Истидлоли Абӯалӣ ибни Сино бар зарурати паёмбарӣ
Ба муносибати иди Мабъас
Ба муносибати иди Мабъас яъне рӯзе, ки паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз ёфтааст, шоиста дидам, андаке дар бораи зарурати нубувват ва паёмбарӣ аз назари Абӯалӣ ибни Сино баҳс бикунам.
Дидгоҳҳои Абӯалӣ ибни Сино дар бораи зарурати паёмбарӣ ва нубувватро метавон бештар дар китобҳои “Шифо”, “Ишорот”, “Наҷот” ва “Мабдаъ ва маъод”-и ӯ дид. Дар китоби “Шифо”, бахши илоҳиёт, фасли ҷудогонае дорад таҳти унвони “Дар бораи исботи нубувват ва чигунагии фарохонии паёмбар ба сӯйи Худои Мутаъол ва бозгашт ба сӯйи ӯ”, ки инҷониб (С.И.) дар ин ёддошт, қисмате аз ин фаслро тарҷума ва ҷойе агар ниёз буд, шарҳ хоҳам дод.
Ибни Сино зарурати паёмбариро бо баёни чанд муқаддима тавзеҳ додааст:
1) Муқаддимаи аввал: инсон табиатан иҷтимоӣ аст:
Инсон дар табиат ва сиришти худ иҷтимоъӣ халқ шудааст, ӯ ба танҳоӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Ибни Сино дар ин хусус мегӯяд:
ونقول الآن: إنه من المعلوم أن الإنسان يفارق سائر الحيوانات بأنه لا يحسن معيشته لو انفرد وحده شخصا واحدا يتولى تدبير أمره من غير شريك يعاونه على ضروريات حاجاته، وأنه لا بد من أن يكون الإنسان مكفيا بآخر من نوعه يكون ذلك الآخر أيضا مكفيا به وبنظيره، فيكون مثلا هذا يبقل لذلك، وذاك يخبز لهذا، وهذا يخيط لآخر، والآخر يتخذ الإبرة لهذا، حتى إذا اجتمعوا كان أمرهم مكفيا. ولهذا ما اضطروا إلى عقد المدن والاجتماعات. فمن كان منهم غير محتاط في عقد مدينته على شرائط المدينة وقد وقع منه ومن شركائه الاقتصار على اجتماع فقط فإنه يتحيل على جنس بعيد الشبه من الناس… فإذا كان هذا ظاهرا فلا بد في وجود الإنسان وبقائه من مشاركته، ولا تتم المشاركة إلا بمعاملة، كما لا بد في ذلك من سائر الأسباب التي تكون له.
“Инсон бо дигар ҳайвонот фарқаш дар ин аст, ки танҳо наметавонад зиндагӣ кунад ва худ ба танҳоӣ ӯҳдадори идораи умури зиндагонии хеш гардад ва шарике надошта бошад, ки барои таъмини заруриёти зиндагӣ ӯро кӯмак кунад. Умури як фарди инсон бояд ба василаи инсони дигаре аз навъи худаш таъмин шавад ва умури он фарди дигар низ бояд бо шахси севвум таъмин шавад. Ин яке баққолӣ мекунад, он яке нон мепазад, дигаре хайётӣ мекунад ва он яке барои хайёт сӯзан месозад ва ғайра ва вақте даври ҳам ҷамъ мешаванд ва ҳар кадом коре бар ӯҳда мегирад, умурашон таъмин мешавад.
Аз ин рӯ чун инсонҳо ба якдигар ниёзманданд ва бояд корҳоро байни худ тақсим кунанд, ночоранд шаҳрҳое бисозанд ва иҷтимоъоте ташкил диҳанд, (то умурашон бо ҳамоҳангӣ ва назм анҷом шавад).
(Ва ба сухани дигар: агар инсонҳо воқеан бихоҳанд зиндагии инсонӣ дошта бошанд, бояд ба сурати маданӣ яъне дастаҷамъона зиндагӣ кунанд.)
