Ҳамлаи Абдулборӣ Атвон ба ҳукумати ҷадиди Сурия
Байналмилал
Ҳамлаи бесобиқаи Абдулборӣ Атвон ба ҳуккоми ҷадиди Сурия
Абдулборӣ Атвон, коршиноси машҳури фаластинӣ ва сардабири рӯзномаи “Раъюл-явм”, бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар Сурия ва ҳуҷуми саҳюнистҳо ба ин кишвар, адами вокуниш ва сукути Ҷулонӣ ва ансори ӯро ба шиддат интиқод кард.
Инак, бахше аз суханони Атвон дар ин хусус:
“Исроил таҷовуз мекунад ва Натонёҳу мегӯяд, мо Кохи риёсати ҷумҳуриро бомбборон кардем, мо Вазорати дифоъро дар қалби Димишқ бомбборон кардем, мо мақарри фармондеҳии Ситоди кулли артиши Сурияро бомбборон кардем.
Хуб, оё таҳқири бештаре аз ин вуҷуд дорад? Хуб, бародари ман, шумо ҳам бомбборон кунед! Чаро бомбборон намекунед?
Бояд муқовимате вуҷуд дошта бошад, муқовимат дар баробари ишғол, муқовимат дар баробари ин такаббур, на таслим шудан. Мегӯянд: ба нафъи мардуми Сурия аст даст нигаҳ дорем ва маслиҳат дар ақибнишинӣ аст, то ҷанг густариш пайдо накунад.
Бародари ман! Ту ҳам биҷанг. Онҳо ҷангро густариш додаанд. Минтақа шоҳиди сенориюе хоҳад буд, ки ба даргириҳои дохилӣ мунҷар мешавад. Давлати ишғолгари Исроил густариши ҷангро ба минтақа таҳмил кардааст. Аммо Исроил баҳои бисёр сангине барои ин сиёсат хоҳад пардохт.
Ҳамаи миллатҳои араб, бидуни истисно, мехоҳанд аз шарри ин режими буздил, ки бар гардани онҳо нишаста раҳоӣ пайдо кунанд.
Ин бад-ин маъност, ки режимҳои ҳокими буздил баҳои ин таҳаввулотро хоҳанд пардохт. Ҳамаи ҳокимон сарашонро дар баробари Исроил хам кардаанд, ҳама таслим шудаанд. Ҳама иддао мекунанд, ки маслиҳати кишварҳо дар сабот аст ва мо набояд танишро афзоиш диҳем.
Хуб, бародари ман, чаро ҷавоби танишафзоии онҳоро намедиҳӣ? Чаро муқобила намекунӣ? Исроил таҷовузро шурӯъ кард, Исроил бо иддаои дурӯғ, худашро ҳомии дурзиҳо нишон дод.
Нуктаи аслӣ ин ҷост, ки мо фақат бо фурӯпошии арабӣ рӯбарӯ нестем. Фурӯпошии арабӣ ба вуҷуд омада. Дар остонаи фурӯпошии Исроил ҳам ҳастем. Исроил дар чандин ҷабҳа меҷангад; дар Лубнон ва дар навори Ғазза меҷангад, дар Сурия меҷангад, дар Яман меҷангад.
Оё Исроил метавонад дар ҳамаи ин ҷабҳаҳо биҷангад? Қатъан ба таври комил фарсуда хоҳад шуд, бо ин ҷангҳо Исроил фарсуда мешавад.
Исроил мехоҳад ҳамаи ҷануби Сурияро тасарруф кунад. Баъд коре кунад, ки суриҳо комилан минтақаи Ҷулонро фаромӯш кунанд ва бар Сувайдо, Даръо ва ҷоҳои дигар тамаркуз кунанд. Ин ҳадафи Натонёҳу аст.
Қаламонлайн