Ҷалилӣ ё Пизишкиён раиси ҷумҳури баъдии Эрон хоҳанд буд

Таҳлили хабарӣ

Ҷалилӣ ё Пизишкиён раиси ҷумҳури баъдии Эрон хоҳанд буд

 Ҷалилӣ кист?

 Пизшкиён кист?

Ахбори байналмилал

Бо поён ёфтани шумориши орои марҳилаи аввали интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, Пизишкиён ва Ҷалилӣ ба даври дуввум роҳ ёфта ва ба ин тартиб яке аз ин ду нафар раиси ҷумҳури давлати чаҳордаҳуми Эрон хоҳад шуд.

Саъиди Ҷалилӣ кист?

Саъиди Ҷалилӣ аз сиёсатмадорони бо гароиши усулгароӣ аст, узви Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ, узви Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва намояндаи раҳбарӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ аст, ӯ пеш аз ин дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва раиси гурӯҳи музокиракунандаи ҳастаии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ буд.

Саъиди Ҷалилӣ, сиёсатмадор ва диплумоти эронӣ, дар 6 сентябри 1965 дар Машҳад ба дунё омад. Падари вай Муҳаммадҳасан муаллим, мудири дабистони Наввоби Сафавии ноҳияи яки Машҳад ва донишомӯхтаи забони фаронса ва аҳли Бирҷанд аст.

Вай, таҳсилоти ибтидоӣ то донишгоҳро дар Машҳад ва таҳсилоти донишгоҳии худро то мақтаъи дуктурои маорифи исломии улуми сиёсӣ аз Донишгоҳи Имом Содиқ ба поён расонд ва дар ин донишгоҳ ба тадриси диплумосии Паёмбари Акрам (с) машғул шуд. Ҳамчунин дар ҷанги Эрон ва Ироқ разманда буд ва дар амалиёти Карбалои 5 пойи рости худро аз даст дод.

Ҷалилӣ дар 26-солагӣ ба риёсати идораи бозрасии Вазорати умури хориҷа баргузида шуд. Вай ба унвони узви Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ, узви ҳақиқии Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва намояндаи раҳбарӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ фаъолият мекунад. Ҳамчунин муддате симати дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва раиси тими музокирҳкунандаи ҳастаии Эронро бар ӯҳда дошт.

Мавозеъи сиёсати хориҷии Саъиди Ҷалилӣ дар мунозира бо руқабои интихоботӣ

Ҷалилӣ дар мунозира бо руқабои интихоботии худ дар хусуси мавозеъи сиёсати хориҷӣ гуфт: “Мо бояд тамоми кишварҳои дунёро (на танҳо Ғарбро) бибинем, мо дар дунё кишварҳои фаровоне дорем, ки заминаи кории бисёре бо онҳо дорем ва бояд авлавиятбандӣ дошта бошем ва бидонем ҳадафамон дар иқтисод чист. Имрӯз ду мавзӯъи аслӣ дар кишвар дорем: нахуст, иштиғол ва дуввум, арзоварӣ ва инҳо бояд амалиётӣ шавад ва амалан дар сиёсати хориҷӣ худашро нишон диҳад.”

Вай афзуд: “Мо имрӯз бузургтарин фурсатҳоро дар сиёсати хориҷӣ дорем, ки мутаассифона иддае дар 8 сол онро аз байн бурданд, ба баҳонаҳои мухталиф наметавонистанд аз ин фурсатҳо истифода кунанд. Ҳаминҳое, ки мегуфтанд мо бо Барҷом мавзӯъро ҳал мекунем, доллари 3000 тумонӣ ба 30 ҳазор тумон тағйир кард ва таҳримҳои 800 маврид табдил ба 1500 маврид шуд, оё мушкили мардумро ҳал кард, бояд ҷавоб бидиҳанд.”

Ҷалилӣ гуфт: “Мегӯянд, шумо, ки коршинос нестед, аз як тараф касеро қабул надоранд ва аз тарафи дигар вафоқ мекунанд. 6 ҷаласа аз баҳсҳое, ки мо дар Барҷом кардем, имрӯз на барои шумо балки барои миллат ва таърих мондааст. Кадом як аз онҳо ғалат даромад. Иддае навиштанд, Зариф гуфт, мешавад, Ҷалилӣ гуфт, намешавад, шумо бигӯед, ки шуд ё нашуд, оё таҳримҳо бардошта шуд?”

Вай афзуд: “Назари коршиносӣ ин аст, бале ҳамон замон, ки мо гуфтем шумо дар замоне инро иҷро мекунед ва ин имтиёзотро медиҳед, ки худи Убомо омад гуфт мо дигар ҳеч абзоре надоштем ва тамоми аҳрумҳои фишори тасоъудии онҳо ба бунбаст мехӯрд, хушбахтона тавонистем тавофуқро анҷом диҳем.”

Ҷалилӣ гуфт: “Мо як оянда дорем ва як гузаштае дорем, ки ҳеч асаре надошт ва таҳримҳоро бартараф накард. Чаро Тромп хориҷ шуд. Мегуфт, шумо ҳама таъаҳҳудотро анҷом додед, мисли касе, ки ҷинсро фурӯхтаед ва мегӯед, ҷинсамро намегирам дар сурате, ки ин талаби миллат аст, ҳаққи миллат аст.”

Вай афзуд: “Мо бояд душманро аз таҳрим пушаймон кунем ва роҳҳои амалӣ барои ин дорем. Иттифоқан бо донишмандонамон ва бо абзори иқтисодӣ ва бо истифода аз ҷавонони мутахассисамон ин иқдомро анҷом диҳем.”

Ҷалилӣ гуфт: “Кори сиёсати хориҷӣ дифоъ аз ҳуқуқи миллат ва манофеъи миллат аст. Аз ҳуқуқи ҳастаии кишвар дифоъ кардем ва бо созукорҳои ҷиддӣ мавзӯъи таҳримро ба зудӣ на танҳо хунсо ва рафъ мекунем, балки бояд таҳримкунандаро пушаймон кунем. Ҷудои аз ин бояд тадбир кард, ки чӣ гуна бо сиёсати хориҷӣ битавон иштиғол эҷод кард ва чӣ гуна арзоварӣ дошт ва чӣ гуна битавонем аз гардишгарӣ дар сиёсати хориҷӣ барои афзоиши даромадҳои кишвар истифода кунем.”

Масъуди Пизишкиён кист?

Масъуди Пизишкиёни ислоҳгаро, дорои мадраки дуктурои ҳирфаии пизишкӣ ва тахассуси ҷарроҳии умумӣ аз Донишгоҳи улуми пизишкии Табрез ва ҳамчунин фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб аз Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон аст.

Ин пизишк ва сиёсатмадори эронӣ дар 29 сентябри 1954 аз падари озарбойҷонӣ ва модари курд дар Маҳобод ба дунё омад. Ӯ таҳсилоти ибтидоии худро дар зодгоҳаш Маҳобод тай кард ва сипас ба Урумия рафт ва дар ҳунаристони кишоварзии Урумия, дипломи санойеъи ғизоӣ гирифт. Пас аз дарёфти диплом, ҷиҳати анҷоми хидмати сарбозӣ ба шаҳри Зобул дар устони Систон ва Балучистон мунтақил шуд ва дар ҳамин давра буд, ки ба пизишкӣ алоқа пайдо кард ва дар натиҷа пас аз итмоми хидмати сарбозӣ, дипломи дуввуми худро дар риштаи улуми таҷрибӣ дарёфт кард ва дар риштаи пизишкии Донишгоҳи улуми пизишкии Табрез пазируфта шуд.

Пизишкиён мадраки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб аз Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дорад, аз ин рӯ дар кобинаи дуввуми Сайид Муҳаммади Хотамӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон пас аз дарёфти раъйи эътимод аз Маҷлиси Шӯрои Исломӣ симати вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкиро бар ӯҳда дошт.

Ӯ сипас ба унвони намояндаи ҳавзаи интихобияи Табрез ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ роҳ ёфт ва дар давраи даҳум, ба унвони ноибраиси аввали Маҷлиси Шӯрои Исломӣ низ интихоб шуд.

Мавозеъи сиёсати хориҷии Пизишкиён дар мунозираи интихоботӣ бо руқабои худ

Пизишкиён дар ин бора хитоб ба мардум хотирнишон кард: “Мардуми азизи Эрон! Мабнои сиёсати хориҷии ман ҳамон се асли иззат, ҳикмат ва маслиҳат аст, аммо дарки ман аз ин усули сегона бо соири номзадҳои ҳозир дар ин ҷамъ мутафовит аст. Ман ҳикмат ва маслиҳатро василае барои расидан ба иззат медонам ва иззатро дар беҳбуди зиндагии шумо ҷустуҷӯ мекунам. Дар як калом сиёсати хориҷиро, ба маънии иртиқои ҷойгоҳ, амният ва иқтидори Эрон дар ҷаҳон ва ҳамчунин таъмини рифоҳ ва осоиш барои так-так эрониён медонам.”

Вай гуфт: “Сиёсати хориҷиро абзоре барои баландовоза кардани номи Эрон ва посдорӣ аз манзилати эронӣ дар ҷаҳон медонам. Тамаддуни куҳан ва қадимии Эрон ҳарф барои гуфтан зиёд дорад. Ман сиёсати хориҷиро муҳимтарин васила барои беҳбуди равобит бо кишварҳо, оддисозии равобити тиҷорӣ бо ҷаҳон аз тариқи рафъи таҳримҳо ва эҳёи санъати пуршӯри гардишгарӣ медонам.”

Пизишкиён хотирнишон кард: “Ман сиёсати хориҷиро барои эҷоди як минтақаи қавӣ ва таҳкими бародарӣ дар кишварҳои ҳамсоя мехоҳам. Ман мехоҳам кишварҳои ҳамсоя сарват ва манобеъи худро ба ҷойи маҳори якдигар сарфи ободонӣ ва тавсиъа ва наслҳои ояндаи худ кунанд.”

Вай дар идома афзуд: “Сиёсати хориҷаи давлати ман дар мавриди мардуми мазлуми минтақа бар асоси арзишҳои бархоста аз фарҳанги эронӣ ва омӯзаҳои амири мӯъминон хоҳад буд, ки ба мо меомӯзад, ки инсонҳо ё бо ту дар дин бародаранд ё дар офариниш бо ту баробар; фарҳанге, ки ба мо ёд медиҳад банӣ одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Аз ин рӯ бо ғасб ва ишғолгарии сарзамини дигарон ҳаргиз канор намеоям. Наслкушӣ ва нажодпарастиро барнаметобам. Мусаммам ҳастам бо як сиёсати хориҷии таъомулгаро ва иззатманд ҳазинаи мардумро коҳиш диҳам.”

Манбаъ: Алъолам

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Як донишманди исроилӣ хостори ҳамлаи атомӣ ба Эрон шуд
Омори ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Эрон

Матолиби пурбоздид