Ҳикояти марди ношинос

Таърих

Ҳикояти марди ношинос

Ҳикоятҳои омӯзанда

Зани бечора машки обро ба дӯш кашида буд ва нафас-нафасзанон ба сӯи хонааш мерафт. Марде ношинос ба ӯ бархӯрд ва машкро аз ӯ гирифт ва худаш ба дӯш кашид. Кӯдакони хурдсоли зан чашм ба дар дӯхта мунтазири омадани модар буданд. Дари хона боз шуд. Кӯдакони маъсум диданд, марди ношиносе ҳамроҳи модарашон ба хона омад ва машки обро ба ивази модарашон ба дӯш гирифтааст. Марди ношинос машкро ба замин гузошт ва аз зан пурсид:

— Хуб, маълум аст, ки марде надорӣ, ки худат обкашӣ мекунӣ, чӣ тавр шуда, ки бекас мондаӣ?

— Шавҳарам сарбоз буд. Алӣ ибни Абӯтолиб ӯро ба яке аз марзҳо фиристод ва дар он ҷо кушта шуд. Акнун, манам ва чанд тифли хурдсол.

Марди ношинос беш аз ин, ҳарфе назад, сарро ба зер андохт ва Худоҳофизӣ кард ва рафт. Вале дар он рӯз лаҳзае аз фикри он зану баччаҳояш берун намерафт. Шабро натавонист роҳат бихобад. Субҳи зуд занбиле бардошт ва миқдоре озуқа аз гӯшту орду хурмо дар он рехт ва яксара ба тарафи хонаи дирӯзӣ рафт ва дарро зад.

— Кистӣ?

— Ҳамон бандаи Худои дирӯзӣ ҳастам, ки машки обро овардам, ҳоло миқдоре ғизо барои баччаҳо овардаам.

— Худо аз ту розӣ шавад ва байни мо ва Алӣ ибни Абӯтолиб ҳам Худо худаш ҳукм кунад.

Дар боз шуд ва марди ношинос дохили хона шуд. Баъд гуфт:

— Дилам мехоҳад савобе карда бошам. Агар иҷоза бидиҳӣ, хамир кардан ва пухтани нон ё нигаҳдории атфолро ман ба ӯҳда бигирам.

— Бисёр хуб, вале ман беҳтар метавонам хамир кунам ва нон бипазам. Ту баччаҳоро нигоҳ дор, то ман аз пухтани нон фориғ шавам.

Зан рафт дунболи хамир кардан. Марди ношинос фавран миқдоре гӯшт, ки худ оварда буд, кабоб кард ва бо хурмо бо дасти худ ба баччаҳо хӯронид. Ба даҳони ҳар кадом, ки луқмае мегузошт, мегуфт:

— Фарзандам! Алӣ ибни Абӯтолибро ҳалол кун агар дар кори шумо кӯтоҳӣ кардааст.

Хамир омода шуд. Зан садо зад:

— Бандаи Худо! Ҳамон танӯрро оташ кун.

Марди ношинос рафт ва танӯрро оташ кард. Шӯълаҳои оташ забона кашид. Он мард чеҳраи хешро наздики оташ овард ва бо худ мегуфт:

— Ҳарорати оташро бичаш! Ин аст кайфари он кас, ки дар кори ятимон ва бевазанон кӯтоҳӣ мекунад!

Дар ҳамин ҳол буд, ки зане аз ҳамсоягон ба он хона сар кашид ва марди ношиносро шинохт. Ба зани соҳибхона гуфт:

— Вой ба ҳолат! Ин мардро, ки аз ӯ кӯмак гирифтаӣ, намешиносӣ?! Ин мард, халифаи мусалмононон ва амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб аст.

Зани бечора ҷилав омад ва гуфт:

— Эй ҳазор хиҷлату шармсорӣ аз барои ман! Ман аз ту маъзарат мехоҳам.

— На, ман аз ту маъзарат мехоҳам, ки дар кори ту кӯтоҳӣ кардам.

(Манбаъ: Достони Ростон)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Берун шудан аз ислом ба чӣ маъност?
Додгоҳҳои тафтиши ақоид дар қуруни вусто – II

Матолиби пурбоздид