Андешаҳои устод

Адаб

Андешаҳои устод

Андешаҳои Устод Луқмон Бойматов, дар боби шуҷоат

Бадбахтист, агар ҷомеа паёмоварони ҳақиқатро нашносад, вале аз кўрони рўшанӣ барои хеш паёмбароне бисозад!

***

Сахттарин гуноҳи равшанфикрон низ тарс аст. Иддае аз донишмандон ва зиёиён аз тарс шабеҳи бум шудаанд, яъне муҳити тор барояшон беҳ аз фазои нур аст: чашмонашон дар тирашаб бозу биност ва дар пеши нур кўру нобино. Онон дар иншои мадҳу ёвагўӣ пешвоянду дар ифшои адлу ҳақиқат расво.

***

Афкору аъмоли нухбагон метавонад дастури неке шавад ва ҷавононро ба гулшани саодат ва пиронро ба фирдавси ҳақ раҳнамун созад ва ё метавонад заҳре гардад, ки вуҷуди ҳамаи афроди ҷомеаро, бо тару хушк ба сиёҳчолаи фоҷиаҳову нобудии тақдир афканад!

***

Оё медонем, ки тарс душмани хирад аст? Агар медонистем, ки он бузургтарин гуноҳ аст, ҳаргиз номи мардони шуҷоъро аз ёд намебурдем ва агар медонистем, ки шуҷоат ҷамъи ҷавонмардист, ҳамеша ойини ҷавонмардиро пос медоштем.

Аз андешаҳои устод Луқмон Бойматов

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар ҳошияи мусоҳибаи Муҳйиддин Кабирӣ бо Алҳивор
Мардуми Сурия: Амрикоиҳоро аз кишвар берун мекунем!

Матолиби пурбоздид