Номаи Гондӣ ба Ҳитлер

Таърих

Номаи Гондӣ ба Ҳитлер

Моҳотмо Гондӣ дар рӯзи 27 июли соли 1939 ба Одулф Ҳитлер, пешвои нозиҳо, номае навишт ва аз ӯ хост, то аз вуқӯи ҷанг пешгирӣ кунад.

Матни ин номаи кӯтоҳ ба шарҳи зерин аст:

Дӯсти азиз,

Дӯстонам мудом исрор мекунанд, ки маҳзи ризои инсоният бароят номае бинависам. Аммо то кунун муқовимат кардаам, зеро эҳсос мекардам, ки ирсоли ҳар номае аз ҷониби ман, ба дур аз назокат бошад. Вале ҳиссе ба ман мегӯяд, ки бояд даст аз ҳисобу китобҳои инчунинӣ бардорам ва ба умеди кучактарин таъсир, дархостамро дар миён бигузорам.

Комилан возеҳ аст, ки дар ин бурҳа аз торих, ту танҳо касе ҳастӣ, ки қудрати пешгирӣ аз вуқӯи ҷангеро дорӣ, ки метавонад башарро ба даврони барбарият баргардонад.

Оё ҳозирӣ барои ҳадафи ҳарчанд арзишманд барои худат, чунин ҳазинаеро пардохт кунӣ?

Оё ба дархости марде, ки мавқеият ва манзилаташро мадюни мухолифат бо ҷанг ва хушунат аст, таваҷҷӯҳ хоҳӣ кард?

Ба ҳар ҳол, интизор дорам, ки маро ба хотири ҷасоратам бибахшӣ.

Дӯсти ҳамешагии ту,

Моҳотмо Гондӣ

23/7/1939

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қаҳрамони истиқлол
Андалус

Матолиби пурбоздид