Агар баъзе инсонҳо дар барқарорӣ ва таъсиси шаҳр эҳтиёт накунанд ва шаҳрро бар пояи шароити он насозанд ва танҳо ба иҷтимоъи чанднафарие, ки месозанд басанда кунанд, ба ҷинсе ҳавола медиҳанд, ки аз инсоният дуртар аст, яъне зиндагии худро ба чунин зиндагие ҳавола медиҳанд…
Хулоса, агар лозим аст иҷтимоъе ба сурати мадина ташкил ёбад ва тақсими коре шавад ва муқаррароте бошад, бояд инсонҳо бо ҳам дар зиндагӣ мушорикат дошта бошанд. Ва мушорикат ҷуз бо ҳамкорӣ таҳаққуқ намеёбад. Инсонҳо бояд доду ситад дошта бошанд, асоси бисёре аз умур ба ин аст, ки як зиндагии таъовунӣ ва мубтанӣ бар доду ситад ва мушорикат таъсис шавад.” (Шифо, Илоҳиёт, 1/441)
2) Муқаддимаи дуввум: ниёзи иҷтимоъ ба қонун:
ولا بد في المعاملة من سنة وعدل، ولا بد للسنة والعدل من سان ومعدل
“Вақте пойи доду ситад ва тақсими кор ба миён ояд, лозимааш ин аст, ки қонун низ вуҷуд дошта бошад. Қонун низ қонунгузор мехоҳад ва лозим аст касе қонунро тадвин кунад…” (Шифо, Илоҳиёт, 1/441)
3) Муқаддимаи севвум: шароити қонунгузор ва зарурати вуҷуди қонунгузор бино бар ҳикмати илоҳӣ:
ولا بد من أن يكون هذا إنسانا، ولا يجوز أن يترك الناس وآراءهم في ذلك فيختلفون ويرى كل منهم ما له عدلا، وما عليه ظلما، فالحاجة إلى هذا الإنسان في أن يبقى نوع الإنسان ويتحصل وجوده أشد من الحاجة إلى إنبات الشعر على الأشفار وعلى الحاجبين… فلا يجوز أن تكون العناية الأولى تقتضي تلك المنافع ولا تقتضي هذه التي هي أسها، ولا أن يكون المبدأ الأول والملائكة بعده يعلم ذلك ولا يعلم هذا، ولا أن يكون ما يعلمه في نظام الخير الممكن وجوده الضروري حصوله لتمهيد نظام الخير لا يوجد… فواجب إذن أن يوجد نبي، و واجب أن يكون إنسانا
“Қонунгузор бояд инсон бошад ва саҳеҳ нест, ки мардум ба орои худ вогузор шаванд. Агар чунин шавад, мардум бо ҳам ихтилоф пайдо мекунанд ва ҳар кас он чиро ба нафъаш аст, адл мепиндорад ва чизеро, ки ба зиёнаш аст, зулм меангорад.
Ниёз ба чунин инсоне (қонунгузор), ки мардумро пойбанд кунад ва қонуни одилонаеро барои мардум ба иҷро дароварад, то навъи инсонӣ боқӣ бимонад, аз ниёз ба мижаҳои чашм ва мӯҳои абрӯ барои зиндагии инсон шадидтар ва лозимтар аст. Зеро агар ин умур (мисли мижа ва мӯ ва ғайра…) набошанд, наметавонад боқӣ бимонад ва зиндагӣ кунад, агар қонун ва адл дар миёни мардум низ набошад, зиндагии мардум ба ҳарҷу марҷ ва хунрезӣ ва нобуди насл меанҷомад…
Чунин нест, ки иноят ва ҳикмати илоҳӣ мӯҳои абрӯ, мижаҳои чашм ва кафи поро иқтизо кунад ва мардум аз он неъматҳо баҳраманд бошанд, аммо аз чунин инсоне (яъне қонунгузор), ки асоси зиндагии иҷтимоъиро ташкил медиҳад маҳрум бошанд.
Низ чунин нест, ки мабдаъи аввал (Худо) ва малоика бидонанд мӯи мижа бисёр хуб аст, вале надонанд вуҷуди чунин инсоне (қонунгузор) хуб аст.
Ва чунин нест, ки бо он ки Худо медонад вуҷуди чунин инсоне барои низоми аҳсан (яъне барои ҷаҳони ҳастӣ, ки ба некӯтарин шакл ва сурат офарида шудааст) лозим аст, дар айни ҳол ин инсон ба вуҷуд наояд…
Пас ҳосил ин шуд, ки вуҷуди паёмбар барои ҷомеаи инсонӣ зарурат дорад.” (Шифо, Илоҳиёт, 1/441-442)
4) Муқаддимаи чаҳорум: лузуми мӯъҷиза:
وواجب أن تكون له خصوصية ليست لسائر الناس حتى يستشعر الناس فيه أمرا لا يوجد لهم، فيتميز به منهم، فتكون له المعجزات التي أخبرنا بها
“Чунин инсоне бояд як вежагӣ дошта бошад, то мардум бифаҳманд, ки ӯ чизе дорад, ки дигарон надоранд ва бо ҳамин вежагӣ аз онҳо ҷудо мешавад (ва ин вежагӣ мӯъҷиза аст.) Пас ӯ бояд дорои мӯъҷизоте бошад, ки хабарашро ба додаанд.” (Шифо, Илоҳиёт, 1/442)
5) Муқаддимаи панҷум: умуре, ки паёмбар ба мардум меомӯзад ё тазаккур медиҳад:
وهذا الإنسان إذا وجد يجب أن يسن للناس في أمورهم سننا بإذن الله تعالى وأمره ووحيه وإنزاله الروح المقدس عليه، ويكون الأصل الأول فيما يسنه تعريفه إياهم أن لهم صانعا واحدا قادرا، وأنه عالم بالسر والعلانية
“Чунин инсоне вақте по ба арсаи вуҷуд ниҳод, бояд ба изн ва амри илоҳӣ, балки бо ваҳйи илоҳӣ ва бо нозил шудани Руҳулқудс ба сӯйи ӯ, қонунҳоеро барои мардум муқаррар фармояд. Паёмбар нахуст куллиётеро барои мардум баён мекунад, то мӯътақид шаванд, ки Худое доранд ва ин Худо ҳамонанди дигарон нест ва ӯ огоҳ ба ниҳону ошкори онҳост.” (Шифо, Илоҳиёт, 1/442)
6) Муқаддимаи шашум: лузуми итоати мардум аз паёмбар:
وأن من حقه أن يطاع أمره، فإنه يجب أن يكون الأمر لمن له الخلق، وأنه قد أعد لمن أطاعه المعاد المسعد، ولمن عصاه المعاد المشقي، حتى يتلقى الجمهور رسمه المنزل على لسانه من الإله والملائكة بالسمع و الطاعة
“Аз ҳуқуқи паёмбар ин аст, ки мардум аз ӯ итоат кунанд, (чаро ки ӯ дастуроти Худоро ба мардум мерасонад), зеро касе, ки инсонҳоро офарида ҳаққи амру наҳйи эшонро хоҳад дошт. Яке дигар аз умуре, ки паёмбар бояд барои мардум баён кунад ин аст, ки Худованди Субҳон барои касоне, ки итоаташ кунанд, маъоди (охирати) саодатбахшеро муҳаё фармуда ва барои касоне, ки аз фармонаш сарпечӣ кунанд, маъоди шақоватмандеро фароҳам кардааст, то мардум китоберо, ки бар паёмбар нозил шуда бипазиранд.” (Шифо, Илоҳиёт, 1/442)
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн