Нарӯз шуд

Адаб
Нарӯз шуд
Субҳӣ Ҷавҳаризода
Наврӯз шуду дилбари дилдор наёмад,
Сад бор талаб кардаму як бор наёмад.
Ҳарчанд ҷустам зи гулистон хабари ӯ,
Лаҳни хуши ӯ ҳеҷ зи гулзор наёмад.
Аз ғусса дилам об шуду ҳеҷ напурсид,
Бар дидани ин ошиқи бемор наёмад.
Парвонаи парсухта, бар шамъи ғамастам,
Доруи дили синаи афгор наёмад,
Дар фосилаи ҳафта шудам зору ҷигархун,
Афсӯс, ки он Маҳдии ҳушёр наёмад.
Бо лаҳни наво, Субҳии мо шеъри тар овард,
Ҳарчанд, ки он маҳваши ғамхор наёмад!
Субҳӣ Ҷавҳаризода
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чашмаи меҳр
Фалсафаи пешрафт

Матолиби пурбоздид