Қасидаи матонат ва хиҷолат
Ёддошти Додоҷон Аовуллоев
Таърих чунин набардеро ёд надорад, ки як кишвари кӯчак дар баробари лашкари ними дунёи ба ном мутамаддин ва пешрафта истодагарӣ карда бошад!
Дунё аз Исроил талаб дорад, ки ба ҷанги бераҳмона бар зидди Фаластин хотима диҳад. Дар Исроил истеъфои Нотаняҳуи хунхорро мехоҳанд.
Бо ин ҳама наслкушӣ (генотсид) дар Ғазза идома дорад. Одамони бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон на танҳо аз тиру туфанги давлати теруристии Исроил кушта мешаванд, балки аз гуруснагӣ ҳам.
Матонат, садоқат, ҷасорат, иззат ва номуси фаластиниҳо дарси одамият ба ҷаҳониён гаштааст.
Фаластин барои ман дорулфунуни муқовимат бар зидди истибдод ва академияи ватандорию озодихоҳист!
Дуруд бар рӯҳи шикастнопазири мардуми Фаластин!
Дуруд бар миллате, ки тамоми ҷаҳони Ғарб сели қаҳру ғазабашро ба рағмаш равона кард ва дар ин сел худаш ғарқ шуд.
Дуруд бар миллати кӯчаке, ки на дар Ғарб ёр дораду на дар Шарқ!
Дуруд бар миллате, ки ҳар рӯз тонна-тонна бар сараш бомба мерезанд, аммо сарашро хам накард.
Дуруд бар шарафат фаластинӣ!
Мурам бар имону инсофу инсониятат!
Дуруд бар як села парастуҳое, ки бо фишори миллионҳо лошахӯру шағолон боз ҳам тарки боғи худ намекунанд.
Дуруд бар миллате, ки таъзиму тамаллуқу таслимро намешиносад!
Дуруд бар бонувони қаҳрамоне, ки қаҳрамон тарбият мекунанд!
Дуруд бар қаҳрамононе, ки бо санг дар муқобили ҷангандаҳо, тонку тӯпҳои ихтироъи охирин истодагарӣ мекунанд.
Дуруд бар миллате, ки шаҳрҳояшро ба хоки сияҳ баробар карданд, дару деворашро бо хун сурх карданд, аммо натавонистанд, ба он ҷомаи сиёҳи беиззатӣ ва бешарафӣ бипӯшонанд.
Имрӯз фаластинӣ будан, ҳамдину ҳамкеши фаластинӣ будан мӯди охирини ҷаҳонӣ шуд! Ҳазорон одамон аз динҳои дигар танҳо ба хотири фаластиниҳо ба дини мубини ислом мегараванд.
Дуруд бар Фаластин ва фаластиниҳо!
Марги шумо аз зиндагии мо беҳтар аст!
Шумо, фаластиниён, шайху шоҳони арабро дар хиҷолат мондед. Қабри шумо аз қасрҳои онҳо беҳтар аст. Онҳо дар болини қу сар мемонанд, вале сарашон ҳамеша хам хоҳад буд. Шумо сарпаноҳ надоред, аммо сари шумо рамзи баландиҳост.
Шумо ниқоби мусалмонони ҷаълиро кашидед. Онҳо то мурданашон аз хиҷолат дард хоҳанд кашид, зеро шуморо танҳо гузоштанд. Хиҷолат дору надорад.
Шумо ҳама сохторҳои байналмилалиро то худи СММ (ООН)-ашон дар хиҷолат гузоштед!
Шумо қариб 8 миллиард аҳолии ҷаҳонро дар хиҷолат мондед, ки бештарашон ба фоҷиаи Фаластин тамошобин буданд. Фаластин барои онҳо театре дар зери осмон буд, ки дар он Ҳитлери охирзамон, Заҳҳоки даврон – Нотаняҳу қатлу кушторро бо бадтарин шеваҳо намоиш медиҳад. Бойдену Шолтсу Макрону роҳбарони дигари Ғарб барояш каф мекӯфтанд. Шумо онҳоро ҳам дар хиҷолат мондед!
Ман низ яке аз хиҷолатзадагонам, ки дар паҳлӯи шумо нестам!
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Фаластини озод ва мустақил!
Додоҷон Атовуллоев
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: