Даҳ гуфтор – XXY
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши бисту панҷум
Хитоба ва минбар (2)
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
الرَّحْمَٰنُ. عَلَّمَ الْقُرْآنَ. خَلَقَ الْإِنْسَانَ. عَلَّمَهُ الْبَيَانَ
Дар ҷаласаи пеш дар бораи пайванди хитоба бо ислом ва таҳаввуле, ки ислом дар хитоба эҷод кард ва баъд дар бораи дастуре аз ислом, ки дар он дастур, хитоба ва суханрониро бо тартиби махсусе ҷузъи матни дастурҳои исломӣ қарор дода сӯҳбат кардам ва мавзӯъи намози ҷумъаро пеш кашидам. Ҳам ба ин муносибат буд, ки вақте бихоҳам дар атрофи хитоба ва минбар яъне яке аз бузургтарин осори ҳодисаи Ошуро ва бузургтарин падидаи иҷтимоии мавҷуди ношӣ аз Ошуро дар кишвари мо сӯҳбат кунам, ночорам аз ин мавзӯъот ҳам баҳс бикунам ва ба илова махсусан мавзӯъи хитобаи ҷумъаро бо баъзе дастуруламалҳои махсус, ки барояш расида зикр кардам барои ин ки барои мисли имшабе, ки дар атрофи хитоба боз сӯҳбат мешавад, пешниҳод кунам, ки ҳамон дастурҳое, ки дар он ҷо ворид шудааст, мо имрӯз дастуруламали худамон қарор бидиҳем.
Пайванди хитоба дар шиа бо ҳодисаи Ошуро
Арз кардам, хитоба ва минбар дар кишвари мо мавлуди ҳодисаи Ошурост. Чӣ тавр мавлуди ҳодисаи Ошурост? Имом Ҳусайн (а) дар замони худаш алайҳи ҷараёне қиём кард ва шаҳид шуд ба ҳамон тартибе, ки медонем. Ривоятҳое ҳам дар заминаи азодорӣ барои он ҳазрат ворид шудааст, ки барои як нафар шиамазҳаб имкон надорад, ки он ривоятҳоро инкор кунад. Яъне аз мусалламоти мазҳаби шиа аст.
Аз ноҳияи имомон атҳор алайҳимус-салом тавсия ва таъкиди фаровон ба эҳёи суннати Ошуро шудааст ва ба ашхосе, ки шоир будаанд, бисёр тавсия шуда, ки дар ин мавзӯъ шеър бигӯед ва эҳсосоти мардумро таҳрик кунед. Нисбат ба ашхосе, ки дар маҷолиси иқомаи суннати Ошуро мутаассир мешаванд ва ашк мерезанд, тақдис расидааст. Аҳодиси зиёде ҳаст роҷеъ ба савоби гиря бар Сайидушшуҳадо Саломуллоҳи алайҳ. Ин аҳодисро имшаб намехоҳам бихонам, вале иҷмолан ҳамин қадр арз мекунам, барои як нафар шиъамазҳаб ҷойи тардид нест, ки ин дастур дар мазҳаби мо ҳаст.
Ин ҷо ду матлаб аст, ки лозим аст тарҳ шавад: яке ин ки фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн чӣ буд? Чаро Имом Ҳусайн қиём кард? Ангезаи қиём чӣ буд? Дигар ин ки фалсафаи ин дастур аз тарафи пешвоёни дин, ки мавзӯи қиёми Имом Ҳусайн барои ҳамеша боқӣ бимонад ва зинда бимонад ва фаромӯш нашавад, чист? Фалсафаи ин ки суннати Ошуро зинда бимонад чист? Мутобиқи ақидаи мо, ки шиъа ҳастем, ҳеч дастуре аз дин, холӣ аз ҳикмат ва фалсафа нест. Ин ду то бояд маълум бишавад. Агар ин ду то маълум шуд, он вақт маълум хоҳад шуд, ки ин дастур чӣ дастури бузурге аст ва чӣ қадр бояд аз ҳодисаи Ошуро ва аз дастуре, ки дар бораи он расида истифода кард.
Аммо ин ки Имом Ҳусайн чаро қиём кард? Инро се ҷур метавон тафсир кард: яке ин ки бигӯем, қиёми Имом Ҳусайн як қиёми оддӣ ва маъмулӣ буд ва Алаёзу биллоҳ барои ҳадафи шахсӣ ва манфиати шахсӣ буд. Ин тафсир аст, ки на як нафар мусалмон ба он розӣ мешавад ва на воқеиёти таърих ва мусалламоти таърих онро тасдиқ мекунад.
Тафсири дуввум ҳамон аст, ки дар зеҳни бисёре аз авомуннос ворид шуда, ки Имом Ҳусайн кушта шуд ва шаҳид шуд барои ин ки гуноҳи уммат бахшида шавад. Шаҳодати он ҳазрат ба унвони каффораи гуноҳони уммат воқеъ шуд, назири ҳамон ақидае, ки масеҳиён дар бораи ҳазрати Масеҳ пайдо карданд, ки Исо ба дор рафт барои ин ки фидои гуноҳони уммат бишавад. Яъне гуноҳон асар дорад ва дар охират домангири инсон мешавад, Имом Ҳусайн шаҳид шуд, ки асари гуноҳонро дар қиёмат хунсо кунад ва ба мардум аз ин ҷиҳат озодӣ бидиҳад.
Дар ҳақиқат, мутобиқи ин ақида бояд гуфт, Имом Ҳусайн алайҳис-салом дид, ки Язидҳо ва Ибни Зиёдҳо ва Шимру Синонҳо ҳастанд, аммо иддаашон кам аст, хост коре бикунад, ки бар иддаи инҳо афзуда шавад, хост мактабе бисозад, ки аз инҳо баъдан зиёдтар пайдо шаванд, мактаби Язидсозӣ ва Ибни Зиёдсозӣ барпо кард.
Ин тарзи фикр ва ин тарзи тафсир бисёр хатарнок аст. Барои беасар кардани қиёми Имом Ҳусайн ва барои мубориза бо ҳадафи Имом Ҳусайн ва барои беасар кардан ва аз байн бурдани ҳикмат дастурҳое, ки барои азодории Имом Ҳусайн расида, ҳеч чизе ба андозаи ин тарзи фикр ва ин тарзи тафсир муассир нест.
Бовар кунед, ки яке аз иллатҳо (гуфтам, яке аз иллатҳо, чун иллатҳои дигар ҳам дар кор ҳаст, ки ҷанбаи қавмӣ ва нажодӣ дорад), ки мо мардуми Эронро ин миқдор дар амал лоқайду лоуболӣ карда ин аст, ки фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн барои мо каҷ тафсир шуда; тавре тафсир кардаанд, ки натиҷааш ҳамин аст, ки мебинем. Ба қавли ҷаноби Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн дар бораи мурҷиъа (мурҷиъа тоифае буданд, ки мӯътақид буданд, имон ва эътиқод кофӣ аст, амал дар саодати инсон таъсир надорад, агар ақида дуруст бошад, Худованд аз амал ҳар андоза бад бошад мегузарад):
هؤلاء أطمعوا الفساق في عفو الله
Яъне инҳо коре карданд, ки фуссоқ дар фисқи худ ба тамаъи афви Худо ҷарӣ шуданд. Ин ақидаи мурҷиъа буд дар он вақт. Ва дар он вақт ақидаи шиъа дар нуқтаи муқобили ақидаи мурҷиъа буд, аммо имрӯз шиъа ҳамонро мегӯяд, ки дар қадим мурҷиъа мегуфтанд. Ақидаи шиъа ҳамон буд, ки насси Қуръон аст:
الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ
Ҳам имон лозим аст ва ҳам амали солеҳ.
