Сухан бисёр дону андаке гӯй…

Адаб

Сухан бисёр дону андаке гӯй…

М.Ҷавҳаризода

Яке аз нишонаҳои инсони оқил ва дурандеш, парҳез аз суханони зиёнбор ва беҳуда аст. Инсони хирадманд вақте офатҳои забонро медонад, сукут ва камгӯиро дар ҳама ҳол, ихтиёр мекунад.
Рӯзе Луқмони Ҳаким ба Писараш гуфт: Фарзандам, имрӯз таоме нахӯр ва рӯза бигир. Ва ҳар чӣ бар забон ҷорӣ кардӣ ва ҳар чизе, ки гуфтӣ, бинавис. Сипас, шабонгоҳ ҳамаи ончиро, ки навиштаӣ, бароям бихон. Он гоҳ рӯзаатро бикушо ва таоме бихур.
Шаб фаро расид ва писари Луқмон ҳарчӣ навишта буд, назди падар овард ва шурӯъ кард ба хондани он.
Писар дар он рӯз сӯҳбатҳои зиёде карда буд ва то замоне ки онҳоро мехонд, дер вақт шуд ва таоме натавонист бихурад.
Рӯзи дуюм шуд. Он рӯз ҳам чунин гузашту ба далели зиёдии сӯҳбатҳо, хондани навиштаҳояш зиёд тӯл кашид ва писари Луқмон боз ҳам фурсате барои таом хӯрдан пайдо накард.
Рӯзи сеюмро низ рӯза гирифт. Рӯзи сеюм боз ҳар чӣ гуфта буд, навишт ва то навиштаҳоро хонд, офтоби рӯзи чаҳорум тулӯъ карду ӯ чизе натавонист бихурад.
Рӯзи чаҳорум чизе нагуфт. Шаб падараш аз ӯ хост, то навиштаҳоро биёрад ва бихонад. Писар гуфт: Имрӯз чизе нагуфтаам, то бихонам.
Луқмон гуфт: Пас биё ва аз ин ноне, ки бар сари суфра аст, бихур ва бидон, ки рӯзи қиёмат, онон, ки кам гуфтаанд, мисли имрӯзи ту ҳоли хуше доранд.
Камҳарфию сукут кардан аз фазилатҳо ва хислатҳои хуби мӯъминин аст ва Паёмбари Акрам низ дар ин бора фармудаанд: “Нишонаи диндории мӯъмин – дурӣ аз суханони беҳуда аст”.
Дар ривояти дигаре аз Имом Алӣ нақл шудааст, ки фармуданд: “Ҳеч ибодате ҳамчун сукут нест”.
Сукут ва камҳарфӣ аз хусусиёти паёмбарон ва авлиёи илоҳист ва бузургону андешамандони дин ва хирадмандону ҳукамо ҳамеша ба сукут ва ба дурӣ аз пургӯӣ супориш намудаанд.
Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб
Ҷуз ба фармони Худо макшой лаб
Гар хабар дорӣ, зи ҳаййи лоямут
Бар даҳони худ бинеҳ, муҳри сукут…
Яке аз уламои бузургеро, ки тоза аз дунё рафта буд, дар хоб диданд, ки бисёр нороҳат буд.
Ба ӯ гуфтанд: Шумо аз уламои бузург ва шахси бомаърифату хирадманде будед. Чаро шуморо пас аз марг ба ин ҳолат мебинем? Бояд қабри шумо боғе аз боғҳои биҳишт бошад. Мо аз шумо ҳеч вақт кӯтоҳие надидаем…
Посух дод: Қабри ман як биҳишт ва боғе аз боғҳои биҳишт аст. Вале ман дар замони ҳаётам, ба шахсе захми забон задам ва аз кори худ тавба накардам ва аз он шахс низ ҳалолият наталибаам. Акнун ҳамон захми забон, ба сурати ақрабе даромада ва баъзе вақтҳо маро аз нӯги поям неш мезанад ва нороҳатии ман аз захми он ақраб аст.
Ҳамроҳони гиромӣ, ба ҳамин хотир аст, ки дар ривояте аз Паёмбари Акрам нақл шудааст, ки фармуданд: “Бештарин гуноҳи мардум, аз гуфторҳои ғайримуфид аст”.
Сухан гуфтан аз неъматҳои бузурги илоҳист ва истифодаи саҳеҳу дуруст аз неъмати забон ва сухан, хушнудии Худовандро дар пай хоҳад дошт.
Сухан бисёр дону андаке гуй
Якеро сад магу, садро яке гуй…
М.Ҷавҳаризода
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сароб
Надорам

Матолиби пурбоздид