Зарангии Омрико ва соддагии мо

Таҳлили хабарӣ

Зарангии Омрико ва соддагии мо

Таҳлиле аз Сайидюнуси Истаравшанӣ

Омрико – бахусус Омрикои Тромп – дар ин чанд соли ахир бо ҳимоят ва пуштибонии ошкораш аз режими Исроил дар ҷиноятҳояш алайҳи Ғазза, на танҳо назди мусалмонони ҷаҳон, ки дар назди озодагони дунё ва афкори умумӣ эътибори худро ба куллӣ аз даст дода буд. Имрӯз Омрико – хусусан ба “баракати” Тромп – ба намоде аз як қулдур ва зӯргӯе табдил ёфтааст, ки дар дараҷаи аввал демукросиро леҳ карда.

Аммо хуб, ин кишвар, ки фақат Тромп нест. Нухбагони сиёсии ин кишвар, бо ин ки дар хабосат фарқе аз Тромп надоранд – зеро фарқашон бо Тромп дар ин аст, ки Тромп якзабона аст ва ба истилоҳ зоҳиру ботинаш як аст, аммо инон ботини хабиси худро пинҳон ва ҳамеша бо чеҳраи “қашанг” зоҳир шудаанд – ин нухбаҳо ҳаргиз ва абадан намехоҳанд Омрико бо амсоли Тромп шинохта шавад, инҳо дӯст доранд муаррифи Омрико Убомо бошад, Мамдонӣ бошад.

Баъид нест, Мамдонӣ, ки имрӯз ба унвони шаҳрдори калонтарин шаҳри Омрико интихоб шуд, дар интихоботи ояндаи Омрико ба унвони раисиҷумҳур интихоб шавад. На танҳо баъид нест, балки фикр мекунам, интихоби ӯ ба унвони шаҳрдор, муқаддимае барои риёсати ҷумҳурӣ аст. Бо интихоби ӯ ба унвони раисиҷумҳур, чеҳраи Омрико сурати қаблии худро касб хоҳад кард.

Бале, нухбаҳои Омрико хеле заранганд. Бар хилофи мо, мусалмонҳо, ки зуд ҳама чизро фаромӯш мекунем; бо интихоби касе мисли Мамдонӣ ба унвони шаҳрдор дар Омрико, тамоми ҷиноятҳои ин кишвар дар ҳаққи мо, мусалмонҳо фаромӯш мешавад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳи нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба фаъолият оғоз мекунад
Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои байналмилалии амниятӣ дар Манома ширкат варзид

Матолиби пурбоздид