Тафсири севвум ин аст, ки авзоъу аҳволе дар ҷаҳони ислом пеш омада буд ва ба ҷойе расида буд, ки Имом Ҳусайн алайҳис-салом вазифаи худашро ин медонист, ки бояд қиём кунад, ҳифзи исломро дар қиёми худ медонист. Қиёми ӯ қиём дар роҳи Ҳақ ва ҳақиқат буд. Ихтилоф ва низоъи ӯ бо халифаи вақт бар сари ин набуд, ки ту набошӣ ва ман бошам, он коре, ки ту мекунӣ, накун, бигузор ман бикунам, ихтилофе буд усулӣ ва асосӣ. Агар каси дигаре ҳам ба ҷойи Язид буд ва ҳамон равиш ва корҳоро медошт, боз Имом Ҳусайн қиём мекард, хоҳ ин ки бо шахси Имом Ҳусайн хушрафторӣ мекард ё бадрафторӣ. Язид ва аъвону ансораш ҳам агар Имом Ҳусайн мутаъарризи корҳои онҳо намешуд ва рӯйи корҳои онҳо сиҳҳа мегузошт, ҳозир буданд ҳама ҷур мусоидатро бо Имом Ҳусайн бикунанд, ҳар ҷоро мехост, ба ӯ медоданд, агар мегуфт, ҳукумати Ҳиҷоз ва Яманро ба ман бидиҳед, ҳукумати Ироқро ба ман бидиҳед, ҳукумати Хуросонро ба ман бидиҳед, медоданд, агар ихтиёри мутлақ ҳам дар ҳукуматҳо мехост ва мегуфт, ба ихтиёри худам ҳар чи пул вусул шуд ва дилам хост бифиристам ва мефиристам ва ҳар чи дилам хост, харҷ мекунам, касе мутаъарризи ман нашавад, боз онҳо ҳозир буданд.
Ҷанги Ҳусайн ҷанги маслакӣ ва ақидаӣ буд, пойи ақида дар кор буд, ҷанги ҳаққу ботил буд. Дар ҷанги ҳаққу ботил дигар Ҳусайн аз он ҷиҳат, ки шахси муайян аст таъсир надорад. Худи Имом Ҳусайн бо ду калима матлабро тамом кард. Дар яке аз хутбаҳои байни роҳ, ба асҳоби худаш мефармояд: (Зоҳиран дар вақте аст, ки Ҳурр ва асҳобаш расида буданд ва бинобар ин ҳамаро мухотаб қарор дод)
ألا ترون أن الحق لا يعمل به، والباطل لا يتناهی عنه، ليرغب المؤمن في لقاء الله محقا
Оё намебинед, ки ба ҳақ рафтор намешавад ва аз ботил ҷилавгирӣ намешавад? Пас мӯъмин дар якчунин авзоъе бояд тан бидиҳад ба шаҳодат дар роҳи Худо. Нафармуд:
ليرغب الحسين
Вазифаи имом ин аст дар ин мавқеъ омодаи шаҳодат шавад. Нафармуд:
ليرغب الحسين
Вазифаи шахси Ҳусайн ин аст, ки омодаи шаҳодат гардад. Фармуд:
ليرغب المؤمن
Вазифаи ҳар мӯъмин дар якчунин авзоъу аҳвол ин аст, ки маргро бар зиндагӣ тарҷеҳ диҳад. Як мусалмон аз он ҷиҳат, ки мусалмон аст ҳар вақт, ки бибинад ба ҳақ рафтор намешавад ва ҷилави ботил гирифта намешавад, вазифааш ин аст, ки қиём кунад ва омодаи шаҳодат гардад.
Ин се ҷур тафсир: яке он тафсире, ки як душмани Ҳусайн бояд тафсир бикунад. Яке тафсире, ки худи Ҳусайн тафсир кардааст, ки қиёми ӯ дар роҳи ҳақ буд. Яке ҳам тафсире, ки дӯстони нодонаш карданд ва аз тафсири душманонаш хеле хатарноктар ва гумроҳкунандатар ва дуртар аст аз руҳи Ҳусайн ибни Алӣ.
