Интиқоди нахуствазири пешини Қатар аз оддисозии робита бо Исроил

Интиқоди нахуствазири пешини Қатар аз оддисозии робита бо Исроил

Ахбори байналмилал

Нахуствазири пешини Қатар бо ишора ба шароити бисёр душвори уммати арабӣ ва лузуми ҳимоят аз муқаддасот, боварҳо ва ҳуқуқи он, аз талошҳо барои оддисозии равобит интиқод кард.

Ҳамад бен Ҷосим бен Ҷабр Оли Сонӣ, нахуствазири пешини Қатар, дар ришта твиттҳое навишт:

“Имрӯзи мо шабеҳ ба гузашта аст, балки метавонам бигӯям, шароити имрӯзи уммати арабӣ бадтар аз шароити 800 сол қабл аст, уммати арабӣ дар ҳоли ҳозир шароити бисёр сахтеро пушти сар мегузорд, ки ёдовари талхие аст, ки пас аз ҳамлаи муғул ба Бағдод ва фурӯпошии хилофати аббосӣ дар қарни 13 таҷриба кардем.”

Нахуствазири пешини Қатар гуфт:

“Он замон бархе миллатҳо бархостанд ва бо муҳоҷимон муқобила карда ва пирӯз шуданд, имрӯз мо ба дунболи футуҳот ва ё пирӯзиҳо нестем, балки дифоъ аз боварҳо ва муқаддасотамонро бо заъифтарин имон ва ҳифзи ҳуқуқи уммат хостор ҳастем, ки ҳар рӯз аз дуру наздик ва аз тарафи заъифу қавӣ ҳадафи ҳамла қарор мегирад, то шоҳиди ин набошем, ки Қуръонамон дар Шветсия ва дигар нуқот оташ зада мешавад ва мо дармонда истодем ва танҳо коре, ки анҷом медиҳем, маҳкумияти забонӣ аст, ки ҳеч касе ба он аҳаммият намедиҳад.”

Ӯ дар идома навишт:

“Шояд бузургтарин мисол барои хорӣ, ки акнун дар қарни 21 бар сари мо омад, қатл, мусодираи сарзаминҳо ва нақзи ҳуқуқҳост, ки ин рӯзҳо дар Фаластин анҷом мешаванд ва бо ин вуҷуд мо ҳанӯз дар бораи оддисозии равобит сӯҳбат мекунем ва ҳатто барои ҳифзи ҳуқуқи фаластиниҳо, бидуни илтимос аз касоне, ки аз Исроил ҳимоят мекунанд, барои он иқдом мекунем, рӯзеро, ки аз вожаи “илтимос” истифода кардам, ба ёд доред, ки замину замон ба ҳам рехт, ҳоло имрӯз ҳатто барои ҳадди ақалли ҳуқуқамон наметавонем илтимос кунем ва ҷаҳони араб дар ҳоли аз ҳам пошида шудан аст ва мо танҳо барои ин ки касе аз мо ҳимоят кунад, илтимос мекунем.”

Ҳамчунин Бен Ҷосим навишт:

“Забони ҳоли мо мегӯяд, ҳар коре мехоҳед анҷом диҳед! Танҳо ба мо иҷоза диҳад дар хушиҳоямон парса бизанем ва бичархем! Эй кош метавонистем дар ҳоле, ки пирӯз ҳастем ва муқаддасот, ҳуқуқ ва зарфиятҳои умматро, ки рӯ ба нобудӣ аст, ҳифз карда бошем, дар хушиҳо ва лаззатҳоямон ғарқ шавем, имрӯз чӣ таърихи бадеро сабт мекунем ва чӣ бад аст он таърихе, ки ба дурӯғ тавассути касоне, ки дастури ҷаъли онро медиҳанд, навишта хоҳад шуд!”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси собиқи Моссад: “Исроил ба поёни худ наздик шудааст”
Нигарониро аз худ дур кун

Матолиби пурбоздид