Вазири хориҷаи Эрон хитоб ба Тромп: Исроилиҳоро ба Гренланд бибар!
Ахбори байналмилал
Вазири хориҷаи Эрон хитоб ба Тромп: “Ба ҷойи кӯчондани фаластиниҳо, исроилиҳоро ба Гренланд бибар!”
Вазири умури хориҷаи Ҷ.И.Эрон дар бораи тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳури Омрико мабнӣ бар кӯчондани фаластиниён аз Ғазза гуфт: “Пешниҳоди ман ба ӯ ин аст, ки ба ҷойи фаластиниён, саъй кунад исроилиҳоро ба Гренланд равона кунад.”
Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба пешниҳоди кӯчондани фаластиниҳо аз сарзаминашон вокуниши тамасхуромезе нишон дод.
Вай дар гуфтугӯ бо Sky News, дар бораи тарҳи пешниҳодии Тромп мабнӣ бар кӯчондани фаластиниён аз Ғазза, ин пешниҳодро ба масхара гирифт ва гуфт, ки “пешниҳоди ман чизи дигарест, ба ҷойи фаластиниён саъй кунед исроилиҳоро берун кунед, онҳоро ба Гренланд (ҷазирае донморкӣ, ки Тромп ба дунболи тасоҳубаш аст) бибаред, то битавонанд ду парандаро бо як санг бикушанд (бо як тир ду нишон бизананд)”.
Қаламонлайн