Дарсҳои Ошуро

Таърих

Дарсҳои Ошуро

Ибратҳои торих

Воқеан ҷойи таассуф аст, ки мебинем, Ошуро ва қиёми Имом Ҳусайн (а), ба ҷойи он ки мояи ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ бишавад, сабаби ихтилоф ва дудастагии онҳо шуда. Магар Имом Ҳусайн (а) танҳо мутааллиқ ба шиаён аст? Ӯ наваи Паёмбар (с) аст ва касе аст, ки Паёмбар (с) дар борааш фармуда: «Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн».

Ошуро як мадраса аст, ки мо мусалмонон беш аз он ки дар ин рӯз гиря кунем ва ё сина занем, ниёз аст аз он дарс биомӯзем. Ин ҳодисаи дилхарош ба лиҳози торихӣ чандон мавриди таваҷҷӯҳ нест, балки он чӣ беш аз ҳар чизе дигар дар ин воқеа муҳим аст он аст, ки бояд бидонем, зиндагии мо одамиён, аз оғоз то поёнаш, иборат аст аз саҳнаи Ошуро; саҳнае, ки дар он Язид ҳаст, Шимр ҳаст, Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҳаст, Умар ибни Саъд ҳаст, куфиён ҳастанд, ва аз он сӯй ҳам, дар ин саҳна Имом Ҳусайн (а) ҳузур дорад, ёрони андак аммо мусаммам ва бовафояш ҳузур доранд, Зайнаб ҳузур дорад…

Ошуро ба мо меомӯзад, ту дар ин саҳна бояд дар ҷониби Ҳусайн (а) ва ёронаш қарор бигирӣ ва алайҳи Язид, ки намоде аз як ҳокими золим ва ситампеша аст, қиём кунӣ ва ҳаргиз аз камии теъдод наҳаросӣ.

Ошуро ба мо меомӯзад, ту дар зиндагии худ мисли мардуми Куфа мабош; мардуме тарсу ва мунофиқ ва асири матои пасти дунё, ки ба қавли Фараздақ хитоб ба Имом Ҳусайн вақте аз ҳоли куфиён суол мекунад, Фараздақ мегӯяд: «Қулубуҳум маъака ва суюфуҳум алайк». Яъне ин мардум дар дил ва ботин бо ту ҳастанд, аммо дар зоҳир шамшери худ алайҳи ту аз рӯ бастаанд. Чунин ҳолат фақат мутаъаллиқ ба куфиёни торих нест, балки дар ҳар замоне чунин инсонҳое ёфт мешаванд ва мутаъассифона аксариятро ҳам ташкил медиҳанд, ки қалбан ва ботинан бо ту ҳастанд, вале тарс аз марг онҳоро чунон залил карда, ки ҳозиранд дар канори ҳокими ситампеша ва қудратманд қарор бигиранд ва алайҳи ту биҷанганд.

Ошуро ба мо меомӯзад, ту мисли куфиёни хиёнаткор ва паймоншикан мабош, ки эъломи вафодорӣ бикунӣ ва сипас паймони худ бишканӣ.

Ошуро ба мо меомӯзад, мувозиб бош, ки оқибате мисли оқибати афроде мисли Убайдуллоҳ ибни Зиёд, Умар ибни Саъд ва Шимр ибни Зилҷавшан гиребонгират нашавад. Зеро ин афрод, яъне ҳам Убайдуллоҳ ва ҳам Умар ибни Саъд ва ҳам Шимр, дар зиндагии худ хадамоти фаровоне дар роҳи ислом карда буданд, инҳо қориёни Қуръон ва олимони дин ба шумор мерафтанд, аммо дунёпарастӣ, мақомхоҳӣ ва дил супурдан ба пулу молу сарвати дунё онҳоро афроде гардонид, ки дар поёни умри худ, барои ноил шудан ба мақом, ҳозир шуданд наваи Паёмбар (с) ва беҳтарин инсони рӯйи замин дар он замонро ба қатл бирасонанд. Язид ба Умар ибни Саъд ваъда дод, ки агар Имом Ҳусайн (а)-ро аз сари роҳам бардорӣ, туро волӣ ва ҳокими Рай қарор медиҳам, ва ин одами пастфитрат барои расидан ба ин мақом даст ба он ҷиноят зад, ки албатта ин орзуи худро ба гӯр бурд.

Хулоса, Ошуро на фақат маросими синазанӣ ва гиря ва ибрози отифа аст, балки беш аз ҳама як мадраса аст, ки бояд аз он дарс омӯхт; дарсе барои на фақат шиа ва ё суннӣ, балки барои тамоми башарият.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муаррифии осори Рӯдакӣ
Агар дар сарои саодат кас аст

Матолиби пурбоздид