Вақте ба хотири як масъалаи беҳуда хунҳо рехта мешавад

Таърих

Вақте ба хотири як масъалаи беҳуда хунҳо рехта мешавад

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ва чун имрӯзҳо баҳсу бигӯмагӯҳои беҳуда ва ин ки ту кофирӣ ва ман мусалмон, ту дӯзахӣ ҳастӣ ва ман биҳиштӣ зиёд шудааст, холӣ аз фоида нест аз як воқеаи бисёр талхи таърихӣ бароятон бигӯям; воқеае, ки дар таърих ба унвони “Фитнаи халқи Қуръон” маъруф аст.

Инак, бо такя бар манобеи таърихӣ, бароятон нақлаш мекунам.

Дар садаи дуввум ва севвуми ҳиҷрии қамарӣ ин баҳс миёни мусалмонон доғ шуд, ки оё Қуръон ҳодис аст ва ё қадим? Ҳодис яъне аввал набуда сипас ба вуҷуд омадааст, қадим аммо аз азал буда, азалӣ аст. Иддае бар ин назар шуданд, ки Қуръон қадим аст, чун каломи Худост ва каломи Худо сифати Худост ва сифоти илоҳӣ ҳама қадиманд, мисли Аҳмад ибни Ҳанбал ва ғайра. Аммо иддае дигар бар ин ақида шуданд, ки на, Қуръон сухан ва ҳарф аст, Худо онро замоне, ки ҳазрати Паёмбар (с)-ро барангехт, офарид ва халқ кард, мисли мӯътазилиҳо.

Ҳамин ихтилофи кучак рафта-рафта ба як ҷанҷолу кашмакаши бисёр бузург табдил гашт. Маъмун, халифаи аббосӣ, ки мӯътазилӣ буд, ҳар касеро, ки қоил ба қадим будани Қуръон бошад зиндонӣ мекард. Ба навиштаи таърихнигорон, байни ҷонибдорони ин ду назария дар Бағдод, даъво роҳ афтод ба ҳадде, ки кор ба кушту куштор мунҷар шуд ва хеле хунҳо рехта шуданд.

Баъд, вақте Мутаваккили Аббосӣ сари қудрат расид чун қоил ба қадим будани Қуръон буд, ӯ баръакси падарони худ, яъне Маъмун, Восиқ ва Мӯътасим, ба зиндонӣ кардани касоне пардохт, ки мӯътақид ба ҳодис будани Қуръон ҳастанд яъне мӯътазилиҳо. Асосан дар замони Мутаваккили Аббосӣ басоти мӯътазилиҳо чида шуд ва аз байн рафтанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин ҳамла ба низомиёни исроилӣ дар ҷануби Сурия
Суқуту нобудии подшоҳони золиму мағрур

Матолиби пурбоздид