Ҳоҷати худро ба Ҳақ биспор

Адаб

Ҳоҷати худро ба Ҳақ биспор

Мавлоно дар Фиҳӣ мофиҳӣ мегӯяд:

“Дар Самарқанд будем. Ва Хоразмшоҳ Самарқандро дар ҳисор гирифта буд ва лашкар кашида ҷанг мекард. Дар он маҳалла духтаре буд азим соҳибҷамол чунонки дар он шаҳр ӯро назир набуд. Ҳар лаҳза мешунидам, ки мегуфт:

— Худовандо! Кай раво дорӣ, ки маро ба дасти золимон диҳӣ ва медонам, ки ҳаргиз раво надорӣ ва бар ту эътимод дорам.

Ва чун шаҳрро ғорат карданд ва ҳамаи халқро асир мебурданд ва канизакони он занро асир мебурданд ва ӯро ҳеч аламе нарасид… то бидонӣ, ки ҳар ки худро ба Ҳақ биспурд, аз офатҳо эмин гашт ва ба саломат монд. Ва ҳоҷати ҳеч кас дар ҳазрати ӯ зойеъ нашавад…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рӯзиро пайҷӯӣ кунед
Чароғи лола

Матолиби пурбоздид