Истеъмори дохилӣ

Истеъмори дохилӣ

 Шаклгирии фашизми музофоти-маҳаллӣ

Меҳмоншо Шариф

Ҷавҳари мушкилиҳо дар ин сарзамин вуҷуди ҳукумати аз шӯравии дар ҳоли шикаст ба мерос монда аст, ки намояндагони он ҳанӯз боихтиёр ва беихтиёр дар чорчӯбаҳои меросии Шӯравӣ, бо ҳақиқатҳои бофтаи дигарон дар зеҳн, гӯё доранд ба сиёсат машғуланд. Гӯё чизе мегузарад, дар асл ба фасод, ба дуздӣ, ба дурӯғ гуфтан ва ба намоиш машғуланд.

Мушкили бунёд ин аст, ки “нухбагони” фарҳангӣ-сиёсӣ, дар ин сарзамин (намояндони як оила – маҳал — музофот ва хокшапҳои интихобиашон аз музофотҳои дигар) имкони будани чизеро, равандеро, ҳаракатеро ва дигаргуниеро дар ин сарзамин, додан наметавонанд ё ба ҳарфи Антонио Негрӣ шароити субъективии будан (subjective conditions of possibility)-ро дар ин сарзамин ташкил кардан натавонистанд ва наметавонанд.

Ин “давлат” аз як давлати истеъморзадаи пасо-шӯравӣ ба як давлати худкома ва аз он ба як режими истибдодӣ табдил ёфта ва баъди ин ҳама хиёнатҳо ба мардуми ин сарзамин дар нуқтае расидаанд, ки ба истилоҳ “интиқоли қудрат”-ро анҷом дода бошанд. Дар ин раванд ва дар ин воқеъияти дуруғин ин гуруҳҳои бо ном дар қудрат ва хокшапҳои атрофи онҳо дар фикри доштани мавқеъ ва фазое барои худ ва фарзандони худанд.

Бешак, чи мухолиф ва чи мувофиқи ин режим, ҳар ки огоҳ аст шояд дакр кардаанд, ки раванди аз соли 1992 оғоз шуда имруза ба нуқтаи охири худ расидааст. Ин раванди истеъмор, тасхир ё барда шудани ҷомеъа ва ҳаёти аксарияти мардум аз тарафи зарфияти сиёсӣ – музофотӣ -маҳаллии ба мансаб расида дар солҳои навадум буд ва ҳаст, ки оқибат ин мардумро пароканда, парканда ва ба бардаи дигарон табдил дод.

Бубинед, раванди истеъмори дохилро (internal colonization) бисёр давлатҳои дунё аз сар гузаронидаанд ва метавонанд гузаронидан. Масалан дар Фаронса баъди ин раванд ҳама музофотҳои дигар дар арофи Париж ҷамъ шуданд, ки ба ташкили давлати ягонаи миллии Фаронса оварда расонид ё Англисҳо мардуми Уелс ва Ирландияро тобеъ ва Шотландиҳоро ба як иттиҳоди парламентӣ маҷбур карданд ва ба давлати миллии ягона бунёд гузоштанд. Бале дар бисёр ҷойҳо ин раванд ба ташкилӣ давлатҳои миллӣ овард расонид, вале дар ин сарзамин, ки як вақтҳо бо ном ҷумҳурии ‘мустақилӣ’ Шӯравӣ вуҷуд дошт ва бегонаҳо як зарфияти сиёсии музофоти-маҳалиро ба сари қудрат оварданд чи гузашт.

Дар солҳои бо ном дар қудрат будан ин қавм бо сиёсати берун кардани мардуми фикркунанда, мухолифини сиёсӣ аз фазои сиёсӣ ва умуман аз ин сарзамин ин фазои музофотӣ – маҳаллӣ — оилавиро шакл доданд. Дар ин роҳ ба ақли абзорӣ ва бюрократияи музофотӣ — маҳалӣ такя карда аз мардуми дигар музофотҳои Тоҷикистон ва мухолифони сиёсии худ “душманони миллат”, “ҳаросафкан”, “сепаратист” ва “хоин” тарошиданд, дар пойтахт ҳама ниҳодҳои роҳбарикунанда, қудратӣ, тақсимотӣ ва илми-таҳқиқотиро музофоти-маҳаллӣ намуданд ва дар ҳама музофотҳо роҳбариро ба намояндагони як қавму музофот супориданд. Албатта, чоплус -хокшапҳои музофотҳои дигар ҳам аз мансаб гирифтан дар ин зинҳаои навкарӣ ё нукарии шакл гирифта бенасиб намонданд.

