Ҳамлаи террористӣ дар Қандаҳор
Ахбори байналмилал
21 тан шаҳид ва 50 тан захмӣ дар амалиёти интиҳорӣ дар Қандаҳори Афғонистон
ДОИШ масъулияти онро расман ба ӯҳда гирифт
Alalam
Ба гузориши Алъолам, гурӯҳи теруристии ДОИШ бо интишори баёнияе масъулияти ҳамлаи интиҳории рӯзи гузашта муқобили дафтари “Кобул Бонк” дар шаҳри Қандаҳорро бар ӯҳда гирифт.
Баёния номи муҳоҷими интиҳории худро Муовияи Панҷшерӣ эълом кард.
Ба гуфтаи манобеъ, дар ин рӯйдод дастикам 21 тан шаҳид шуда ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд.
Пеш аз ин низ Вазорати дохилаи Толибон эълом карда буд, бар асоси арзёбиҳои ибтидоӣ, ин ҳамла тавассути гурӯҳи теруристии ДОИШ анҷом шудааст.
Ин ҳамла вокунишҳоеро низ дар пай дошт, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқ Афғонистон зимни маҳкумияти ҳамла, онро иқдоме ғайри исломӣ ва ғайри инсонӣ хонд.
Аз сӯйи дигар, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи давлати пешин, ҳамлаи субҳи рӯзи гузаштаро ҳамлаи теруристӣ ва муғойири тамоми қавонин ва усул донист.
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: