳ” барои он чи ки муҳофизат аз ҷараёни киштиронии тиҷории байналмилалӣ дар баҳри Сурх хонда, хабар додааст.
Купер гуфт, аз замони оғози амалиёти эътилофи дарёии «Нигаҳбони рифоҳ», 1500 киштии тиҷорӣ тавонистаанд ба саломат аз баҳри Сурх убур кунанд.
Ин иддао дар ҳоле аст, ки яманиҳо бо киштиҳои тиҷории озими дигар манотиқи дунё коре надоранд ва танҳо ҳадафи онҳо киштиҳои исроилӣ ва ё киштиҳои озими бандарҳои Исроил будааст. Онҳо ибтидо ба киштиҳои озими бандаҳои Исроил чанд бор ҳушдор медиҳанд, ки тағйири масир диҳанд ва дар сурате, ки киштиҳо ба идомаи масир исрор варзанд, онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд ва ё дар сурати имкон тавқиф мекунанд.
Купер гуфт, ки амалиёти «Нигаҳбони рифоҳ» сирфан моҳияти дифоъӣ дорад ва аз ҳар гуна иқдоми низомӣ, ки мумкин аст дар сурати идомаи ҳамалоти Ҳусиҳо анҷом диҳад, ҷудо аст.
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса бештари киштиҳои ҷангии эътилофи дарёии “Нигҳбони рифоҳ”-ро дар баҳри Сурх таъмин мекунанд ва Юнон ва Донморк низ қарор аст ба зудӣ бо киштиҳои ҷангии худ ба эътилофи баҳри Сурх бипайванданд.