Маънии “истеъмори дохилӣ”-ро файласуф Ҳабермас ба таври одӣ ва олӣ дар китоби Назарияи Амалияи Иртиботӣ (Theory of Communicative Action) ҳамчун “истеъмори ҳаёт-ҷаҳони мардум” (colonization of lifeworld) тасвир кардааст, ки ба воқеъияти Тоҷикистон наздиктар аст. Дақиқан, ин қавми аз созандагӣ дур, арзишҳои дар Шӯравӣ ҳукмрон, ақлгироӣ, прогресс, дунявият, демократия ва дигар арзишҳоро шиор карда бо фарҳанги мардум ҷанг эълон карданд, вале ин ҷуз шиор чизе дигар набуд ва нест. Дар Шӯравии собиқ ҳам бо фарҳанги суннатӣ ҷанг эълон карда буданд вале бо такя ба илм ҷаҳони зиндагии мардумро дигар карданд ва фазои сотсиалитиро бунёд карданд, вале дар фарқият бо болшевикон ин қавм ягон фазои будан барои ин мардум ташкил кардан натавонистанд, балки фасод, дуздӣ ва дуруғро ниҳодина ва мардумро ба муҳоҷир, бегона ва ғариб табдил доданд.

Ин қавм баъди воқеъаҳои Амрико дар сентябри 2001 ва шиори “ҷанг бо террор”-и Буш, ин ҳукумат аз фурсат истифода карда мардуми худро ба гуруҳҳои бунёдгаро, ҳаросафкан шомил карданд ва ҳануз бар ҳамин равишанд. Ба хусус ҳизби динии сиёсии ин сарзаминро, бо ҳамин иттиҳом аз фазои сиёсии ин сарзамин ва умуман аз ин сарзамин берун карданд. Ин шиоре буд, ки ҳукуматдорон бо истифода аз он раванди аз фазои сиёсӣ берун кардани “унсури тоҷикӣ”-ро амалӣ карданд. Ин раванде буд, ки дар сулолаҳои турки-муғулии минтақа садсолаҳо боз вуҷуд дошт. Мардум ҳазорҳо муҳоҷир ва дар руйхати ҷинояткоронӣ байнахалқӣ дохил шудаанд ва мондаҳои ватан дар руйхати бунёдгаро ва сепаратистҳои эҳтимолианд. Ҳамин рӯзҳо ҳазорҳо мардуми аз ин сарзамин ҳиҷрат карда номи худро дар руйхати ‘ҷинояткорони’ дар ҷустуҷу буда пайдо намудаанд.

Ҳатто дар Амрико ва дар тамоми дунё хатои сиёсати Амрико ва муттаҳидонашро дар Шарқи Наздик, Афғонистон ва минтақаҳои дигар шинохтанд ва қисме аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз кардаҳои худ пузиш ҳам пурсиданд, вале то ҳанӯз дар Тоҷикистон ин қавм аз мардум худ бунёдгаро, тундрав ва даҳшатафкан метарошанд. Бубинед, вақте аз раиси Садо & Симои Тоҷикистон Нуриддини Сайидро дар бораи китоби Абдухалил Холиқзода ва дар бораи Абдулқодири Рустам мепурсанд аз ҷавоб мегурезад, ки ба фикри ӯ гуё дар ин маҳфил “ӯро ҳамчун олим пурсидаанд ва ин ҷо на ҷои ба ин пурсиш ҷавоб додан аст”. Маълум набуд, ки дар ин маҷлис оқои Ҷартиев ҳамчун олим иштирок дошт ва ё ҳамчун одам — … Ва чун рузноманигор пофишори карда аз ӯ ҷавоб хост, оқои Ҷартӣ ба таври мухтасар натиҷро гуфт, ки “муаллифони китоб мисли ҳизби терористии ҳизби наҳзат амал кардаанд”. Дар воқеъият ҳам ин қавм, таркибҳои ҷомеъаро хароб кардаанд ва муносибатҳои солимиро аз байн бурдаанд ва шароитро барои муҳоҷир, ғариб ва баъдан ҳаросафкан шудани ҷавонони Тоҷик ба вуҷуд овардаанд.

