Таърихи эҷоди наққошии Дуо

Таърих

Таърихи эҷоди наққошии Дуо

Таърихи эҷоди наққошии «Дуо», ё «Дастони бародар»-и Албрехт Дюрер

Таҳияи Рустам Ваҳҳобзода

Дар миёнаҳои асри понздаҳ дар рустои кӯчаке, на чандон дур аз Нюрнберги Олмон, хонаводае ба сар мебурд, ки ҳаждаҳ кӯдак дошт! Барои таъмини хуроки онҳо падари хонавода, устои зардасту забардаст шабонарӯз ҳаждаҳ соат кор мекард ва аз ҳеч кори бомузде рӯй намегардонд.

Алорағми ин вазъи навмедкунандаи хонаводаи Алберт Дюрер ду писари ӯ дар дил ҳавасе доштанд. Ҳарду мехостанд истеъдоди худро дар кори наққошӣ парвариш намоянд, вале хуб медонистанд, ки падар ҳаргиз он қадр дороӣ пайдо нахоҳад кард, ки ақалан яке аз фарзандонро ба Нюрнберг барои таҳсил дар Академия бифиристад.

Баъди баҳсҳои тӯлонӣ дар ҷогаҳи хоб писаракон ба тавофуқе расиданд. Онҳо қарор карданд ба қуръа тангаеро партоб кунанд. Нафари бохта ба наздиктарин кони маъдан ба кор ворид мешавад ва бародаррро замони таҳсил дар академия бо маоши худ ёрӣ мекунад. Чун таҳсили бародари пирӯз ба поён расид, ӯ бояд дар тӯли чаҳор сол ё ба воситаи фурухтани осори наққошии худ, ё агар ин кор муяссар нашавад, ҳамчунин бо кор кардан дар кон бародари дигарро ёрӣ менамояд, то ӯ низ дар академия таҳсил бикунад.

Онҳо субҳи якшанбе, пас аз анҷоми ибодат дар калисо қуръапартоӣ карданд. Албрехт Дюрер баранда шуд ва озими Нюрнберг гардид. Алберт даруни конҳои хатарбори маъдан рафт ва дар чаҳор соли баъдӣ аз бародари худ дар академия ҳимояти молӣ кард, ки корҳояш дар он ҷо пешрафти беназире дошт. Корҳои ҳаккокии Албрехт, нақшбуриҳои ӯ рӯйи чӯб ва наққошиҳои равғании ӯ басо беҳтар аз корҳои устодонаш буд. Баъди хатми академия ӯ аз фурӯши осораш даромадҳои ҳангуфте ба даст меовард.

Вақте наққоши ҷавон ба деҳа баргашт, хонаводаи Дюрерҳо ба ифтихори бозгашти пирӯзмандонаи Албрехт дар чаманзор зиёфати идонае орост. Баъд аз суханрониҳои тӯлонии муқаддамотии ҳамроҳ бо амвоҷи мусиқиву ханда, Албрехт аз мақоми ифтихории худ – садри хон боло шуд ва ба сипос аз бародари худ, ки қурбонии ӯ орзуҳояшро бароварда сохт, суханони шукрона гуфт. Дар поёни суханронӣ ба бародари худ хитоб намуд: – Акнун, Алберт, бародари азизи ман, навбат аз туст. Ту метавонӣ ба Нюрнберг, ба суроғи орзуи худ, биравӣ. Ман ғами туро хоҳам хурд.

Ҳама рӯй ба сӯйи поёни хони дароз карданд, ки он ҷо Алберт нишаста буд. Ӯ сари ба поин афкандаи худро меҷунбонд, ҳиқ-ҳиқ мекард ва батакрор мегуфт: – Не… не… не… Дар ниҳоят Алберт аз ҷой бархосту гуфт. – Не бародар, ман наметавонам ба Нюрнберг биравам. Барои рафтани ман бисёр дер шудааст. Бубин… бубин, ки дар ин чаҳор сол конҳо бо дастони ман чи коре карданд! Устухони ҳар панҷаи ман чандин бор шикастааст. Ва ҳоло ман аз пайванддард азобе мекашам, ки ҳатто чанголи ғизохуриро наметавонам ба дасти рост бигирам. Чи ҷойи он ки орзуи ба даст гирифтани мӯқалами нозук ё қалами пӯлод бикунам. Не, бародарам… ин кор барои ман воқеъшуданӣ нест.

Аз он рӯзгор беш аз чаҳорсаду панҷоҳ сол гузаштааст. Имрӯз садҳо шоҳкори Албрехт Дюрер – лавҳҳои наққошӣ, гулбуриҳои чӯбу мис, ангораҳои обрангӣ бештари осорхонаҳои ҷаҳонро зиннат мебахшанд. Вале ба эҳтимоли қавӣ шумо ҳам мисли аксари дигар танҳо бо яке аз корҳои Албрехт Дюрер ошноӣ доред. На танҳо ошноӣ доред, балки баъид нест, ки нусхаи он дар девори хонаи шумо ё идораи шумо насб шудааст.

Ин ҳамон наққошиест, ки Албрехт Дюрер ба хотири ба ҷой овардани шукрону сипоси қурбонии бузурги бародари худ дастҳои маибшудаи ӯро бо диққат ва муҳаббати тамом наққошӣ кард, дар ҳоле ки ангуштони мавзун ва кафҳои дастони ба ҳам фишурда бар осмон баланд шудаанд.

Ӯ ин наққошии олиҷанобро мухтасар “Дастон” номид, аммо бисёре аз мухлисони пуршумори истеъдоди ӯ , ки қимати воқеии ин шоҳкорро шинохтаанд, номи онро гардонданд. Аз он замон ин наққошӣ “Дуъо” ном дорад. Агар нафаре аз шумо ин наққошии мутаассиркунандаро бубинад, бигзор як бори дигар, бодиқаттар ба он нигоҳ кунад.

Таҳия ва тарҷумаи Рустам Ваҳҳобзода

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё дин афюни халқ аст?
Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан

Матолиби пурбоздид