Нигоҳе ба зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Таърих

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мир Сайид Алӣ бинни Шаҳобуддин бинни Муҳаммад Ҳамадонӣ 12-уми моҳи раҷаби соли 714-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314-и мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Алии Ҳамадонӣ дар оилаи шахси давлатманду донишманди асри XIV чашм ба дунё омада, дар муҳити солиму созгор аз овони хурдсолӣ ба тарбияи маънавӣ фаро гирифта шуда будааст. Аз хурдсолӣ дар назди тағои донишмандаш Сайид Алоуддин таълими қуръон гирифта, дар 12-солагиаш пурра ҳифз кардааст.

Падару тағои олиму маърифатдўст ва устодони баркамоли замон, чун Ахӣ Алии Дўстӣ  Шайх Шарофуддин Абулмаъолӣ, Маҳмуд бинни Абдуллоҳи Маздаконӣ барои таълими хуби илмию маънавии мутафаккири оянда хизмати арзанда намудаанд. Алии Ҳамадонӣ беш аз 8 сол дар назди Шайх Тақиюддин Алӣ Дўстӣ ба тазкияи нафс машғул мегардад ва баъдан ба назди яке аз пирони баркамоли замон Шайх Маҳмуди Маздаконӣ барои идомаи таҳсил меравад.

Бештари умри Ҳамадони дар сафарҳои тӯлонӣ гузашта, дар ин бора ба дӯсташ,  муаррихи замонаш Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ нақл мекунад. Дар ин маврид худи муаррих дар китоби  «Хулосат-ул-маноқиб» аз забони Алии Ҳамадонӣ чунин меорад: «… Се бор аз машриқ то ба Мағриб сафар кардам. Басе аҷоиб дар баҳру дайр дида шуд. Ва ҳар бор ба тариқи дигар дидам…».

Баъди мусофиратҳои тўлонию пай дар пай Алии Ҳамадонӣ ба мақсади гузаронидан чанд соли умраш дар пиронсолӣ аз Хатлон озими Ҳамадон мешавад. Дар роҳ аз ғарибиҳову қатлу ғорати гўшношуниди  Темури ланг дар хоки Эрон огоҳӣ ёфта, бо дили реш ҷониби Кашмир раҳсипор мегардад. Аксари сарчашмаҳо далолат бар ондоранд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шашуми зулҳиҷҷаи соли 786-и ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 19-уми январи соли 1386-и мелодӣ дар музофоти Кунар, мавзеъи Асадободи Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим намудаанд. Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ санаи овардани тобути алломаро 25-уми моҳи ҷимодиюввали соли 787 ҳиҷрии қамарӣ   гуфтааст. Мутобиқи аксари сарчашмаҳо Алии Ҳамадонӣ 72-73-сол умр дидааст.

Ин ғазал аз ӯст, ки хеле машҳур мебошад:

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,

Ҳар кӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.

Ҳамадонӣ  дар ривоҷи улуми ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва адабиёт саҳми арзандае гузоштааст. Бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ , ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.

Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ» , «Захират-ул –мулук», «Анвор-ул-азуор», «Вуҷудия» , «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин асарҳои мазмуни ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубои, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд.

Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.

Китоби муҳаққиқ Ҳотам Асозода бо номи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”ба теъдоди 1000 нусха дар нашриёти Ирфон рӯйи чоп дида буд, ки дар он зиндагии пандомӯз ва осори гаронмояи бузургвори миллат Ҳамадонӣ нигошта шудааст. Асозода зиёда аз 20 соли умрашро пайи таҳқиқи рӯзгори мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сипарӣ намуд. Аз ин ҷост, ки ҳар он чӣ беҳтарин дар бораи Ҳамадонӣ дар Эрону Афғонистон ва Покистону Тоҷикистон чоп шудааст, бо диққат омӯхту андешаҳои неки худро низ ба таври муфассал дар китобаш баён намуд. Мавриди тазаккур аст, ки давоми 700 сол ҷанбаҳои ахлоқиву маънавии осори алломаи шарқ, ки басо бою рангин аст, мардумро пайваста ба ваҳдату дӯстиву накӯкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ водор мекунад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Осори адабии Устод Садриддин Айнӣ
Озмуни Дуои Модар дар вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид