Ёдат мекунам…

Адаб
Ёдат мекунам…
Лоиқ Шералӣ
Нам-нами борон чу ёдат кард, ёдат мекунам…
Барги гул чун бӯи ту овард, ёдат мекунам…
Дарди ишқат мард буду, қисматам номард буд…
Ман ба қасди қисмати номард, ёдат мекунам..!
Ишқи ту дар сурати ашъори дардолуди ман,
Мисрае гар дар дилам парвард, ёдат мекунам..!
Ман агар нозукписандам аз назокатҳои туст,
Бар сари гул чун нишинад гард, ёдат мекунам!
Гармиву сардии дунёро зи ишқат дидаам…
Зери ин гардуни гарму сард, ёдат мекунам!
Ҳар куҷое ҳам ки бошӣ дур аз ман нестӣ…
Бо алам, бо доғи дил, бо дард, ёдат мекунам!
Лоиқ Шералӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амрико дар ҳашт моҳ, 1000 виза барои тоҷикон содир кардааст
Таълиму тарбият дар ислом-I

Матолиби пурбоздид