Ҳушдори Зеленский: “Русия ҳам мисли Олмони нозӣ шикаст хоҳад хӯрд!”

Ҳушдори Зеленский: “Русия ҳам мисли Олмони нозӣ шикаст хоҳад хӯрд!”
Ахбори байналмилал
Раисиҷумҳури Украина дар остонаи маросими ҷашни 9-май дар Маскав, гуфт, ҳамон тавр, ки Олмони нозӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шикаст хӯрд, нерӯҳои Русия низ дар Укаина шикаст хоҳанд хӯрд.
Ба гузориши France24, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бо ишора ба шикасти Олмони нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, гуфт, ки Русия низ дар Украина мутаҳаммили шикаст хоҳад шуд.
Зеленский дар паёме видеоӣ муддаӣ шуд: “Тамоми шаётини кӯҳнае, ки Русияи муосир онҳоро зинда карда, шикаст хоҳанд хӯрд, ҳамон тавр, ки нозиҳо шикаст хӯрданд. Дуруст ҳамон тавр, ки он рӯзҳо бо ҳам шайтонро нобуд кардем, имрӯз ҳам дар канори якдигар, шайтони мушобеҳро нобуд хоҳем кард.”
Суханронии Зеленский ҳамзамон бо солрӯзи таслими Олмони нозӣ дар баробари нерӯҳои муттафиқин дар 8-майи 1945 ва як рӯз пеш аз “Рӯзи пирӯзӣ дар Маскав” эрод шуд.
Зеленский ҳамчунин гуфт, ки лоиҳаеро тақдими порлумони Украина карда, ки бар асоси он, рӯзи пирӯзӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, ба таври расмӣ 8-май ва рӯзи пирӯзӣ дар Аврупо 9-май ҷашн гирифта хоҳад шуд; иқдоме, ки беш аз пеш байни Киев ва Маскав фосила меандозад.
Вай гуфт: “Кремл масъули таҷовуз ва илҳоқ, ишғол ва табъид ва ҳамчунин қатли омм ва шиканҷа аст. Аммо тамоми ин мусибатҳо бо пирӯзии мо, пирӯзии Украина ва ҷаҳони озод, посух дода хоҳад шуд”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Washington Post: Тромп дар назарсанҷӣ аз Бойден пештар аст
Додгоҳи Эрон ҳукми ҷалби Тромп, Помпео ва Маккензиро дар терури шаҳид Сулаймонӣ содир кард

Матолиби пурбоздид