Ҳушдори шадиди Эрон ба Исроил

Ҳушдори шадиди Эрон ба Исроил

Ҳушдори шадиди сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон нисбат ба ҳар гуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ

Ахбори байналмилал

Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, нисбат ба ҳар гуна моҷароҷӯии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар қиболи Лубнон ба баҳонаи ҳодисаи Маҷдалшамс воқеъ дар минтақаи Ҷулони ишғолӣ шадидан ҳушдор дод.

Ба гузориши Алъолам, Канъонӣ бо ишора ба баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва низ мавозеъи бархе мақомоти олирутбаи ин кишвар дар нафйи ҳар гуна нақши худ дар ҳамла ба Маҷдалшамс гуфт: “Режими опортойди Исроил пас аз даҳ моҳи куштори ҷамъӣ дар навори Ғазза ва қатли омми кӯдакон ва занони фаластинӣ, бо як сенарияи сохтагӣ, ба дунболи инҳирофи афкори умумӣ ва таваҷҷӯҳоти ҷаҳонӣ аз ҷиноёти густурдаи худ дар Фаластин аст.”

Канъонӣ таъкид кард: “Режими саҳюнистӣ аз камтарин салоҳияти ахлоқӣ барои изҳори назар ва қазоват дар хусуси моҷарои рухдода дар минтақаи Маҷдалшамс бархӯрдор нест ва иддаъоҳои ин режим алайҳи дигарон низ масмуъ нахоҳад буд.”

Вай, ҳимоят аз сабот ва амнияти Лубнон ва минтақа дар муқобили моҷароҷӯиҳои режими мутаҷовизи саҳюнистиро “вазифаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бавежа Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид” донист ва таъкид кард: “Ҳар гуна иқдоми ҷоҳилонаи режими саҳюнистӣ метавонад заминасози тавсиъаи доманаи бесуботӣ, ноамнӣ ва оташи ҷанг дар минтақа гардад, ки дар ин сурат режими ёдшуда масъули қатъӣ ва аслии паёмадҳо ва вокунишҳои пешбининашудаи чунин рафтори аҳмақонае хоҳад буд.”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ба давлати Омрико тавсия кард, ба ҷойи таслеҳи мустамарри режими саҳюнистӣ ба ҷангафрӯзҳои куштори ҷамъӣ ва низ таҷлил аз нахуствазири ҷинояткори ин режим пас аз даҳ моҳи ҷиноёти мустамар алайҳи фаластиниёни сокини навори Ғазза ва каронаи Ғарбӣ, ба масъулияти байналмилалӣ ва ахлоқии худ дар қиболи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ амал кунад ва режими саҳюнистиро аз даст задан ба оташафрӯзии ҷадиде, ки шӯълаҳои он домангири саҳюнистҳо хоҳад шуд, боздорад.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ ба Телавив ҳушдор дод
Сармашқҳои ахлоқӣ

Матолиби пурбоздид