Ҳамалоти Исроил ба Эрон ба поён расид
Ахбори байналмилал
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, режими Исроил расман эълон кард, ки ҳамалоташ ба поён расидааст.
Тибқи ин гузориш, Исроил эълон карда, ки танҳо ба чанд пойгоҳи низомӣ ҳамла карда ва аз ҳамла ба таъсисоти атомӣ парҳез кардааст.
Бар мабнои ин гузориш ва бо такя ба сухангӯи артиши Исроил, ин кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, то ба Эрон фишор оваранд, ки ҳамлаи ҷавобӣ надиҳад, зеро ин ҳамлаҳо – ба қавли Исроил – фақат дар ҷавоби ҳамлаи 1-октябри Эрон будааст.
Қаламонлайн