Ҷаҳони модарон

Адаб

Ҷаҳони модарон

Зиндагӣ сар мешавад аз остони модарон,

Орзу пар мекашад бар осмони модарон.

Дар вуҷуди ҳар касе бошад нишоти зиндагӣ,

Шуълае боқист аз ҷони ҷавони модарон.

Дар ҷаҳон ҳар миллате ному нишоне дошта,

Бошад он ному нишонаш аз забони модарон.

Бо дусад фан нагзарад аз озмуни рӯзгор,

Ҳар касе ки нагзарад аз имтиҳони модарон.

Барг-барги ҳастии модар бувад базри ҳаёт,

Сад баҳорон зери пар дорад хазони модарон.

Боми қасри мо агар аз абрҳо боло равад,

Бар сари он ҳаст боми ошёни модарон.

Осмон ҳаргиз намонад дар таҳи боли бало,

То бувад тири дуъое дар камони модарон.

Қадри модар бо гузашти вақт афзун мешавад,

Куҳнагӣ роҳе надорад дар замони модарон.

Бо ҳама ғавғои дунё то ҳама ақсои даҳр,

Мерасад бар гӯши дил ҳарфи ниҳони модарон.

Дар ҷавоби фитнаҳои орзусӯзи ҷаҳон

Зиндагӣ дорад ба каф хатти амони модарон.

Қалби модар лавҳи пайғоми Сурӯши ҳақ бувад,

Аз яқини мо бувад бартар гумони модарон.

Ҳар кӣ омад бар ҷаҳон, аз қалби модар омада,

Ҳадяи мавлуди инсонҳо – ҷаҳони модарон.

(Рустами Ваҳҳоб)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон бар тадвини донишномаҳои муштарак таъкид намуданд
Муҷассамаи чаҳор бузурги тамаддунсози башар дар вурудии бинои Созмони Милал

Матолиби пурбоздид