Бубинед, дигар ҳар чи мухолифони сиёсӣ карданд, ҳар баду неке, ки кардаанд то сулҳи Тоҷикон карданд ва баъди сулҳи Тоҷикон дигар дар тақдири ин мамлакат ва мардум ягон нақши калидӣ набозидаанд, вале чиро намояндагони ин зарфияти сиёсии музофотӣ — маҳалии аз тарафи бегонагон ба қудрат оварда шуда, ки ҳукуматро хусусӣ карданд, аз худ намепурсанд, ки дар ин муддат чи кор карданд!? Ва чиро гузариш ба демократия, ки зиёд лоф мезаданд – худ гузариш ба худкомагӣ ва аз он ба золимӣ ба анҷом расид ва дар ин муддат лашкари “кадр”-ҳои равонгусехтаи “худӣ”-ро таёр карданд, ки дар фасод, дуздӣ ва дуруғ гуфтан собиқа надоранд ва “ҳукумати” худро бо чунин кадрҳо қалъабандӣ кардаанд. Кадрҳое, ки мисли роҳбарони худ як пой даруни қонун ва як пой беруни қонун ва ахлоқ доранд. Дақиқан, ҳамин системаи нукарии аморати Бухорост, вале намояндагони ин аморати нав ҳаристар, бахилтар ва тангназартар аз намояндагони амири бухороянд ва инҳо барои касе гузашт кардани нестанд.

Бубинед, ин ҳукумат дар ноҳияҳои маркази ва ҳам марзии Тоҷикистон, ба хусус дар Бадахшон, пеш аз ҳама ба сохтани биноҳои амният, пулис ва судҳо машғул буд ва ҳаст то мардумро “хубтар” идора карда бошанд ва то намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва ҷавонмардони огоҳ ва соҳибфикрро аз байн бибаранд. Ба роҳбарии ниҳодҳои қудратии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо аслан намояндагони маҳали худ, музофоти худ, ва касони содиқ ба худро таъин мекунанд ва ин “садоқат”-ро бо пул (ришва) мустаҳкам мекунанд. Ришва додан ва гирифтан замоне дар Аморати Бухоро амал мекард. Дар ин зинаҳои нукарӣ амалдорон, баъди вазифаро харидан сармояи барои мансаб сарфкардааашонро аз мардум ҷамъ мекунанд ва инчунин ҳиссаи болоро ҳам мефиристанд. Аслан садоқат арзише дигар аст ва дар ин зинаҳо вуҷуд надорад.

Имруз дар бораи дустӣ (садоқат) дар сиёсат зиёд ҳарф мезананд. Дар таърихи тафаккури ғарбӣ аз замони Арасту то Деррида ҳарфҳое гуфтаанд, вале ин маъаларо мутафаккири мусулмон Абуҳаён Тавҳидӣ дар асри даҳум ба таври назарияви баррасӣ карда буд. Тавҳидӣ, назарияи дустии Арастуро ба таври таҳлили-танқидӣ қабул карда боварӣ дошт, ки садоқат (дӯстӣ) метавонад инсонро солеҳ ва комил намудан, бунёди ҷомеъаро солим гардонидан ва сарчашмаи хушбахтиии инсонҳо будан. Вале ба ҳарфи ӯ садоқатро дар вуҷуди худ чун худшиносӣ бояд таҷруба кард то дустии (садоқати) як нафар ба нафари дигар воқеъӣ бошад. Имруз куҷо садоқат, ин қавм ба хотири манфиати шахсӣ ва оилавии худ ба роҳбарони худ ‘садоқат’ доранд. Ин ҷо дар бораи тамаъ ва тарс гуфтан ба ҳақиқат наздиктар аст, зеро садоқат ба боварии Тавҳидӣ дар инсонҳоест, ки нафси худро тарбият карда бошанд.

Вале дар ин сарзамин, бераҳмона кушта шудани мардуми мулкӣ ва беяроқ дар Бадахшон, бераҳмона кушта шудани банкдор, кушта шудани устоди донишгоҳ ва дигар мисолҳо аз будани хушунат, хиёнат ва набудани раҳму саадоқат дарак медиҳанд. Умуман таркибҳои муносибатҳои ин қавм дар ин зинаҳои нукарӣ сахт зъифанд ва ба хотири манфиати боло ва ё манфиату амнияти шахсӣ метавонанд якдигарро ва дигаронро фурухтан, харидан ва бераҳмона куштан.

Амалдорони ин зиннаҳои нукарӣ дар умум аз боло то поён объекти (чиз, мутаълиқи чизе ва касеанд) хоҷаи худанд ва дар баробари чашми Хоҷаи худ вобаста ба завқи вай аз худ ҳар чиз ва ҳар каси дилхоҳро метавонанд сохтан. Ин руйдодро метавон дар сатҳи фарҳангҳо ва инчунин дар сатҳи шахсиятҳо ва муносибатҳои онҳо мушоҳида кард. Имрўз бисёри роҳбарони пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо ва шахсиятҳо дар баробари қудрат худро шаклҳои гуногун медиҳанд, ниқобҳои дилхоҳи дигаронро мепўшанд ва онро мегӯянд, ки ба табъу нафси мансабдорон мувофиқ аст, на ба ҳақиқат. Вақте, ки “худӣ”, “қудрат” ва “ҳақиқат” дар вуҷуди як шахсияти мутассадӣ ва ҷавобгарӣ зиндагии мардум ҳамоҳанг нестанд, метавон гуфт, ки ин шахсиятҳо ҳамоҳангии “дониш” ва “қудратро” дар ҷомеа вайрон мекунанд ва ин боиси носолимии ҷомеа мегардад.

Бубинед, аз меҳргон, сада, навруз ва дигар ҷашнҳои миллӣ фахр мекунанд ва ин ҷашнҳоро чун туҳфа қабул карда ба шиор тадил додаанд. Ин ҳама ҷашнҳо ва қиссаҳои миллии дар табиат реша дошта дар руҳ ва дар фарҳанги маънавии мардум ҳам реша доранд ва паёме ҳам доранд. Ба хусус паёми фарҳанги-сиёсӣ доранд. Паёме доранд барои шинохти инсоният ва ҳам ваҳшоният дар сиришти як инсон ва аз ин ру ин мардум роҳҳои худсозии амиқе инкишоф дода буданд. Агар чунин паём намебуд, ин мардум фарҳангсолор ва соҳиби тамаддун ва империяҳо наметавонистанд шудан. Қиссаи қурбонии гов дар ‘оини меҳр’ худ ишора ба куштан ва ё тарбияти нафси бад мекунад, ки баъдан дар масеҳият онро ба куштани аждаҳо иваз карданд. Аз як су ин тарбияти нафс аст ва аз суи дигар қурбонии гов барои серҳосилӣ ва кушоиши корҳо буд…Чунон ки Мавлоно дар ғазали машуҳури худ мегуяд “Ин гов чу қурбон шуд то бод чунин бодо…”

Мардуми воқеъан фарҳангсолорро зарурат нест ин ишораҳоро аз қиссаҳои юнонии говмард ё расмҳои Пикассо шинохта бошанд, ки нафси бетарбият ба шаклгирии фашизм дар шаклҳои гуногун оварда мерасонад. Имруз раванди истеъмори дохилӣ дар ин сарзамин ба шаклгирии фашизми музофоти-маҳалӣ расонидааст ва инро ба осони метавон дарк кард.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истеъдод ва халлоқият дар кӯдакон
Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 2

Матолиби пурбоздид