Аммо қисмати дуввум, ки чаро имомони дин ин ҳама таъкид карданд, ки маҷлиси азо бапо доред? Ин ҳам ба ҳамин далел, ки арз кардам, чун Имом Ҳусайн кушта нашуд барои манфиати шахсӣ, Имом Ҳусайн кушта нашуд барои ин ки худашро фидои гуноҳони уммат карда бошад, Имом Ҳусайн дар роҳи ҳақ кушта шуд, дар роҳи мубориза бо ботил кушта шуд, имомони дин хостанд мактаби Ҳусайн дар дунё боқӣ бимонад, шаҳодати Ҳусайн ба сурати як мактаб, мактаби муборизаи ҳақ бо ботил барои ҳамеша боқӣ бимонад, вагарна чӣ фоида ба ҳоли Имом Ҳусайн, ки мо гиря бикунем ё накунем ва чӣ фоида ба ҳоли худи мо дорад, ки сирфан биншинем як гиряе бикунем ва баланд шавем ва биравем?! Имомони дин хостанд, қиёми Имом Ҳусайн ба сурати як мактаб ва ба сурати як машъали фурӯзон ҳамеша боқӣ бимонад.
Ин як чароғе аст аз ҳақ, аз ҳақиқатдӯстӣ, аз ҳақиқатхоҳӣ. Ин як нидое аст аз ҳақталабӣ, аз ҳуррият, аз озодӣ. Ин мактаби ҳуррият ва ин мактаби озодӣ ва ин мактаби мубориза бо зулмро хостанд барои ҳамеша боқӣ бимонад.
Дар замони худи имомони атҳор, ки ин дастур содир шуд, сабаб шуд, ки ҷараёни зинда ва фаъол ва инқилобӣ ба вуҷуд ояд. Номи Имом Ҳусайн шиори инқилоб алайҳи зулм гашт. Як идда шоири инқилобӣ ба вуҷуд омад: Кумайти Асадӣ ба вуҷуд омад, Диъбили Хузоъӣ ба вуҷуд омад.
Диъбили Хузоъӣ медонед кист? Кумайти Асадӣ медонед кист? Инҳо ду нафар равзахонанд, аммо на мисли равзахонии ман. Ду нафар шоиранд, марсиягӯ, аммо на мисли марсиягӯиҳои Мӯҳташам ва ғайра. Дилам мехоҳад шумо ашъори Кумайти Асадӣ, ашъор Диъбили Хузоъӣ ва ашъори Ибни ар-Румӣ ва ашъори Абӯфироси Ҳамдонӣ, ки ба арабӣ аст, бо ҳамин ашъори Мӯҳташам, ки ҳазор то хоб барояш нақл мекунанд муқоиса кунед ва бибинед онҳо куҷо ва инҳо куҷо! Онҳо доранд мактаби Ҳусайнро нишон медиҳанд. Кумайти Асадӣ бо ҳамон ашъораш аз як сипоҳ бештар барои Банӣ Умайя зарар дошт. Ин мард кӣ буд? Як равзахон буд, аммо чӣ равзахоне? Оё равзахоне буд, ки биёяд чаҳор то шеъри муфт бихонад ва пул бигирад ва биравад? Шеър мегуфт, ки такон медод дунёро, такон медод дастгоҳи хилофати вақтро.
Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ маъруф ба Абдуллоҳи Маҳз, таҳти таъсири шеърҳои Кумайт қарор гирифт, ба унвони силаи он абёти ҷондор, санади мазраъаи худро овард дод ба Кумайт. Кумайт гуфт, маҳол ва мумтанеъ аст, ки бигирам, ман марсияхони Сайидушшуҳадо ҳастам, ман барои Худо марсия гуфтаам, пул намегирам. Исрори фавқулъода кард. Билохира гирифт. Баъд аз муддате омад пеши Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ва гуфт, ман хоҳише дорам аз ту, оё қабул мекунӣ? Гуфт, албатта қабул мекунам, аммо ман, ки намедонам чист. Гуфт, аввал бояд қавл бидиҳӣ, ки амал мекунӣ, баъд мегӯям. Қавл дод ва шояд қасам ҳам хӯрд. Ҳамин ки қавл аз ӯ гирифт, санадро овард пасдод, гуфт, ман наметавонам инро бигирам. Вақти дигар Банӣ Ҳошим барояш пул ҷамъ карданд ва доданд, ҳар коре карданд, қабул накард ва гуфт, маҳол ва мумтанеъ аст, ки бигирам.
Ин мард ба хотири ҳамин ашъор ва ҳамин навъ марсияхонӣ чӣ сахтиҳо кашид ва чӣ рӯзгорҳо дид ва ба чӣ вазъ ӯро куштанд! Ин мардро гирифтанд ва дар хонаи Юсуф ибни Умари Сақафӣ, ки ҳокими он рӯзи Куфа буд, ҳашт нафар рехтанд ба сараш, шамшерҳо ба баданаш заданд. Охирин ҳарфе, ки дар охирин нафас гуфт ин буд:
اللهم آل محمد، اللهم آل محمد
Худоё аҳли байти пайғамбар, Худоё аҳли байти пайғамбар. Ин охирин калимае буд, ки ба забони ин мард омад.
Диъбил ибни Алии Хузоъиро оё мешиносед? Худаш мегуфт, 50 сол аст, ки дори худамро рӯйи дӯш гирифтаам ва роҳ меравам.
Бибинед арзиши адабии ин ду нафар марсиягӯ, ки имомони дин инҳоро дуруст карданд, чӣ буда. Бибинед инҳо сирфан як марсиягӯ ҳастанд, марсияхон ҳастанд. Онҳо марсия гуфтаанд, аммо на ба сурати ”амма ман ғарибам”. Ҳамосаҳо гуфтаанд, чӣ ҳамосаҳое! Як қасидаи онҳо ба андозаи як силсила мақолот, ки як нафар муфаккири инқилобӣ бинависад, асар дорад. Инҳо дар зери чатри марсияи солори шаҳидон, Имом Ҳусайн (а), чӣ интиқодҳои лозеъ ва газандае аз Банӣ Умайя ва аз Банӣ Аббос карданд ва чиҳо бар сари онҳо оварданд!
Шумо мешунавед Мутаввакил дастур дод, қабри Ҳусайн ибни Алиро об банданд ва касе наравад ба зиёрати Ҳусайн ибни Алӣ, агар касе меравад, дасташро бибурранд, агар касе исми Ҳусайн ибни Алиро бибарад, чунину чунон бикунанд. Лобуд хаёл мекунед ин одам яъне Мутаввакил фақат гирифтори як уқдаи руҳӣ буд, як душманӣ ва як кинаи бемантиқе бо номи Ҳусайн ибни Алӣ дошт. На оқо, он рӯз номи Ҳусайн ибни Алӣ дар асари тавсия ва таъкидҳои имомон ба азодорӣ ва дар асари ба вуҷуд омадани амсоли Кумайтҳо ва Диъбил ибни Алиҳо, падари Мутаввакилро дармеовард. Мутаввакил медид ҳар як аз инҳо ба андозаи як сипоҳ алайҳи ӯ муассир ҳастанд, медид номи Ҳусайни мурда аз худи Ҳусайни зинда барои ӯ ва амсоли ӯ камтар музоҳим нест. Чун имомони дин дар асари ҳамин тавсия ва дастурҳо нагузоштанд Ҳусайн ибни Алӣ бимирад, ба сурати як фикр, ба сурати як идея, ба сурати як ақидаи мубориза бо зулм, Ҳусайнро зинда нигаҳ доштанд.
Мутаввакил ҳам дар ҳисоби худаш хуб ҳисоб карда буд, ҳисоб карда буд балки битавонад ин фикрро ва ин зикрро ва ин идеяро ва ин ақидаро аз байн бибарад, вагарна хеле ҳам одами оқиле буд, одами муқаддасмаобе ҳам буд, ҳеч уқдаи руҳӣ ва шахсӣ надошт дар бораи Ҳусайн ибни Алӣ, вале медид Ҳусайн бо ҳамин марсияхониҳо ба сурати як мактаб даромадааст, ки дигар Мутаввакил наметавонад Мутаввакил бошад.
Боз ҳам мо достонҳо дорем. Агар касе дар ин замина ҷамъоварӣ бикунад ва бибинад марсияҳои марсияхонҳои Сайидушшуҳадо то он вақте, ки аз таълимоти имомон пайравӣ мекарданд, чӣ нақше дар иҷтимоъ дошт, мавриди эъҷоб хоҳад буд.
Пас агар ин ду чиз дониста бишавад — ва бояд дониста бишавад — метавон аз ҳамин азодориҳо истифодаҳои хуб бурд.
Инро ҳам бигӯям: бо ҳамаи нақоисе, ки алъон дар кор аст, хушбахтона мардум, эҳсосоти бисёр пок ва эҳсосоти воқеӣ нисбат ба Сайидушшуҳадо Саломуллоҳи алайҳ доранд. Баъзе аз ашхос, ки албатта нияти суъ надоранд, чун мебинанд аз ин қазия суистифода мешавад, ақидаашон ин шуда, ки бояд ба куллӣ ин қазия аз байн биравад, мегӯянд, мардум, ки гиря мекунанд, ба иллат ин аст, ки шунидаанд гуноҳонашон ба ин гиряҳо бахшида мешавад, вагарна гиря намекарданд. На оқо, ин иштибоҳ аст. Воқеан ин тавр нест. Магар мешавад мардумро бо татмеъ гирёнд?! Агар ин ҷур аст, шумо биёед ба як идда мардум бигӯед дар як ҷо ҷамъ бишаванд ва бигӯянд ба ҳар як аз шумоҳо чеки ҳазортумонӣ медиҳем ба шарти ин ки биншинед ним соат барои фалон шахс, масалан барои Шоҳ Аббос гиря бикунед. Агар гиря карданд?! Магар мешавад чунин чизе?! Гиря эҳсосот мехоҳад. Инсон то мутаассир нашавад, гиря намекунад. Ё бояд ҳузн дошта бошад ё бояд шавқ дошта бошад. Дар мардум воқеан як навъ эҳсосоти ҳақиқӣ нисбат ба Сайидушшуҳадо ҳаст, воқеан Имом Ҳусайнро дӯст доранд ва ба ӯ ишқ меварзанд ва аз сӯзи дил барояш ашк мерезанд.
Дар ин Муҳаррам ва Сафар харворҳо ашк аз мардум рехта мешавад, дар ғайри Муҳаррам ва Сафар чӣ қадр рехта мешавад! То ҳузне набошад, то андӯҳе набошад, то ишқе набошад, то шавқе набошад, то эҳсосоте набошад, ки гиря намеояд. Ин эҳсосот қимат дорад, хеле ҳам қимат дорад. Аммо ҳоло он тавре, ки бояд ва шояд истифода накардаем ва истифодаи мо истифодаи комил нест, матлаби дигаре аст ба ҷой худ. Мо хеле чизҳо дорем, ки истифода накардаем. Мо рӯди Корун дорем то ҳоло аз он истифода накарда будем, пас бояд бигӯем рӯди Корун ба дард намехӯрад?! Мо солҳо ва қарнҳо дар зери замин нафт доштем ва аз он истифода накарда будем, пас бигӯем нафт бад аст?! Ҳазорон маъдани дигар ва захираи дигар мо дар ин кишвар доштаем ва дорем ва истифода намекунем. Агар ин кишвар бихоҳад ислоҳ бишавад, агар бихоҳад дар ҷоддаи тараққӣ биафтад, дар ҷоддаи таъолӣ биафтад, дар ҷоддаи илм биафтад, дар роҳи санъат биафтад, дар роҳи ҳуррият ва озодихоҳӣ биафтад, беҳтарин роҳ ва наздиктарин роҳ — агар нагӯям роҳи дигаре нест — беҳтарин роҳ ва наздиктарин роҳ ҳамин аст, ки аз ҳамин эҳсосоти содиқонаи мардум дар бораи Ҳусайн ибни Алӣ, ки ҳақиқат дорад ва воқеият дорад ва дар бораи шахсе аст, ки шоистаи ин эҳсосот аст ва соҳиби як мактаби бисёр бузург ва олӣ аст, истифода кунем. Чаро аз дастури дин ва мазҳаби худамон пайравӣ накунем?! Хеле дастури хубе аст бояд аз он истифода кард.
