Ҳамла аз хоки Ироқ ба Телавив

Ҳамла аз хоки Ироқ ба Телавив

Ҳамлаи бесобиқа аз хоки Ироқ ба Телавив

Ахбори байналмилал

Муқовамати исломии Ироқ, аз ҳамлаи мушакӣ ба Телавив ва нуқоти дигаре дар Исроил хабар дод.

Ба гузориши Алмаёдин, муқовамати исломии Ироқ дар идомаи амалиётҳои зидди саҳюнистии худ дар вокуниш ба ҷиноёти ҷангии Исроил дар Ғазза, бомдоди ҷумъа се нуқта дар Исроилро мавриди ҳамла қарор дод.

Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар ҳоле вориди 210-умин рӯзи худ шуда, ки дар пайи он ҳудуди 35 ҳазор нафар аз мардуми ин борика шаҳид шудаанд, ки ағлаби онҳо кӯдакон ва занон ҳастанд.

Муқовамати исломии Ироқ дар баёнияи нахусти худ эълом кард, бо мушаки круз ба ҳадафе муҳим дар Беъруссабъ, воқеъ дар ҷануби Исроил ҳамла кардааст.

Муқовамати Ироқ дар баёнияи дуввуми худ эълом кард, бо мушакҳои круз ба 2 ҳадафи муҳим дар Телавив ҳамла кардааст; ҳамлае, ки Алмаёдин онро аввалин ҳамла ба пойтахти режими саҳюнистӣ аз хоки Ироқ тавсиф кардааст.

Пойгоҳи “Собирин нюз” ба нақл аз манобеъи огоҳ навишт, муқовамати Ироқ маркази ҷосусии “Глиют” мутаъаллиқ ба Мусод (Созмони ҷосусии Исроил) дар Телавивро ҳадаф қарор додааст.

Муқовамати Ироқ дар баёнияи севвуми худ низ аз ҳамла бо “силоҳи муносиб” ба як ҳадафи муҳим дар Баҳрулмайит хабар дод.

Муқовамати Ироқ ҳамчунин наворе аз шиллики мушакҳои круз ба самти Беъруссабъ ва Телавивро мунташир кард.

Муқовамати исломии Ироқ дар ин баёнияҳо таъкид карда, ки ба ҳамалоти худ алайҳи режими саҳюнистӣ идома хоҳад дод.

Ин ҳамалот дар ҳоле аст, ки муқовамати Баҳрайн ҳам шомгоҳи панҷшанбе ва барои нахустин бор, аз ҳамлаи паҳподӣ ба Илот хабар дод.

Дар пайи ҳамалот густардаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, гурӯҳҳои муқовамат дар минтақа аз ҷумла дар Лубнон ва Ироқ ва ҳамчунин артиши Яман, ба амалиётҳои талофиҷӯёнаи худ идома медиҳанд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовамати исломии Баҳрайн – ҷабҳаи ҷадиди дар ҷанг бо Исроил
Темурмалик ба ривояти Хондамир дар “Ҳабиб-ус-сияр”

Матолиби пурбоздид