Ансоруллоҳи Яман: “Ҳавопаймои ҷангии F-18-и Омрикоиро соқит кардем”

Ансоруллоҳи Яман: “Ҳавопаймои ҷангии F-18-и Омрикоиро соқит кардем”

 “Бо чандин мушаки “Замин ба ҳаво” ва паҳпод ба киштиҳои ҷангии Омрико ҳамла кардем”

Ахбори байналмилал

Ансоруллоҳи Яман аз ҳамла ба нови ҳавопаймобари USS Harry Truman ва чандин нови ҷангии Омрико ба ҳангоми ҳамла ба Яман ва низ соқит кардани як ҳавопаймои ҷангии F-18 хабар дод.

Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе, ки қироат кард, изҳор дошт:

“Дар кӯмак ба мардуми мазлуми Фаластин ва муҷоҳидони он ва низ дар вокуниш ба таҷовузоти Омрико ва Бритониё, нерӯҳои мусаллаҳи Яман муваффақ шуданд ҳамлаи Омрико ва Бритониё ба кишварамонро ноком бигузоранд ба тавре, ки дар ин амалиёт нови ҳавопаймобари USS Harry Truman ва чанд нови вобаста ба он ҳамзамон бо оғози ҳамла дар шомгоҳи рӯзи гузашта ба Яман, мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Тайи ин амалиёт, 8 мушаки “Замин ба ҳаво” ва 17 паҳпод шиллик шуд ва натоиҷи зер ба лутфи Худованд ҳосил шуд:

Нахуст: соқит кардани ҳавопаймои ҷангии F-18 ба ҳангоми талоши новҳои омрикоӣ дар муқобила бо паҳподҳо ва мушакҳои яманӣ;

Дуввум: ағлаби ҳавопаймоҳои ҷангии душман осмони Яманро ба самти обҳои байналмилалӣ дар баҳри Сурх тарк карданд, то аз нови ҳавопаймобар дифоъ кунанд;

Севвум: ноком гузоштани ҳамлаи хасмона ба Яман;

Чаҳорум: нови ҳавопаймобари USS Harry Truman пас аз он ки мавриди ҳадаф қарор гирифт, аз мавқеияти пешини худ ба самти шимоли баҳри Сурх ақибнишинӣ кард ва тайи ин ҳамла, ягони мушакӣ, паҳподӣ ва дарёии Яман ин нови ҳавопаймобарро ҳадаф гирифтанд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз муваффақ будани муқобила бо таҷовузоти Омрико ва Бритониё ва ноком гузоштани он хабар дода ва дар айни ҳол бар омодагии худ дар муқобила бо ҳар гуна ҳамоқати омрикоӣ, бритониёӣ ва исроилӣ тайи марҳилаи баъдӣ таъкид мекунад.

Нерӯҳои мусаллаҳ Яман ҳамчунин ба душмани исроилӣ ва омрикоӣ нисбат ба ҳар гуна ҳамла ба Яман ҳушдор медиҳад ва мегӯяд, ки аз ҳаққи комили худ дар дифоъ аз Яман истифода карда ва ба пуштибонӣ аз мардуми Фаластин то таваққуфи таҷовузот алайҳи Ғазза ва рафъи муҳосира аз он идома хоҳад дод.”

Гуфтанист, Фармондеҳии марказии Омрико дар ғарби Осиё (CENTCOM) аз шиллики иштибоҳӣ ба як фарванд ҳавопаймои ҷангии F-18 бо “оташи худӣ” дар баҳри Сурх ва соқит шудани ин ҳавопаймо пас аз ҳамла ба мавозее дар Санъо, пойтахти Яман хабар дода буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва ҳисси иззат
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Мо эҳтиёҷе ба нерӯи ниёбатӣ надорем

Матолиби пурбоздид