Ба ҳар ҳол, ин хитоба ва минбар, ки алъон дар миёни мо шойеъ аст, мавлуди ҳодисаи Ошуро ва тавсияи имомони атҳор ба иқомаи азои Сайидушшуҳадо аст, аз баракоти азодории Сайидушшуҳадо аст. Ашхоси оқил ва фаҳмида ва мутадайин гуфтанд, ҳоло, ки маҷолисе ба номи Сайидушшуҳадо алайҳис-салом ташкил мешавад, ҳоло, ки мардум ба номи Имом Ҳусайн ҷамъ мешаванд, чаро мо ба ин васила аз як асли дигар истифода накунем? Чаро зимнан асли дигареро иҷро накунем? Ва он, асли амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Бинобар ин Ҳусайн ибни Алӣ соҳиби ду курсӣ шуд: яке курсии марсияхонӣ ва курсии ибрози эҳсосот ба суди мазлум ва алайҳи золим, ки агар ба тарзи саҳеҳе иҷро шавад, он ҳама осори азим дорад, ки қаблан арз кардам.
Ва дигар курсии амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Дар ин кишвар, он чи иршод ва ҳидоят ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункари қавлӣ ва забонӣ мешавад, бо номи муқаддаси Ҳусайн ибни Алӣ мешавад. Ва чӣ кори хубе ва чӣ суннати хубе буда, ки ба амал омадааст, чӣ хуб карданд, ки курсии Ҳусайн ибни Алиро зимнан курсии амр ба маъруф ва таълимоти усули дин ва фурӯъи дин қарор доданд, аз эҳсосоти мардум нисбат ба Ҳусайн ибни Алӣ, ки эҳсосоти воқеӣ аст истифодаи хуб карданд. Мардум он қадр, ки ба номи Ҳусайн ибни Алӣ ҷамъ мешаванд, ба номи дигаре ҷамъ намешванд. Хуб истифодае карданд, ки чунин суннате барқарор карданд.
Ҳоло дар ин қисмат, чӣ ҷур амал мешавад, он дигар бастагӣ дорад ба вазъи гӯянда ва шоистагии ӯ. Ӯ метавонад усули ақоид бигӯяд, маъолими динро бигӯяд, мавъиза кунад, мардумро ба ҳалолу ҳаром огоҳ кунад, масолеҳи дин ва дунёи мардумро бигӯяд. Мардум ба ҳар ҳол аз баракати Ҳусайн ибни Алӣ омодаанд. Ин дигар бастагӣ дорад ба ин ки гӯянда шоистагии баёни ин ҳақоиқро дошта бошад ё надошта бошад.
Ҳоло, ки ин ҷур аст, пас бояд дар бораи ин қазия фикр кард ва нақоиси онро ислоҳ кард, ҳам аз ҷанбаи марсияхонӣ ва ҳам аз ҷанбаи иршод ва ҳидояти мардум.
Идома дорад…
Қаламонлайн