Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз…

Ахбори ҳунарӣ
Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз…
Ба муносибати рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ аз суханварони номии ҷаҳон
Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад бин Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ (ҳудуди солҳои 727 – 792 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо қарни чаҳордаҳуми милодӣ), шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст.
Ҳофизи Шерозӣ чун Қуръони Каримро ҳифз буд, ба ҳофиз мулаққаб шуд; худ дар шеърҳояш ба ин решаи амиқ ишора кардааст:
Надидам хуштар аз шеъри ту Ҳофиз
Ба Қуръоне, ки андар синаи дорӣ.
Девони Ҳофизи Шерозӣ, шомили 500 ғазал ва теъдоде рубоӣ ва қитъа ва қасида аст.
Нусхаҳои хаттии ашъори Ҳофиз дар китобхонаҳои Эрон, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷуд аст. Тахассуси Ҳофизи Шерозӣ дар ғазал буд, ки вай бо табаҳҳур тавонист дар ин замина, сабки ҷадидро бо унвони сабки ироқӣ поягузорӣ кунад.
Тарҷумаҳои “Девони Ҳофизи Шерозӣ” дар саросари ҷаҳон мавҷуд аст ва шоирону мутафаккироне монанди Иоганн Волфганг, Гёте ва Фридрих Вилгелм Нитше, шоирон ва мутаффакирони олмонӣ аз вай ба некӣ ёд мекунанду таҳти таъсири ашъор ӯ қарор гирифтаанд.
Ҳофизи Шерозӣ дар 65 солагӣ аз дунё рафт.
Паёми Ҳофизи Шерозӣ ба инсон ин аст:
Одамӣ аз олам хокӣ намеояд ба даст
Оламе дигар бибояд сохт, в-аз нав одаме…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абармарди хирад
Раҳмон: Аморот дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад

Матолиби пурбоздид