Ҳаҷ – фаризаи ибодӣ ва сиёсӣ
Ҳаҷ ибодатест, ки анҷоми он аз назари фардӣ ва иҷтимоӣ, дорои осор ва баракоти фаровоне барои ҳоҷиён дорад.
Ҳамон тавре ки маълум аст, ҳаҷ яке аз муҳимтарин умури ибодӣ ва бандагӣ аст ва аз фароизи бузурги исломӣ дониста мешавад.
Мусалмонон бо даст ёфтан ба шароите, барояшон воҷиб мешавад, дар даҳаи аввали моҳи зилҳаҷҷа ба Масҷидулҳаром дар шаҳри Маккаи Муаззама мушарраф шуда ва маҷмӯае аз аъмоли ибодиро ба ҷой оваранд.
Бояд ёдовар шавем, ки ҳаҷ бо ин ки як ибодат ва фаризаи бузурги илоҳӣ аст, инчунин як ибодати бузурги сиёсӣ низ мебошад ва дар ин ибодат, масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ матраҳ хоҳад шуд.
“Ҳаҷ, намехоҳад як ақида, як дастур ва ё як арзишро тарҳ кунад. Ҳаҷ, тамоми ислом аст…
Чунин менамояд, ки Худо ҳар чиро хостааст ба одамӣ бигӯяд, якҷо дар ҳаҷ рехтааст. Ҳаҷ дар як нигариши куллӣ, сайри вуҷудии инсон аст ба сӯи Худо. Ва дар як калима, ҳаҷ шабеҳи “офариниш” аст.
Ҳама чиз бо кандани ту аз худат, аз зиндагиат ва аз ҳамаи ъулқаҳоят, оғоз мешавад… Ҳиҷрат ба сӯи абадият; ба сӯи дигарӣ, ба сӯи Ӯ… Ҳиҷрат аз хонаи хеш ба хонаи Худо…
Меравӣ ва эҳсос мекунӣ, ки “нест” мешавӣ, аз худ дур мешавӣ ва ба Ӯ наздик.
Ҳама Ӯ мешавад ва ҳама Ӯ мешавӣ ва ту дигар ҳеч…
Мечархӣ ва мечархӣ ва эҳсос мекунӣ, ки ҳеч нест, фақат Ӯ ҳаст; ва ту адамӣ; адаме, ки вуҷуди худро ҳис мекунад, ё вуҷуде, ки адами хешро ҳис мекунад!
Дар ин фазо, ҳеч чиз нест, то дар фаҳми ту ҷоро бар Худо танг кунад, фазо аз Худо лабрез аст!
Бӯйи Ӯро, ба сароҳат ва соддагии бӯйи гул истишмом мекунӣ; ҳузури Ӯро бо чашму гӯшат мебинӣ, дар умқи ҷонат, мағзи устухонат…” (Алии Шариатӣ, Маҷмуаи осор).
Дар ривоёти исломӣ ба ин фаризаи илоҳӣ таваҷҷӯҳи хоссе мабзул шудааст.
Дар ин навиштор ба чанд маврид аз ривоёти исломӣ дар ин мавзӯъ пардохта хоҳад шуд.
Паёмбари Акрам(с) ба марде, ки қасди зиёрати Хонаи Каъбаро дошт, фармуданд:
“Эй зоири Хонаи Ҳақ, назди ман омадӣ, то ҳаҷ ва умраат ва савобе, ки дар ин ду амал аст, аз ман бипурсӣ?
Пас, таваҷҷуҳ дошта бош, ҳангоме ки дар роҳи ҳаҷ қарор гирифтӣ ва бар маркаби худ савор шудӣ ва он маркаб ба роҳ афтод, қадаме ҳаркат намекунад, магар ин ки Худованд барои ту ҳасанае сабт мекунад ва сайиае (гуноҳ, амали зишт) аз ту маҳв менамояд.
Чун эҳром бастӣ ва талбия (лаббайк) гуфтӣ, Худованди Меҳрубон ба ҳар талбияе даҳ ҳасана бароят сабт мекунад ва даҳ гуноҳ аз ту пок менамояд.
Чун ҳафт мартаба ба тавоф бархостӣ, ба хотири он назди Худованд паймон ва ёде бароят мемонад, ки баъд аз он, ҳазрати Ҳақ аз азоби ту ҳаё мекунад.
Он гоҳ ки назди мақоми Иброҳим ду ракъат намоз ба ҷой овардӣ, савоби ду ракъат намози қабулшуда бароят сабт мегардад.
Ҳангоме ки ҳафт маротиба саъйи Сафо ва Марва намудӣ, савоби ту назди Ҳақ монанди касест, ки аз шаҳри худ бо пои пиёда ба ҳаҷ омада ва монанди аҷри касест, ки ҳафтод бардаи мӯъминро дар роҳи Худо озод кардааст!
Чун то ғуруби офтоб ба Арафот вуқуф кардӣ, мавриди омурзиши Ҳақ қарор мегирӣ, гарчӣ гуноҳонат ба андозаи регҳои анбошта бошад.
Чун рамйи ҷамарот намудӣ, ба ҳар реге, ки мезанӣ, даҳ ҳасана бароят навишта мешавад ва ба андозаи ояндаи умрат ин даҳ ҳасана ба таври мураттаб бароят сабт мегардад.
Ва ҳангоме ки ба забҳи гӯсфанд ё наҳри шутур (қурбонӣ) иқдом кардӣ, ба ҳар қатраи хуне, ки аз он мерезад, то поёни умр пайваста барои ту даҳ ҳасана навишта мешавад.
Чун ҳафт бор ба унвони тавофи зиёрат ба даври хонаи Ҳақ бигардӣ ва назди мақом ду ракъат намоз ба ҷой оварӣ, фариштаи карим барду шонаат мезанад, сипас мегӯяд: Он чӣ бар ту газшт, омурзида шуд, акнун то саду бист рӯз амаро аз сар бигир, ки гуноҳе бар ту нест!
Дар ривояти дигаре фармудаанд:
“Ҳар кас ҳафт бор ба даври ин Хона тавоф кунад ва ду ракъат намози тавофро ба хубӣ анҷом диҳад, гуноҳонаш омурзида мешавад”.
Инчунин Имом Содиқ(а) фармуданд:
“То Каъба барпост, дин барпост”.
Расули Худо(с) фармудаанд:
“Худованд аз шаҳрҳо, чаҳор шаҳрро баргузидааст ва фармудааст: “Ваттини ваззайтун ва Тури Синин ва ҳозал баладил амин” – манзур аз Тин, Мадина аст ва манзур аз зайтун Байтулмуқаддас аст ва мақсуд аз Тури Синин Куфа аст ва мақсуд аз шаҳри амн, Маккаи Муаззама аст”.
Дар ривояте аз Имом Боқир(а) нақл шудааст, ки фармуданд:
“Ҳар касе, ки қасди ин Хона (Хонаи Каъба) мекунад, агар се хислат надошта бошад, мавриди эътино қарор нахоҳад гирифт:
Аввал: Тақво ва варае, ки ӯро аз гуноҳон боздорад;
Дуввум: Ҳилму бурдборӣ, ки хашми ӯро пешгирӣ кунад;
Севвум: Ҳусни муошират – муоширати некӯ бо ҳамроҳон”.
Паёмбари Акрам(с) дар мавриди оби Замзам фармуданд:
“Оби Замзамро ба ҳар қасде, ки бинӯшад, барои он шифост!”
(А.З)
Қаламонлайн