Тавба

Адаб

Тавба

Расули Худо дар охирин хутбае, ки барои мардум хонд ва мавъиза фармуд, баҳсе роҷеъ ба тавба ва бозгашти банда аз маъсият ва гуноҳ кард; фармуд: ҳар кас як сол қабл аз мурданаш тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад. Баъд худаш фармуд: як сол зиёд аст ва дар камтар аз як сол ҳам мумкин аст; агар дар як моҳ қабл аз мурданаш тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.

Боз фармуд: як моҳ ҳам зиёд аст ва дар камтар аз як моҳ ҳам мумкин аст; агар касе як рӯз қабл аз мурданаш тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.

Боз фармуд: як рӯз ҳам зиёд аст ва дар камтар аз як рӯз ҳам  мумкин аст; агар касе дар як соат қабл аз мурданаш тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.

Боз фармуд: як соат ҳам зиёд аст ва дар камтар аз як соат ҳам мумкин аст. Дар ин вақт фармуд: “Агар касе як лаҳза қабл аз мурданаш тавфиқи тавба пайдо кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.”

Тавба руҷӯъ ва бозгашти воқеии банда ба сӯйи Худованд аст ва албатта мумкин нест, ки бандае воқеан ва ҳақиқатан роҳи каҷро, ки мерафта раҳо кунад ва ба сӯйи роҳи росту мустақим бозгардад ва аз умқи ботин ва руҳи худ ба сӯйи Худованд биёяд — на фақат ба далели иҷбор ва изтирор — ва Худованд ӯро дар ҷивори раҳмати худ напазирад. Он чизе, ки рукн ва асоси тавбаро ташкил медиҳад, надомат ва пушаймонӣ аз кори бад ва тасмим ба тарки гуноҳ аст. Чизе, ки ҳаст, надомат ва пушаймонӣ аз гуноҳ ва тасмим ба тарки гуноҳ, ду навъ аст: як навъ, пушаймониҳо ва тасмимҳои козиб аст, ки ҳар одами хатокоре ҳангоме ки бо кайфар ва чӯби қонун мувоҷеҳ мегардад, пушаймон мешавад ва орзу мекунад, ки эй кош он амали зиштро накарда буд, то ҳоло ин кайфарро намечашид. Ҳар касе, ки кайфарро ҷилави чашми худ бибинад, дар он ҳол, ки кайфарро мебинад, наметавонад тасмим ба гуноҳ бигирад. Худи ҳамон шахси гуноҳкор дар ҳини иртикоби гуноҳ агар чашмаш ба кайфар меафтод ва онро ҳозиру омода медид, аз ҳамон аввал муртакиби гуноҳ намешуд. Дидани кайфар дар ҷилави чашм ва он гоҳ тарки гуноҳ чизе шабеҳ ба иҷбор ва изтирор ва ба манзилаи амре хориҷ аз ҳадди ихтиёр аст. Тарки гуноҳ он вақт тавба ва тасмим ва ихтиёр маҳсуб мегардад, ки одамӣ худ гуноҳро нақду ҳозир бибинад ва кайфари гуноҳро нася ва ғоиб бидонад ва он гоҳ ба мулоҳизаи кайфари оянда ва ё ба хотири аҷру савоби оянда ва ё ба мулоҳизаи эҳсоси зиштӣ ва палидӣ, ки дар худ гуноҳ мекунад, аз иртикоби он гуноҳ мунсариф гардад.

Тавбаи ҳақиқӣ яъне инсирофи ҷиддӣ ва бозгашти воқеӣ аз гуноҳ ба сӯйи салоҳ ва иршод.

Ва бадеҳӣ аст, ки агар инсироф ҷиддӣ ва воқеӣ бошад ва маълули мушоҳадаи кайфари нақду ҳозир набошад, албатта Худованди Мутаол ба раҳмати восеаи худ онро мепазирад.

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ҳикматҳо ва андарзҳо)

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Додгоҳҳои тафтиши ақоид – 1
Даҳ гуфтор – 28

Матолиби пурбоздид