Пиромуни Эрон ва иттифоқоти ахири он

Таҳлили хабарӣ

Пиромуни Эрон ва иттифоқоти ахири он

Назари коршинос

Ҳаводиси Эрон ва рухдодҳои он ҳамеша мадди назари тоҷикон ва бахусус коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик будаву ҳаст.

Дар идома ба назароти яке аз коршиносоне таваҷҷӯҳ хоҳем намуд, ки дар орбитаи ба иттифоқоти ахири Эрон дар Фейсбук мушоҳида шуд.

Коршиноси тоҷик назароти худро дар яанд ҷумла чунин иброз доштааст:

1) Сабаби бурузи ноамниҳои ахир, рафтори як пулиси иршод бо як хонуми курдтабори эронӣ буд, ки гӯё бар асари рафтори хашини пулиси ахлоқии ин кишвар, ба хотири адами риояти сатру ҳиҷоб аз сӯи ин хонум буда, ки дар натиҷа, он бону дунёро падруд гуфт.

Ин амали пулис, сарфи назар аз ин ки пойбандӣ ба риояти сатру ҳиҷобро воҷиб бидонем ё надонем, амали дурусте набуда. Ӯ коре карда, ки ин бону ё аз тарс ва ё чизе дигар, дунёро тарк карда ва қатъан ин пулис ба хотири ин рафтораш бояд муҷозот бишавад.

Ин мавзӯъ сабаб шуд, ки мардум дар эътироз ба ин рафтор, ба хиёбонҳо бирезанд ва то ба имрӯз мутаассифона наздик ба 10 нафар аз пулис (ё бештар ва ё камтар, ки иттилооти дақиқ дар дастам нест) кушта шуданд ва низ чанд бонуи муҳаҷҷаба низ ба дасти ҷавонони хашмгин кушта шуданд. Ин як нукта.

2) Нуктаи дигар ин ки: эътирози мардум нисбат ба ин амал, табиист, бисёр табиист ва бояд чунин бошад. Ва ин ҳикоят аз бедории ҷомеаи эронӣ мекунад ва онҳо бетафовут нестанд. Вақте бо аҳаде (чӣ курд бошад ё ғайри курд, муҳим шаҳрванди эронӣ бошад ва бахусус бону бошад) чунин рафторе мешавад, рафтори бисёр накӯҳида ва мазмум ва нописанд аст ва кори пулис ба ҳеч меъёре (на шаръӣ ва на урфӣ) қобили қабул нест. Бинобар ин, хашму ғазаби мардум ва эътирози онҳо табиист ва бояд бикунанд, ки агар накарданд, айб аст. Яъне агар хомӯш бошанд, нишон медиҳад мардуми бетафовуте будаанд.

3) Нуктаи севвум ин ки: эътирози мардум нисбат ба ин амал ва рехтани онҳо ба хиёбонҳо агар ба чизе далолат мекунад, далолат мекунад ба фазое, ки ҳоким аст; ба муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунанд. Ва ба иборати дигар, фазое, ки дар ин кишвар алъон ҳоким аст, фазое будааст, ки дар он тарс ҳоким нест, хафақон ҳоким нест, агар эътирозе дорӣ, ту эътироз мекунӣ, тарсе аз касе надорӣ. На ин ки бигӯем, хуни мардуми Эрон хуне ончунонӣ ва натарс будааст. На. Ранги хуни эрониҳо ҳам мисли ранги хуни дигарон аст.

Боз ба иборати дигар, низоми ҳоким дар Эрон, ки исломӣ аст низомест инчунинӣ; ки бароят озодӣ медиҳад, туро дар тарсу хафақон нигаҳ намедорад, туро ба гунае ба бор меоварад, ки вақте як инсон, бахусус як бону инчунин мемирад, ту сокит наменишинӣ, балки эътироз мекунӣ, ҳарчанд бо ту бархӯрд бишавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти Мондело ва зиндонбон
Забон оё метавонад мурда ва ё зинда бошад?

Матолиби пурбоздид