Ҳикояти малик ва дарвеши тамаъкор

Адаб

Ҳикояти малик ва дарвеши тамаъкор

Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ

Яке аз мулукро шунидам, ки шабе дар ишрат рӯз карда буду дар поёни мастӣ, ҳамегуфт:

Моро ба ҷаҳон хуштар аз ин якдам нест

К-аз неку бад андешаву аз кас ғам нест.

Дарвеше ба сармо берун хуфта буду гуфт:

Эй он ки ба иқболи ту дар олам нест

Гирам, ки ғамат нест, ғами мо ҳам нест?

Маликро хуш омад, суррае ҳазор динор аз равзан берун дошт, ки доман бидор, эй дарвеш.

Гуфт: Доман аз куҷо орам, ки ҷома надорам.

Маликро бар ҳоли заифи ӯ риққат зиёд шуду хилъате бар он мазид карду пешаш фиристод.

Дарвеш мар он нақду ҷинсро ба андак замон бихӯрду парешон карду боз омад.

Қарор бар кафи озодагон нагирад мол

На сабр дар дили ошиқ, на об дар ғирбол.

Дар ҳолате ки маликро парвои ӯ набуд, ҳол бигуфтанд. Ба ҳам баромаду рӯй аз ӯ дарҳам кашид; ва аз ин ҷо гуфтаанд асҳоби фитнату хибрат, ки аз ҳиддату саврати подшоҳон барҳазар бояд будан, ки ғолиби ҳиммати эшон ба муаззамоти умури мамлакат мутаалиқ бошаду таҳаммули издиҳоми авом накунад.

Ҳаромаш бувад неъмати подшоҳ

Ки ҳангоми фурсат надорад нигоҳ.

Маҷоли сухан то набинӣ зи пеш

Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш.

Гуфт: Ин гадои шӯхи мубаззирро, ки чандон неъмат ба чандин муддат барандохт биронед, ки хазонаи байтулмол луқмаи масокин аст, на тӯъмаи ихвонуш шаётин.

Аблаҳе, к-ӯ рӯзи рӯшан шамъи кофурӣ ниҳад

Зуд бинӣ, к-аш ба шаб рӯған набошад дар чароғ.

Яке аз вузарои носеҳ гуфт: Эй Худованд, маслиҳат он бинам, ки чунин касонро ваҷҳи кифоф ба тафориқи муҷро диҳанд, то дар нафақа исроф накунанд, аммо ончи фармудӣ, аз заҷру манъ, муносиби ҳоли арбоби ҳиммат нест, якеро ба лутф умедвор гардонидану боз ба навмедӣ хаста кардан.

Ба рӯи худ дари таммоъ боз натвон кард

Чу боз шуд, ба дуруштӣ фароз натвон кард

Кас набинад, ки ташнагони Ҳиҷоз

Бар сари оби шур гирд оянд

Ҳар куҷо чашмае бувад ширин

Мардуму мурғу мур гирд оянд.

Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Режим ва саломатӣ
Оё саҳюнистҳо аз Фаластин берун ронда мешаванд?

Матолиби пурбоздид