Дарсе аз фалсафаи таърих
Диктотур кист?
Порае аз китоби “Худкомагон дар ойинаи таърих”, навиштаи доктор Луқмон Бойматов)
Диктотур дасти Бедоду Ситам дар рӯи Замин аст.
Диктотур золимест, ки худро одил мепиндорад, дар ҳоле ки ӯ ашаддитарин душмани адолат аст.
Диктотур ҳамон худкомаи мағрурест, ки адолат ниқоби ӯст.
Диктотур қотили адл аст.
Диктотур беморест, ки ҷаҳолаташро беҳтар аз фазилати дигарон медонад.
Диктотур мутакаббирест, ки хостаҳои худро волотар аз ҳамаи ниёзҳои ҷомеа медонад.
Диктотур қонуншиканест, ки раъйи худро ба амд, муҳимтар аз ҳамаи қавонини ҷомеа медонад.
Диктотур худпарастест, ки қудрати худро мутлақ мепиндорад ва мардуро мутеони худ месозад.
Диктотур ҷаббори зӯрмандест, ки ҳаққу ҳақиқатро поймол мекунад.
Диктотур риёкорест, ки аз чоплусонаш ҳимоят мекунад.
Диктотур хоинест, ки хешро меҳанпарасти аслӣ мепиндорад.
Диктотур беҳаёест, ки тамоми муқаддасотро хор ва шириниву покиҳоро талху нопок менамояд.
Диктотур омили аслии адами ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа аст.
Диктотур бешарафест, ки номуси миллиро фидои хостаҳои хеш ва қурбонии васвасаҳои бастагонаш мкунад.
Диктотур бузургтарин дурӯғгӯест, ки ҳақиқатро муттаҳам мекунад.
Диктотур бозичаест дар дасти абарқудратҳо барои сохтани гурге аз як инсон.
Диктотур бераҳмтарин душмани озодист.
Диктотур меъмори ҷаҳаннами худ аст.
Манбаъ: китоби “Худкомагон дар ойинаи таърих”, навиштаи доктор Луқмон Бойматов
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн