Ҳалқаи оташи Эрон
Ёддоште аз женерол Яаков Амидрор дар нашрияи исроилии JNS (Jewish News Syndicate – Иттиҳодияи хабарии яҳуд)
Тазаккур: Ин мақола бо нигоҳ ва сӯгирии хосси як женероли исроилӣ нигориш шуда ва аз ин ҷиҳат дар бархе маворид бо воқеиятҳои мусаллами майдонӣ фосила дорад, аз ҷумла дар иддаои адами тавоноии Меҳвари Муқовамат дар ҷойгузини фармондеҳони аршади теруршудаи эронӣ ва аз ин рӯ фақат ҷиҳати ошноӣ бо дидгоҳи саҳюнистҳо дар бораи ҷанги кунунӣ оварда мешавад:
* * *
Терури як афсари аршади Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар Димишқ, зарбае ба истротежӣ (стратегия)-и Эрон барои ҳифзи фосила аз иқдомоти ниёбатии худ дар минтақа ворид кард.
Эрон дар тӯли солҳо як роҳбурди ҳушмандона барои ҷанг бо Исроил сохтааст. Ин истротежӣ ду ҷузъи аслӣ дорад:
1- Тавсиаи тавонмандии ҳастаии низомӣ барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти хасмона алайҳи Эрон, ки Теҳронро қодир месозад, то ба фаъолиятҳои таҳоҷумии худ дар саросари минтақа, умдатан алайҳи Исроил ва ҳамчунин алайҳи Иёлоти Муттаҳида, идома диҳад ва ҳатто густариш диҳад;
2- Муҳосираи Исроил бо “ҳалқаи оташ”, ки шомили Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза, шибҳинизомиёни хориҷӣ дар Сурия, Ҳусиҳо дар Яман ва шибҳинизомиёни тарафдори Эрон дар Ироқ аст.
Фармондеҳи собиқи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, Қосим Сулаймонӣ низ орзуи эҷоди як нерӯи мустақилли эронӣ дар Сурияро дошт, аммо амалиётҳои Исроил дар солҳои гузашта иҷрои комили ин амрро ғайримумкин кард.
Асли роҳнамои ин ҳалқаи оташ равшан аст: Эрон аз батни даргириҳои мустақим дур монда ва зоҳиран дахолате надорад, зеро ҳеч масъулияти мустақиме дар қиболи ҳар гуна иқдоми ин аносир надорад. Эрон монанди ухтопусе (ҳаштпое) аст, ки марказ ва мағзаш масъули аъмоли бозуҳои дарозаш нест ва душманонашро аз муқобила ба мисл бо қудрати ошкор бозмедорад.
Як сигноли қавӣ барои Эрон
Барои Исроил муқобила бо орояе аз нерӯҳое, ки Эрон аз ҳама тараф даври он эҷод карда, душвор аст; бинобар ин, ҳазфи комили қудрати низомии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Ғазза бисёр муҳим аст, то барои ухтопус ва дастнишондаҳои он мушаххас шавад, ки убур аз хутути қирмиз, ба вокунишҳои шадиди Исроил мунҷар мешавад: ин воқеият, ки бисёре аз аносири “ҳалқаи оташ” лузуман ба Исроил наздик ҳастанд, онҳоро дар маърази қудрати комили низомии Исроил қарор медиҳад.
Аммо ҳатто агар Исроил дар ба ҳадди ақал расондани тавоноии Эрон барои амалиёти нерӯҳои ниёбатии худ дар Ғазза муваффақ шавад (ва барои анҷоми ин кор, артиши Исроил бояд вориди Рафаҳ шавад ва 4 гурдони Ҳамосро дар онҷо аз байн барад), Эрон баҳоеро пардохт накарда ва ҳеч зарбаи мустақиме ба он ворид нашудааст.
Бо ин ҳол, ҳамлаи 1-апрел ба Димишқ, ба Эрон равшан кард, ки ин масуният тазмин нашудааст ва агар ин кишвар иқдомоти худро алайҳи Исроил афзоиш диҳад, ҳар эронӣ, ки ба Исроил наздик шавад, як ҳадафи қонунӣ хоҳад буд.
Ҳамла ба сохтмони муҷовири сафорати Эрон дар Димишқ, ки эрониҳо онро консулгарӣ меноманд, як сигноли қавӣ ба Эрон аст, ки идомаи иқдомоташ, Исроилро ба ҳамлаи мустақим ба он наздик мекунад.
Амалиёт алайҳи яке аз мақомоти аршади Сипоҳ дар наздиктарин минтақа ба сафорати Эрон; минтақае, ки қаламрави Эрон дар Димишқ маҳсуб мешавад, ҳушдоре барои Теҳрон аст, ки фаротар аз аҳаммияти фармондеҳони аршадест, ки аз даст додааст.
Дар ин ҳамла, фармондеҳони аршади эронии ботаҷриба кушта шуданд. Ин мунҷар ба фурӯпошии Сипоҳ нахоҳад шуд, аммо кори онҳо барои фаъолият дар арсаи атрофи Исроил душвортар хоҳад шуд. Ҷолиб аст, ки бибинем оё Эрон метавонад ҷойгузини муносибе барои фармондеҳони теруршуда биёбад ё на. Эрон дар ин замина корномаи хубе надорад – то ба имрӯз Теҳрон ҷойгузини муносибе барои Сулаймонӣ пайдо накардааст, ҳамон тавр, ки Ҳизбуллоҳ ҷойгузине барои Имод Муғния пайдо накардааст.
Исроил бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки эрониҳо талоши зиёде барои ёфтани ҳадафи муносиб барои интиқом хоҳанд кард. Онҳо ба эҳтимоли зиёд набардҳоро дар Лубнон ташдид нахоҳанд кард, зеро зоҳиран алоқае ба эҷоди як ҷанги бузург, ки дар он Ҳизбуллоҳ садамоти шадиде мутаҳаммил шавад, надоранд.
Дар иваз, онҳо эҳтимолан ба дунболи як ҳадафи дарднок ҳастанд, ки мунҷар ба ташдиди таниши минтақаӣ намешавад, аммо талафоти бераҳмонае хоҳад дошт. Бомбборони сафорати Исроил дар Оржонтин (Аргентина) дар соли 1992 пас аз терури Аббос Мӯсавӣ – дабири кулли Ҳизбуллоҳ (ки қабл аз Ҳасан Насруллоҳ буд) мисоли муносибе аз таърих аст.
Амалиёти Димишқро бояд дар пасзаминаи муборизаи мустақим байни Исроил ва Эрон дарк кард. Дар ин мисол, ҳадафи мушаххаси осеб ворид кардан ба бахши муҳимме аз истротежии Эрон аст: тавоноии Теҳрон барои фосила гирифтан аз масъулияти иқдомоти худ ва намояндагонаш дар минтақа ба баҳонаи ин ки мустақиман даргири он нест.
Ин амалиёт, роҳбурди деринаи Эронро тағйир нахоҳад дод, аммо идомаи иҷрои онро душвор хоҳад кард ва Эрон ҳам ба навбаи худ тамоми талоши худро барои ғалаба бар он ва идомаи амалиёти таҳоҷумиаш, ки дар тӯли ҷанги Ғазза ташдид шудааст, анҷом хоҳад дод.
JNS
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: