Ҳаёт – амри маънавист – II

Таърих

Ҳаёт – амри маънавист

Муҳаммадҷон Шакурӣ

Бахши дуввум

Бозсозиву ошкорбаёнии Горбачов, ки соли 1985, оғоз ёфт, заминае фароҳам овард, ки мероси равшангарони ибтидои қарни бист низ мавриди пажўҳиш қарор гирад. Моҳи октабри соли 1988 бо ташаббуси Фарҳангистони илмҳои Ўзбекистон дар Тошканд ҷамъомаде доир гардид, ки чанд нафар аз донишмандони Тоҷикистон, як нафар аз Тотористон ва нафаре аз Озарбойҷон иштирок доштанд. Азбаски ҷунбиши ҷадидия дар байни мусулмонони Қрим, Қафқоз, Тотористон ва Осиёи Марказӣ интишор ёфта, хусусияти байналхалқӣ пайдо карда буд, дар ҷамъомади Тошканд қарор дода шуд, ки донишмандони ин минтақаҳо бо ҳамдастӣ таҳқиқи илмии ин ҷараёни бузурги иҷтимоъиву фарҳангиро бояд оғоз намоянд.

Тахминан аз соли 1986-1987 сар карда дар ҳар кадоме аз ин чумҳуриҳо асарҳои равшангарони маорифпарвар ва мақолақое ба чоп расид. Аз ҷумла соли 1989 дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» мизи мудавваре ташкил шуда, зарурати пажўҳиши мероси равшангарон таъкид гардид.

Чун фаронсавиён соли 1994 дар Тошканд муассисае ба номи Институти таҳқиқи Осиёи Марказӣ таъсис доданд, нахустин кореки карданд, ин буд, ки моҳи феврали соли 1995 мизи мудавваре бамавзўъи «Ҷадидизм дар Мовароуннаҳр (садаи 19 ва оғози садаи 20): таърихнигории он ва ақидаи имрўз» ташкил намуда аз Фаронса, Ўзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия 18 нафарро дар Тошканд дар саримизи мубоҳиса нишониданд.

Инҳо ҳама барои равшан шудани масъала, барои ин ки дарбораи ҷадидия тасаввуроте наздик ба ҳақиқат пайдо шавад, моро қадам ба қадам пеш мебарад. Ба ҳар ҳол кам-кам бовар ҳосил мегардад, ки ҷунбиши равшангарон аз ҷумла барои мардуми тоҷик яке аз бузургтарин рўйдодҳои таърихӣ буд.

Осори маорифпарварон, аз ҷумла ҷадидон пеш аз ҳама басифати як қисми мероси маънавии гузаштагон аҳамияти вежа дорад.

Барои ин, ки аҳамияти адабиёти равшангари, ба вежа аҳамияти он барои имрўзи тоҷикон, яъне барои тоҷикони ҳудуди садаи бист ва бисту як беҳтар маълум шавад, ба вазъи таърихии давраи шаклгирии он, ҳатто ба давраи андаке пештар, ба садаҳои 17 ва 18 (12 ва 13 ҳиҷрии қамарӣ) нигоҳе андохтан лозим меояд.

Муаллиф: Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода
Дар ҳошияи мусоҳибаи Муҳйиддин Кабирӣ бо Алҳивор

Матолиби пурбоздид